Робиаи Балхӣ
форсӣ: رابعه بلخى | |
Таърихи таваллуд: | асри X |
Зодгоҳ: | |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, нависанда |
Жанр: | рубоӣ |
Забони осор: | форсӣ |
Робиа бинти Каъби Қуздорӣ (ар. رابعة بنت کعب القزداري), маъруф ба Робиаи Балхӣ (форсӣ: رابعه بلخى; асри X, Балх, вилояти Балх — Балх, вилояти Балх[1]) — нахустин шоири зани порсигӯйи ҳамдавра бо Сомониён ва Рӯдакӣ. Ӯ ҳам ба форсӣ ва ҳам ба арабӣ шеър сурудааст.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ӯ дар Балх дунё омада, бо Рӯдакӣ ҳамаср буд ва бо номаҳо додугирифт мекард. Робиа дар ҳусну ҷамол, фазлу камол, зехни тез ва қудрати шоирӣ ба форсӣ, дарию арабӣ машҳур буд. Уро дар чавонӣ бо гуноҳи ишқ бародараш дар ҳамом буғ карда мекушад.
Робиа ба Бектош, ки гуломи бародараш буд, дил баст. Саргузашти шурангези Робиаи Балхӣ бисёр адибонро ба илхом овардааст. Шоири бузург Аттор (асри ХIII), Ризокулхони Хидоят (асри ХIХ) ва чанд нависандаи Тоҷикистону Афғонистони замони мо дар бораи ӯ асарҳои бадеӣ навиштаанд.
Робиа духтари Каъби Қаздорӣ аввалин суханварест аз ҷумлаи занон, ки номи ӯ дар радифи шоирони форсигӯй зикр шудааст. Ӯ аз муосирони Рӯдакӣ буд. Шайх Аттор дар маснавии «Илоҳинома» достоне аз зиндагии ӯ нақл кардааст, ки беасос буданаш ба ҳақиқат наздиктар менамояд, вале мазмунаш ғазалҳои шӯрангезу равони Робиаро тавзеҳ медиҳад.
Ба гуфтаи Аттор Робиа духтари ҳокими Балх буд. Баъди марги падар бародари бузургаш Ҳорис ӯро сарпарастӣ мекард. Робиа ба Бектош ном ғуломи бародараш ошиқ шуд ва дар ишқи ӯ шеър мегуфт. Вақте ки асрори ошиқон фош гардид, бо фармони Ҳорис Робиаро дар ҳаммоми тафсон андохта, раги хунашро буриданд ва ӯ ҳалок шуд. Ризоқулихони Ҳидоят ҳам дар ин мавзӯъ манзумае ба номи «Гулистони Ирам» навиштааст.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Робиа асосан дар сурудани ашъори ошиқона устод буда, шеърҳои ишқии Рудакиро сармашқи худ қарор медодаст. Мегуянд, ки Робиа дар ҳамом вақти мурдан сари ангушташро хуншор намуда, ба девори ҳамом шеърхо навишт, ки ҳама ошиқона ва пур аз сузу гудоз ва дарду ҳасрат буданд: Аз Робиа 7 ғазал, 4 дубайтӣ ва 2 фардбайт боқӣ мондааст.
Ёддошт
[вироиш | вироиши манбаъ]Нахустин маҳфили фарҳангие роҷеъ ба ҳаёту осори Робиаи Балхӣ дар Тоҷикистон, шоирону нависандагон ва олимону коршиносон ва алоқамандони ӯро аз Афғонистону Эрон ва Тоҷикистон гирди ҳам овард. Ҳамоиши байналмилалии бузургдошти Робиаи Балхӣ, нахустин бонуи порсигӯй, бо ин суханони пурҷаззоби Гулрухсор Сафиева, шоираи маъруфи тоҷик оғоз гардид:
«Чанд шеъре, ки аз Робиаи Балхӣ мондааст, дар пояи баландтарини шеъри форсӣ эҷод шудааст. Ҳатто рубоие, ки Робиа навиштааст, ба сатҳи рубоии Рӯдакӣ баробар аст. Ман фикр мекунам, ҳамоиши Душанбе ба ифтихору муносибати чанд Робиа, Робиаи мазлум, Робиаи бегуноҳ кушташуда, Робиаи шаҳид, Робиае, ки суханашро ба мо гуфтааст, аммо то ҳол барнагардондаем ва Робиае, ки бояд кашф карда шавад, сурат мегирад»
Муҳаммадбоқири Иштиҳодӣ, намояндаи сафорати Эрон, бар ин назар аст, ки бо вуҷуди он, ки аз Робиаи Балхӣ мероси хеле каме боқӣ мондааст, аммо ҳамнавоӣ бо Абуабдуллои Рӯдакӣ, падари шеъри порсӣ, ба ашъори ӯ ширинӣ ва шур офаридааст ва дар боби эҷодиёти Робиаи Балхӣ чунин гуфт:
"Робиаи Балхӣ дар замони Рӯдакӣ зиста ва ҳамнаво бо ӯ шеър сурудааст ва бо ишқу зебогии худ ширинӣ ва шӯр офаридааст. Ҳамон ки шайх Аттор дар бораи шеъраш мегӯяд:
- «Чунон дар шеър гуфтан хушзабон буд,
- Ки гӯи аз лабаш тамъе (шаҳде) дар он буд»
Намунаи ашъор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Фишонд аз савсану гул симу зар бод,
- Зиҳӣ боде, ки раҳмат бод бар бод!
- Бидод аз нақши Озар сад нишон об,
- Намуд аз сеҳри Монӣ сад асар бод.
- Мисоли чашми Одам шуд магар абр,
- Далели лутфи Исо шуд магар бод.
- Ки дур борид ҳар дам дар чаман абр,
- Ки ҷон афзуд хуш-хуш дар шаҷар бод.
- Агар девона абр омад, чаро пас
- Кунад арза сабӯҳӣ ҷоми зар бод?
- Гули хушбӯй, тарсам, оварад ранг
- Аз ин ғаммоз субҳи пардадар бод.
- Барои чашми ҳар ноаҳл гӯӣ
- Арӯси боғро шуд ҷилвагар бод.
- Аҷаб чун субҳ хуштар мебарад хоб,
- Чаро афганд гулро дар саҳар бод?
- Ишқи ӯ боз андаровардам ба банд,
- Кӯшиши бисёр н-омад судманд.
- Ишқ дарёе каронанопадид,
- Кай тавон кардан шино, эй ҳушманд.
- Ишқро хоҳӣ, ки то поён барӣ,
- Баски бипсандид бояд нописанд.
- Зишт бояд диду ангорид хуб,
- Заҳр бояд хӯрду ангорид қанд.
- Тавсанӣ кардам, надонистам ҳаме,
- К-аз кашидан сахттар гардад каманд.
- Ҳаргиз рӯзе ба банда парво-т набуд,
- В-андешаи ин бедили шайдо-т набуд.
- Хурдем зи ту хуну нахӯрдӣ ғами мо,
- Дар пои ту мурдему сари мо-т набуд.
Ёдгориҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Филми «Робиаи Балхӣ» — бо студиаи «Назирфилм» ва муассисаи давлатии филмсозии «Афғонфилм» дар соли 1973 милодӣ тавлид шуда буд
- Нимпайкари Робиаи Балхӣ дар назди даромадгоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон қарор дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 (unspecified title) — С. 60.
- ↑ https://www.loc.gov/exhibits/thousand-years-of-the-persian-book/women-writers.html
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ.-Сталинобод,1958:
- Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ.-Душанбе: Адиб,2007;
- Мудаббири М.Шарҳи аҳвол ва ашъори шоирони бедевон дар қарнҳои 3,4,5-и ҳиҷрӣ.-Теҳрон,1370;
- E.G. Browne: Literary History of Persia. (Four volumes, 2,256 pages, and twenty-five years in the writing). 1998. ISBN 0-7007-0406-X(англ.)
- Jan Rypka: History of Iranian Literature. Reidel Publishing Company. 1968 OCLC 460598. ISBN 90-277-0143-1(англ.)