Вен
Деҳа | |
---|---|
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Суғд |
Ноҳия | Панҷакент |
Ҷамоат | Деҳоти Вору |
Координатаҳо | 39°21′ с. ш. 68°01′ в. д.HGЯO |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Аҳолӣ | 504 нафар (2017) |
Ҳайати миллӣ | тоҷикон |
Ҳайати динӣ | мусулмонон |
Вақти минтақавӣ | UTC+5 |
Коди телефон | +992 3475 |
Коди мошин | TJ02 |
Вен — деҳа дар ҷамоати деҳоти Воруи ноҳияи Панҷакент. Аз Вен деҳа маркази ҷамоат 25 км, то маркази шаҳр 60 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 504 нафар (2017), тоҷикон.
Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]
Мактаби таҳсилоти миёнаи асосӣ, маркази саломатӣ ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ, зироаткорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз чашмаи Вен обёрӣ мешаванд. Вен аз қадимтарин деҳоти ҷамоат буда, зиёда аз 800 сол арзи ҳастӣ дорад. Манзараи зебо ва чашмаҳои зиёд дорад. «Вен» калимаи суғдӣ буда, маънояш марғзор аст. Нишонаи таърихии деҳа арчаест, ки давродавраш 5,5 м мебошад. Инчунин дар деҳа масҷиде вуҷуд дорад, ки бо ташаббуси Ниёзи Кончӣ бунёд шудааст. Вен дар доманаи кӯҳи Ҳамид ҷойгир шуда, ба қаторкӯҳҳои Фон тааллуқ дорад.
Шахсиятҳои маъруфт[вироиш | вироиши манбаъ]
Докторони илм Самеъ Расулов (саратоншинос) ва Махсатилло Исмоилов аз ҳамин деҳа мебошанд.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
- Вен // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2013. — 332 с. — ISBN 978-99947-33-54-5