Ноҳияи Ваҳдат: Тафовут байни таҳрирҳо
Sangjinhwa (баҳс | ҳисса) хNo edit summary |
DarafshBot (баҳс | ҳисса) х r2.7.2) (робот илова карда истодааст: fa:ناحیه وحدت |
||
Сатри 132: | Сатри 132: | ||
[[en:Vahdat District]] |
[[en:Vahdat District]] |
||
[[es:Distrito de Vahdat]] |
[[es:Distrito de Vahdat]] |
||
[[fa:ناحیه وحدت]] |
|||
[[pnb:ضلع واہدت]] |
[[pnb:ضلع واہدت]] |
||
[[ru:Вахдатский район]] |
[[ru:Вахдатский район]] |
Нусха 15:42, 8 августи 2012
Ноҳияи Ваҳдат | |
---|---|
Донистаниҳо | |
Кишвар : | Тоҷикистон |
Вилоят : | Ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ |
Марказ: | Ваҳдат |
Замони таъсис : | 17 сентябри соли 1927 |
Раиси ноҳия: | |
Ҷуғрофиёи табиъӣ | |
Паҳноварӣ : | 3987,29 км² |
Шумораи шаҳракҳо : | 1 |
Шумораи ҷамоатҳо : | 10 |
Мардум | |
Аҳолӣ (2007) : | 182 553 кас |
Забони расмӣ : | тоҷикӣ |
Забонҳои гуфторӣ : | тоҷикӣ |
Мазҳаб : | ҳанафӣ |
Нишониҳо | |
Сарвожа : | KR |
ISO-намоя : | TJ.RR.KR |
Пешшумора : | +992 3136 |
Нишонии почта : | 737450 |
Замон : | UTC+5 |
Вебгоҳ : | .tj |
Шумораи мошинҳо : | 01РТ |
Ноҳияи Ваҳдат (форсӣ: ناحیۀ وحدت) — яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар кишвари Тоҷикистон аст.
Ин ноҳия 17 сентябри соли 1927 бо номи ноҳияи Янгибозор дар таркиби вилояти Сталинободи ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта ва дар апрели соли 1936 ноҳияи Орҷоникидзеобод номида шуд.
Бар асоси Қарори № 476 Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз 25 декабри соли 1991 ноҳияи Кофарниҳон номида шуд. Бар асоси Қарори № 389 Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 2003 ноҳияи Ваҳдат номида шуд.
Маркази ин ноҳия шаҳраки Ваҳдат аст ки 21 км ғарбтар аз шаҳри Душанбе дар канори рӯди Кофурниҳон ҷойгир аст.
Ҷойгоҳ
Ноҳияи Ваҳдат бо сарзамине 3987,29 км² дар водии Ҳисор ҷой дорад. Аз сӯи ғарб ба канораҳои шарқии шаҳри Душанбе мепайвандад. Дараи Ромит, ки бахше аз ин ноҳия аст, осоишгоҳҳову созаҳои тафреҳӣ ва кӯҳнавардӣ, чашмаҳои оби маъданӣ ва сулфур дорад.
Ноҳияи Ваҳдат дар шимол бо ноҳияи Айнии вилояти Суғд, дар ғарб — бо ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Роғун ва Файзобод, дар шарқ — бо ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҷануб — бо ноҳияҳои Норак ва Ёвони вилояти Хатлон ҳаммарз аст.
Аз шимолу шарқи ноҳияи Ваҳдат ба ҷанубу ғарби он рӯди Кофарниҳон мегузарад.
Мардум
Ин ноҳия дар январи соли 2008 182 ҳазору 553 тан бошанда дошт.
Бахшбандӣ
Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Ваҳдат 1 шаҳр - Ваҳдат ва 10 ҷамоат дорад[1]:
Ҷамоатҳои ноҳияи Ваҳдат | |||||||||||
Ҷамоат | Аҳолӣ | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
шаҳри Ваҳдат | 29682 | ||||||||||
А. Абдулвосиев | 14263 | ||||||||||
Баҳор | 22258 | ||||||||||
Б. Бурунов | 25513 | ||||||||||
Дӯстӣ | 15524 | ||||||||||
Гулистон | 17178 | ||||||||||
Ромит | 10338 | ||||||||||
Р. Исмоилов | 23131 | ||||||||||
Симиганҷ | 24249 | ||||||||||
Чорсӯ | 2871 | ||||||||||
Чӯянгарон | 13070 |
Ҳукумат
Сарвари ноҳияи Ваҳдат Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Ваҳдат - Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Ваҳдат ба муддати 5 сол интихоб мешавад.
Пайнавиштҳо
- ↑ List of Jamoats. UN Coordination, Tajikistan. 7 июни 2010 санҷида шуд.