Шамохӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Шамахӣ)
Шаҳр
Шамохӣ
озарбойҷонӣ: Şamaxı
Акс:File:Montage of Şamaxı 2019.jpg
40°38′02″ с. ш. 48°38′21″ в. д.HGЯO
Кишвар Озарбойҷон
Таърих ва ҷуғрофиё
Аввалин номбарӣ асри II
Масоҳат
  • 6 км²
Баландии марказ 709 ± 0 м
Минтақаи замонӣ UTC+4
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Забони расмӣ озарбойҷонӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 994176
Шамохӣ дар харитаи
Шамохӣ
Шамохӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Шамохӣ (озарбойҷонӣ: Şamaxı) — шаҳрест дар Озарбойҷон, маркази маъмурии ноҳияи Шамохӣ.

Он дар доманакӯҳҳои ҷанубу шарқии Қафқози Бузург дар баландии 800 метр аз сатҳи баҳр, дар роҳи БокуТифлис, дар масофаи 122 км ғарбтар аз Боку ва в 72 км дар шимолу шарқи истгоҳи роҳи оҳани Курдамир ҷойгир аст.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Кофтуковҳои археологӣ, ки дар қисми шимолу ғарбии Шамохӣ[2] гузаронида шудаанд, як маҳалли истиқоматиро, ки ба асрҳои VIV пеш аз милод тааллуқ дорад, кашф карданд.[3] Шамохӣ ҳамчун шаҳри Албанияи Қафқозӣ аз ҷониби Батламиюс (асри II) бо номи Кемахей ё Мамахей зикр шудааст. Боқимондаҳои Шамохии қадим дар ғарби шаҳри муосир ҷойгиранд ва масоҳати зиёда аз 50 га ташкил медиҳанд. Дар ин ҷо, як шаҳраки аввали асри биринҷӣ, садаи IV пеш аз милод пайдо шуда бо суръат рушд намуда, хусусиятҳои шаҳрӣ ба даст овард. Дар ибтидои асри X шаҳр пойтахти Давлати Шервоншоҳон гардид. Дар асри XII, бо ташаббуси дорусози маъруф ва духтур Кефойиддин Умар ибни Усмон (амаки шоири форс Хоқонии Шервонӣ) мактаби тиббӣ таъсис дода шудааст, ки дар он, ҳамчунин бо омӯзиш, омӯзиши хосиятҳои шифобахши рустаниҳои доруворӣ ва табобат бо ёрии онҳо гузаронида мешуданд [4].

Соли 1222, пас аз муҳосираи тӯлонӣ Шамохӣ аз ҷониби муғулҳо забт ва нобуд карда шуд. Шаҳр дар асари беноми форсии ибтидои асри XIII "Аҷойиб ад-Дунё" зикр шудааст.

Соли 1712 дар робита бо шӯриши лезгинҳо ва дигар халқҳои кӯҳистон Шамохиро ғорат карданд [5]. Ҷойгоҳи ҷуғрофии шаҳр дар пайвастшавии роҳҳои тиҷоратӣ, шумораи зиёди ҳамлаҳои низомӣ ва ғоратгариҳои зидди Шамохиро, ки халқҳои ҳамсоя ва лашкари дигар хонигариҳо анҷом дода буданд, пешгӯӣ кард, ва боиси ғорат ва харобӣ гардид. Соли 1721 ба Шамохӣ лашкари пешвои лезгиниён Ҳоҷӣ Довуд Мушкурӣ ҳамла кард, савдогарони рус, ки дар он ҷо буданд, кушта шуданд ва ба тоҷирони абрешим зарари калон расонданд [6]. Арманиҳо, ки шумораи онҳо дар шаҳр хеле зиёд буд, ба ҳамлаҳо ва ғоратгариҳои доимӣ дучор меомаданд, бо фармони Ҳоҷӣ Довуд, ҳамаи арманиҳо дар якҷоягӣ бо яҳудиён бояд дар сари синаашон аломати фарқкунандаи зард медоштанд, то мусалмонон онҳоро истиқбол накунанд. Натиҷаи ин амал, водор намуд, ки подшоҳи Имперотурии Русия Пётри I ҳамлаи форсии хешро дар солҳои 1722-1723, пеш гирад.[7] Соли 1734, шощи Эрон, Нодиршоҳи Афшор шаҳрро хароб карда, сокинонашро ба ҷои дигар интиқол дод, аммо дере нагузашта шаҳр дар ҷои куҳна эҳё шуд.

Аз соли 1742, баъди марги Нодиршоҳ, Шамохӣ пойтахти давлати Шервоншоҳон гардид. Дар соли 1805 хони Шервон Мустафо Хон тобеъияти Русияро қабул кард ш. Тобеъияти давлати Шервоншоҳон ба Русия дар 1805 аз ҷониби паймони сулҳи Гулистон аз соли 1813 тасдиқ карда шудааст. Соли 1820 маъмурияти Русия маъмурияти Хониро дар Шервон иваз кард. Дар давраи аз 1840 то 1846, маркази маъмурии минтақаи Каспий, сипас то соли 1859 - губернияи Шемаха буд. Пас аз зилзилаи харобиовар, ки 2 декабри соли 1859 рух дод, маркази губернаторӣ ба шаҳри Боку кӯчид, ва пас аз он Шамохӣ аз нав маркази маъмурии уезди Шамохӣ дар ҳудуди губернияи Боку гардид.

Миниётураи асри XV аз Шамохӣ

Шаҳр маконест, ки файласуфон, меъморон ва олимони маъруфи Озарбойҷон (Собир, Насимӣ) ва забони форсӣ (Хоқонии Шервонӣ) буд ва онҳо зодгоҳашонро машҳур намудаанд.

Дар тӯли муддати тӯлонӣ Шамохӣ яке аз нуқтаҳои муҳим дар тамоми роҳи бузурги абрешим буд. Шаҳр муддати тӯлонӣ яке аз марказҳои мактаби меъмории Шервон-Абшерон ва мактаби санъати ороишӣ ва амалӣ (қолинбофӣ) ва минётура буд. Шамохӣ, ки дар чорроҳаи роҳҳои корвонгузар ҷойгир буд, яке аз калонтарин марказҳои тиҷорат ва ҳунармандӣ дар Шарқи Наздик буд ва дар тиҷорати абрешим ҷойгоҳи муҳимро ишғол мекард. Ҳанӯз дар асри XVI муносибатҳои тиҷоратии байни Шамохӣ ва тоҷирони Венетсия зикр шуда буданд [8]. Тоҷирони Озарбойҷон, Эрон, Хилофати Араб, Осиёи Миёна, Русия, Ҳиндустон ва Аврупои Ғарбӣ, дар ин ҷо анборҳои мол доштанд ва дар Шамохӣ тиҷорат мекарданд, корхонаҳои сершумори бофандагӣ, коғазтобӣ ва қолинбофӣ низ буданд.

5 июни соли 2010 дар Шамохӣ муҷассамаи сарбози турк кушода шуд. Дар муҷассама мисраҳо аз шеъри Б. Ваҳҳобзода "Танҳо мазор» навишта шудаанд. Муҷассама ба ифтихори афсари Артиши Исломии Қафқоз гузошта шудааст [9].

Ҷуғрофия[вироиш | вироиши манбаъ]

Шаҳр дар баландии 800 метр аз сатҳи баҳр дар қисми ҷанубии Кафқози Бузург, дар ҳавзаи доманакӯҳ, ки дар иҳотаи кӯҳҳҳо дар водии дарёи Пирсагат ҷойгир аст. Дар ҷануб дарёҳои Зогалавай, дар шарқ Пирсагат ҷорӣ мешаванд. Шаҳрро кӯҳҳо иҳота кардаанд: аз шимол - Бинаслӣ ва Гушган, аз шимолу ғарб - Пирдиреки ва Гулистон-Гизгаласи ва аз ғарб - кӯҳи Мейсерӣ. Ин кӯҳҳо охири қаторкӯҳи хурд аст, ки то дарёи Ахсу тул мекашад.

Ноҳияи Шамохӣ аз ҷангалзорҳо ва марғзорҳои кӯҳӣ бой аст, ки дар минтақаи намии мӯътадил ҷойгиранд. Қисми зиёди ин ноҳия минтақаи осоишгоҳӣ буда, чашмаҳои сершумори кӯҳӣ мебошанд, ки ин шаҳрро барои ҷалби сармоягузорӣ ба туризм ҷолиб менамояд.

Аҳолӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1607, ба гуфтаи роҳибони кармелит, ки ба шаҳр ташриф овардаанд, аҳолӣ аз туркҳои озарбойҷонӣ ва арманиҳо иборат буд [10]. Дар солҳои 1670-ум сайёҳи испанӣ Педро Куберо Себестян менависад, ки сокинони Шамохӣ форсҳо, арманиҳо ва гурҷиҳо буданд. Аммо, дар ин давра мафҳуми "форсҳо" маънои туркзабононро низ дошт [11].

Тибқи гуфтаи сайёҳи англис Ҷон Белл, дар соли 1715 забони маъмул барои сокинони шаҳр туркии озарбойҷонӣ буд, аммо ашрофони шаҳрӣ ба забони форсӣ ҳарф мезаданд, шумораи зиёди гурҷиён ва арманиҳо низ буданд.

Мувофиқи луғати энсиклопедии Брокхауз ва Эфрон, дар охири асри XIX дар Шамохӣ 20 008 нафар (10.450 мард ва 9 558 зан) зиндагӣ мекарданд: Озарбойҷониҳо (дар луғат - "Тоторҳои Озарбойҷон") - 79%, Арманиҳо 18%, Русҳо 3 %. 79% аҳолӣ мусулмонон буданд, ки тақрибан 22%-ро сунниҳо, боқимондаро шиаҳо ташкил мекарданд; боқимонда 21% масеҳиён буданд (апостолии арманӣ ва православӣ) [7]. Аҳолии маҳаллӣ асосан ба истеҳсоли шароб, чорводорӣ, қолинбофӣ машғул буданд.

Мувофиқи барӯйхатгирии аҳолии умумииттифоқии соли 1989, дар Шамохӣ 24 681 нафар зиндагӣ мекарданд [12]. Дар аввали соли 2010 аҳолии шаҳр 31 704 нафар аҳолиро ташкил медод.

Биноҳои динӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Тибқи "Тақвими Кавказӣ" соли 1856, дар шаҳр 3 калисои русӣ-православӣ (дутои он, ҳамон замон ҳанӯз ба итмом нарасида буданд), 2 маъбади калисои апостолии арманӣ, 8 масҷиди суннӣ ва 7 масҷиди шиа мавҷуд буданд [13]

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Шамохӣ, ки аз замонҳои қадим ҳамчун яке аз марказҳои қолинбофии Озарбойҷон шуҳрат дошт, то имрӯз фабрикаи қолинбофӣ фаъолият мекунад. Бо назардошти иқлими мусоид барои токпарварӣ саноати шароб рушд карда истодааст, азнавсозии пурраи корхонаи шароб ва арақ ба нақша гирифта шудааст. Дар натиҷаи қабули "Барномаи давлатии рушди минтақаҳои Озарбойҷон", дар Шамохӣ корхонаҳои нави истеҳсолӣ кушода шуданд: корхонаи муштараки эрониву озарбойҷонӣ оид ба ҷамъоварии мошинҳои сабукрави "Азсаманд", корхонаи истеҳсолӣ таҷҳизоти электронии хонаводагӣ [14]. Дар доираи лоиҳаи "Шамохии электронӣ" дар Шамохӣ бо истифода аз бастаи алоқаи системаи NGN стансияи нави автоматии телефон насб карда шуд [15]. Моҳи ноябри соли 2009 як маркази нави ташхисӣ ва табобатӣ ба истифода дода шуд [16]. Роҳи автомобилгарди Боку-Шамохӣ бо дарозии 112 км пурра азнавсозӣ шудааст [17].

Шахсиятҳои машҳур[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Аббоси Сиҳат шоир, драматург, тарҷумони Озарбойҷон.
  • Абелян, Ованес Артемевич - актёри арманӣ.
  • Ализода, Алӣ Ашраф Абдулҳусейн оғли - олим ва омӯзгори шӯравӣ ва озарбойҷонӣ, профессор, доктори илмҳои геологӣ ва минералӣ, академики Академияи илмҳои ҶШС Озарбойҷон (1945).
  • Ғанизода, Султон Маҷид - нависанда- мураббии озарбойҷон, драматург.
  • Имададдин Насимӣ (яке аз ҷойгоҳҳои таваллудшуда) - шоир ва тасаввуфи озарбойҷони асрҳои XIV-XV.
  • Муҳаммад Ҳодӣ - шоири Озарбойҷон.
  • Собир, Мирзо Алекпер - шоир-ҳаҷвнигори Озарбойҷон.
  • Тихенко, Сергей Иванович - олими шӯравии укроинӣ.
  • Шерванзода, Александр Минасович - нависанда ва драматурги арманӣ.
    • Оға Масиҳи Шервонӣ шоири озарбойҷонии асри XVIII мебошад.
    • Бадр Ширвани[az] - шоири форсест ки асрҳои XIV-XV зиндагӣ кардааст.
    • Ҳоҷӣ Зейналабдин Шервонӣ - олим, ҷуғроф ,сайёҳ, муаррих, этнограф, файласуф, адабиётшинос ва шоири озарбойҷонист.
    • Ҳоҷӣ Муҳаммад Алии Ширвонӣ - олим, сайёҳ, муаррих, файласуф, маорифпарвар ва шоири озарбойҷонист.
    • Сайид Азим Шервонӣ - шоир ва маорифпарвари Озарбойҷон.
    • Нишоти Шервонӣ - шоири озарбойҷонии нимаи аввали асри XVIII.
    • Фалаки Шервонӣ - шоири форсест ки дар нимаи аввали асри XII зиндагӣ кардааст.
    • Хоқонии Шервонӣ - шоир ва мутафаккири асри 12.
    • Шокир Ширвонӣ - шоири озарбойҷонии асри XVIII.

Нигористон[вироиш | вироиши манбаъ]

Бародаршаҳрҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

См. инчунин[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Масҷиди Ҷумъа (Шамохӣ)
  • Расадхонаи астрофизикии Шамохӣ
  • Епархияи Шамохӣ
  • Маркази олимпии Шамохӣ

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. http://pop-stat.mashke.org/azerbaijan-cities.htm
  2. Атлас мира / гл. ред. С. И. Шуров. — 2-е изд. — М. : Главное управление геодезии и картографии при Совете Министров СССР, 1967. — С. 161. — 25 000 экз.
  3. Шемаха // Словарь современных географических названий
  4. Х. О. Алимирзоев. Азербайджанский государственный университет за пятьдесят лет: исторический очерк. — B.: Азербайджанский государственный университет, 1969. — С. 8.
  5. «Словарь русского языка XVIII в.» Лезгины
  6. Есаи Хасан-Джалалян. Краткая история страны албанской. — Баку. 1989
  7. 7.0 7.1 Шемаха // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.
  8. The Columbia Encyclopedia. Sixth Edition, 2008. Shemakha.
  9. APA — Состоялось открытие памятника одинокому турецкому солдату в Шамахе(пайванди дастнорас — таърих). 6 июни 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 июни 2010.
  10. Willem Floor and Hasan Javadi, The Role of Azerbaijani Turkish in Safavid Iran, стр. 570
  11. Willem Floor and Hasan Javadi, The Role of Azerbaijani Turkish in Safavid Iran,
  12. Демоскоп Weekly — Приложение. Справочник статистических показателей.
  13. Кавказский календарь на 1856 год. — Тифлис, 1855. — стр.272
  14. Обзор рынка автомобильного транспорта в Азербайджане, 2006—2007 гг. Бойгонӣ шудааст 4 марти 2016  сол.www.export.by
  15. ИА «Регнум». В Азербайджане реализуют проект «Электронная Шемаха». 27.08.2007.www.regnum.ru
  16. ИА «Region+». Начался визит президента Азербайджана в Шемахинский район. 26.11.2009. Бойгонӣ шудааст 11 Январ 2012  сол.www.regionplus.az
  17. Открылась дорога Баку-Шемаха Бойгонӣ шудааст 30 ноябри 2009  сол.www.news.bakililar.az
  18. Шемаха и Тират-Кармель стали городами-побратимами