Намози шукри вузӯ
Зоҳир
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои: |
Шахсиятҳо
|
Идҳо ва маворид
|
Намози шукри вузӯ — он ду ракъат намозе аст, ки баъд аз таҳорат ва ё ғусл хонда мешавад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Онро дар урфи мардум ва ба қавли баъзе фақеҳон намози шукри вузӯ мегӯянд ва он аз намозе иборат аст, ки пас аз ҳар покӣ – таҳорат ва ё ғусл гузорида мешавад. Ривоят шудааст, ки расули Худо (с) ҳангоми намози бомдод аз Билол пурсид: «Эй Билол, ба ман бигӯ чӣ амали умедбахше дар Ислом анҷом додаӣ, ки ман садои пой(афзор)-ҳоятро пешопеши худ дар ҷаннат шунидам!? Гуфт: Ҳеҷ амале дар назди худ умедбахштар аз ин анҷом надодаам, ки бо ҳар покие дар соате аз шаб ва ё рӯз пок мегаштам, бо он намозе мегузоштам»[1][2].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абдушарифи Боқизода, Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ, Душанбе — 2017