Jump to content

Иқома

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Иқомат)

Иқомат (ар. إِقَامَة‎ дуюм, пас аз азон, даъват ба намоз, пеш аз хондани намози фарз. Иқома гуфтан аз намозҳои фарзӣ (суннат) аст.

Калимаҳои дар иқома талаффузшуда тақрибан бо азон якхелаанд, магар ин ки пас аз вожаҳои “ҳайя ала-л-фалаҳ” (шитоб кунед ба наҷот) вожаҳои “қад қомати-с-салату” (ар. قَدْ قَامَتِ ٱلصَّلَاةُ‎ — вақти намоз аст‎.[1]

Аҳли суннат иқомаро зуд мехонанд ва бар хилофи азон калимаҳоро ду бор такрор намекунанд. Истисно калимаҳои «Аллоҳу Акбар» ва «қад қомату-с-салату» мебошанд. Дар мазҳаби Ҳанафӣ иқомат ҳам ба гунаи азон хонда мешавад, ба истиснои талаффузи дукаратаи вожаҳои «қад қомату-с-салату».[1]

Хондани иқома дар аввали намозҳои фарз, аз ҷумла намози ҷумъа барои мардон матлуб (суннат) аст; дар мазҳаби ҳанафӣ хондани иқомат аз ҷониби занон номатлуб маҳсуб мешавад ва дар мазҳаби шофӣ оромона хондани иқомат аз ҷониби занон матлуб аст (суннат) [1] [2] .

  1. 1.0 1.1 1.2 Али-заде, 2007.
  2. Аляутдинов Ш. Азан и икамат(рус.)(пайванди дастнорас — таърих). umma.ru. 24 апрели 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 сентябри 2017.
  • Ализаде А. А. Икама // Исламский энциклопедический словарь. — М. : Ансар, 2007. — С. 323. — ISBN 978-5-98443-025-8. (CC BY-SA 3.0)