Мазори Шариф (деҳа)
Деҳа | |
тоҷикӣ: Мазори Шариф | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Суғд |
Ноҳия | Панҷакент |
Ҷамоат | Деҳоти Лоиқ Шералӣ |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1474 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонон |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3475 |
Мазори Шариф — деҳа дар ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии ноҳияи Панҷакент. Аз Мазори Шариф то маркази шаҳр 33 км. Дар ҳудуди совхози «Марғедар» ҷойгир аст. Мактаб, клуб, пункти тиббӣ, мағоза дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — боғу токдорӣ. Заминҳо аз чашмаи Сари Об обёрӣ мешаванд. Дар деҳа мақбараи Муҳаммади Башоро (асрҳои XI – XIV) воқеъ аст[1]. Зодгоҳи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ (1941-2000)[1].
Аҳолӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аҳолиаш 1474 нафар (2017), тоҷикон. Дар соли 1905 130 хоҷагӣ дошта, дар онҳо 375 мард ва 238 зан зиндагӣ мекарданд. Дорои 3 мактаб буд[1].
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар соли 1905 ба Империяи Русия, кишвари Туркистон, вилояти Самарқанд, уезди Самарқанд, участкаи Панҷакент, волости Кштут, ҷамоати деҳавии Мазори Шариф дохил буд.
Бо қарори аз 26 сентябри соли 1942 аз ҳисоби хурдкунии ноҳияи Панҷакент ноҳияи Колхозчиён бо марказаш дар деҳаи Мазори Шариф ташкил карда шуд. Ба ҳайати он шӯрои қишлоқҳои Фороб, Моғиён, Шуроб, Шинг, Кулялинг, Колхозчиён, Ворӯ ворид шуданд[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Всё о Таджикистане - Деха Мазори Шариф. tojkiston.ucoz.ru. 13 августи 2022 санҷида шуд.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2013. — 332 с. — ISBN 978-99947-33-54-5