Jump to content

Ноҳияи Деваштич

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ноҳияи маъмурӣ
Ноҳияи Деваштич
Ноҳияи Деваштич
39°57′32″ с. ш. 69°08′13″ в. д.HGЯO
Кишвар  Тоҷикистон
Тобеъи Вилояти Суғд
Шомили 1 шаҳрак, 7 ҷамоат
Маркази маъмурӣ Ғончӣ
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 5 декабри 1929
Масоҳат 1588,7 км² км²
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 182100[2] нафар (2022)
Миллият тоҷикон ӯзбекон
Мазҳаб мусулмонон-сунниҳо
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Сарвожа GA
Рамзи ISO 3166-2 TJ.SU.GA
Коди телефон +992 3464
Нишонаи почта 735620
Домени интернет tj
Коди мошинҳо 02 TJ
Ноҳияи Деваштич дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ноҳияи Деваштич (форсӣ: ناحیۀ دوشتچ‎) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Суғд аст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 29 аз 2 феврали соли 2016 ва Қарори Маҷлиси Миллии МО Ҷумҳурии Тоҷикистон № 204 аз 3 марти соли 2016 ноҳия номашро ба ноҳияи Деваштич иваз намудааст.[3]. Маркази ин ноҳия шаҳраки Ғончӣ (форсӣ: غانچی‎) аст. Аҳолӣ 154 300 тан, асосан тоҷикҳо ва ӯзбекҳо. Масоҳат — 1588,7 км². Маркази ноҳия 66 км ҷанубтар аз шаҳри Хуҷанд ва 263 км дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

Ноҳияи Деваштич бо сарзамине 1588,7 км² дар миёни кӯҳсори Туркистон ва водии Фарғона ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияҳои ноҳияи Зафаробод ва ноҳияи Спитаман, дар ғарб бо ноҳияҳои ноҳияи Истаравшан ва ноҳияи Шаҳристон, дар ҷануб бо ноҳияҳои ноҳияи Айнӣ ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз бахшҳои вилояти Суғд ҳамсоя ва дар шарқ бо ноҳияи Лайлак аз бахшҳои вилояти Бодканди Қирғизистон ҳаммарз аст.

Ин ноҳия 5 декабри 1929 дар бахше аз вилояти Хуҷанд дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Дар тӯли мавҷудияти худ ин ноҳия ду бор бо ноҳияи Истаравшан муттаҳид ва ҷудо шудааст. Собиқ ноҳияи Ғончӣ 3 марти соли 2016 дар асоси Қарори Маҷлиси Миллии МО Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 204) номашро ба ноҳияи Деваштич иваз намудааст.

Мардуми ноҳияи Деваштич ба забонҳои тоҷикӣ ва узбекӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2015, ноҳияи Деваштич 154 300 тан ҷамъият дошт[4].

сол 2014 2015 2019 2020
шумора
(ҳаз. нафар)
150,5 154,3 169,6 173,5

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Деваштич 1 шаҳрак ва 7 ҷамоат дорад[5]:

Ҷамоатҳои ноҳияи Деваштич [6]
Ҷамоат Аҳолӣ
Ғончӣ, шаҳрак 10502
Далёни боло 16298
Ғазантарак 13359
Исмоили Сомонӣ 9839
Муҷун 18194
Ваҳдат 23407
Росровут 11530
Яхтан 10621

Сарвари ноҳияи Деваштич Раиси Ҳукумати он аст, ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Деваштич Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Деваштич барои 5 сол интихоб мекунанд.

Ноҳияи Деваштич 5 корхонаи саноатӣ, 564 хоҷагии кишоварзӣ, аз ҷумла 514 хоҷагии деҳқонӣ дорад. Ҳаҷми умумии заминҳои корами ноҳия 43 142 га, аз ҷумла 14 228 га замини обӣ аст. Маҳсули аслии кишоварзии ноҳия сабзавот, ғалла ва качолу аст.

Маориф ва фарҳанг

[вироиш | вироиши манбаъ]