Истисқо
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои: |
Шахсиятҳо
|
Идҳо ва маворид
|
Истисқо ё истимтор (ар. اِسْتِسْقَاء) — намозе аст, ки мусулмонон ҳангоми омадани хушксолӣ ва ё ниёзмандӣ ба об мехонанд ва шодобию сарсабзии табиатро аз боргоҳи Худованд мехоҳанд.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Истисқо ва ё талаби борон дар фарҳанги башарӣ таърихи деринае дорад. Ақвом ва милали пешин тибқи бардоштҳои эътиқодӣ ва гароишҳои динии худ маросими боронхоҳиро ба гунаҳои мухталифе баргузор мекарданд. Пайравони паёмбарони пешин бар асоси таълимоти адёни илоҳӣ аз Худо талаби борон ва шодобии сарзаминҳоро мекарданд ва ақвоми дигар низ онро аз худоёни пиндорӣ ва нерӯҳое, ки ба ақидаи онҳо барои инсон саргаҳи файз буданд, бо тобиши хоссе ба ҳар қавм баргузор мекарданд. Қуръони карим намунаи аслии истисқоро дар таълимоти паёмбарони пешин аз забони Нӯҳ (ъ) бозгӯ мекунад, он ҷо ки мефармояд: «(Ба онҳо) гуфтам: Аз Парвардигоратон истиғфор намоед, ки Ӯ ниҳоят омурзгор (ғаффор) аст, осмон (борон)-ро пуррезиш бар шумо мефиристад ва шуморо бо амволу фарзандон мадад мерасонад ва бароятон боғҳо ва наҳрҳои об фароҳам меоварад»[1].
Истисқо дар фарҳанги исломӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Истисқо дар фарҳанги исломӣ низ бо равиш ва вижагиҳои хоссе баргузор мегардад, ба ин тариқ, ки ҳар гоҳ мусалмонон ба борон ва серобӣ ниёз пайдо кунанд, рӯ ба қибла истода, ба даргоҳи илоҳӣ дуъо ва истиғфор (талаби омурзиши гуноҳон) мекунанд ва фурӯтанона аз Ӯ резиши борон ва серобиро дархост менамоянд.
Намози истисқо назди имом Абӯҳанифа (рҳ)
[вироиш | вироиши манбаъ]Намози талаби борон назди имом Абӯҳанифа (рҳ) маснун аст, вале на ба таври муаккад, яъне дар дараҷаи истиҳбоб қарор дорад. Зеро паёмбар (с) агар гоҳе пас аз баргузории ду ракъат намоз борон, шодобии сарзаминҳо ва эҳёи табиати зиндаро аз Худо талаб мекард, гоҳе ҳам ба дуъо аз болои минбари худ, ба хусус дар рӯзҳои ҷумъа иктифо менамуд. Вақти он ҳамон вақти намози ид – пас аз баромадани офтоб то вақти завол аст.
Намози истисқо дар аҳодиси Паёмбар (с)
[вироиш | вироиши манбаъ]Ривоят шуда, ки марде рӯзи ҷумъа аз даре, ки дар муқобили минбар буд, дохили масҷид шуд ва расули Худо (с) истода хутба мехонд, дар рӯ ба рӯи расули Худо (с) истод ва гуфт: «Эй расули Худо (с), чаҳорпоён ҳалок ва роҳҳо пора шуданд, Худоро дуъо кун, то барои мо бороне бифиристад! Расули Худо (с) дастонашро бардошт ва фармуд: Худоё, моро сероб соз! Худоё, моро сероб соз! Худоё, моро сероб соз! ва дар ривояте: Худоё, бароямон борон бифирист! Худоё, бароямон борон бифирист! Худоё, бароямон борон бифирист!
(Ровии ҳадис) Анас мегӯяд: Ба Худо, дар осмон на пораабре ва на чизе дида намешуд ва дар байни мо то Салъ на хона ва на ҳавлие буд, (ки онро аз мо пӯшида дорад). Аз пушти он абрпорае ба мисли сипар намудор шуд ва чун ба миёнаи осмон омад, паҳн гардид ва борон борид. (Ровӣ) гӯяд: Ба Худо, шаш рӯз офтобро надидем. Он гоҳ аз ҳамон дар (-и масҷид) рӯзи ҷумъаи оянда марде дохил шуд ва расули Худо (с) истода хутба мехонд, дар рӯ ба рӯи ӯ истод ва гуфт: Эй расули Худо (с), молҳо ҳалок ва роҳҳо пора гардиданд, Худоро дуъо кун, то онро боздорад. Гӯяд: Расули Худо (с) дастонашро бардошт ва фармуд: Худоё, перомуни мо, на бар мо, Худоё, бар бешаҳо, кӯҳҳо, теппаҳо, баландиҳо, батни водиҳо ва дарахтзорҳо! Гӯяд: Пас борон бозистод ва берун, ки шудем, дар офтоб мерафтем. Дар ривояти дигар омада: Абрро дидам, ки ба росту чап пароканда гашт, дар ҳоле ки бар мардуми дигар борон меборид ва бар аҳли Мадина намеборид»[2][3].
Метавонанд ба ҷои дуъо ва истиғфор ду ракъат намоз ба ҷо оваранд ва тарзи адои намози истисқо ба ин шакл аст, ки имом ҳамроҳ бо мардум хоксорона ва сарафканда пиёда ба саҳро ё замини ҳамвор баромада, ду ракъат намоз, монанди ду ракъати намози идайн мехонанд. Аммо дар намози истисқо такбироти зиёде, ба монанди такбироти намози ид, вуҷуд надорад ва баъд аз намоз имом рӯ ба мардум гардонида, ду хутба мехонад. Сипас ҳама рӯ ба сӯи қибла оварда, ба дуъо ва истиғфор мепардозанд.
Ривоят шуда, ки паёмбар (с) барои истисқо ба намозгоҳ баромад, пас рӯй ба қибла оварда ба дуъо пардохт ва ридоашро чаппа кард, сипас ду ракъат намоз гузорид, ки дар онҳо қироатро ҷаҳр кард [4][5]. Мустаҳаб аст, ки хабари баргузории намози талаби борон чанд рӯз пештар ба василаи имом ва раиси қавм дар миёни мардум эълон шавад. Абӯдовуд дар ҳадиси дарозе аз Оиша (р) ривоят мекунад, ки фармуд: «Мардум аз қаҳтсолӣ ва беборонӣ ба расули Худо (с) шикоят карданд, фармуд, то дар намозгоҳ барояш минбаре гузошта шавад ва барои мардум рӯзеро ваъда кард, ки дар он хориҷ шаванд...»[6].
Имом дар хутбае, ки пас аз ду ракъат намози талаби борон эрод менамояд, пас аз ҳамду сано бар Худованд ва дуруду салом бар паёмбари акрам (с) мардумро ба тавба, талаби омурзиш аз Худованд, баргардонидани мазолими мардум, рӯза, садақа ва дигар аъмоли нек фаро хонад.
Анҷом додани ин корҳо пеш аз намози талаби борон хуб аст. Зеро фазои иҷтимоии гуноҳолуд, зулму ситам, тарки бандагии Худо ва ғайра заминасози пешомадҳои нохуш, хушксолӣ, обхезию тӯфон, заволи неъмат ва паридани баракат аз зиндагӣ ва дигар фалокатҳо мегарданд. Сазои аъмоли бади одамон вақте муқаррароти дини Ӯро зери по мениҳанд, ба сурати пешомадҳои нохуше дар табиат зоҳир мешавад[7][8][9][10][11].
Аммо он чизе, ки имрӯз баъзе мардум дар чунин ҳолат бо номи «оши пеши мазор» ва ғайра анҷом медиҳанд, аз назари шариат ҷоиз нест ва бар хилофи суннати расули акрам (с) мебошад.
Шарт нест имом дар вақти хутба ҷелак ва ридои худро чаппа бикунад (бипӯшад). Мардум метавонанд намози истисқоро ба сурати танҳогузор низ ба ҷой оваранд, ҷамоат дар он хуб аст, вале шарт нест. Аз равиши амалии расули Худо (с) шаш навъ боронхоҳии он ҳазрат (с) ба субут расидааст:
- Ба намозгоҳ баромада барои талаби борон намоз ва хутба хондааст,
- Рӯзи ҷумъа аз болои минбар дар аснои хутбаи намози ҷумъа барои нузули борон даст бардошта дуъо кардааст,
- Аз болои минбар дар рӯзи дагаре ғайр аз ҷумъа барои талаби борон дуъо кардааст,
- Дар масҷид нишаста ва барои нузули борон даст ба дуъо бардошта,
- Назди Аҳҷору-з-зайт – номи маконе дар наздикиҳои Завро барои талаби борон дуъо кардааст ва
- Дар баъзе ғазваҳояш вақте мушрикон ба об аз ӯ пешӣ гирифтанд, аз Худованд талаби борон кардааст ва дар тамоми дуъоҳояш Худованд боронро барояш фурӯ фиристодааст.
Тарзи дуъо кардани Паёмбар (с) ҳангоми дуъои истисқо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар дуъои истисқо пушти дастонашро ба тарафи осмон ва каффи онҳоро ба сӯи замин мегардонад. Ривоят шуда, ки паёмбар (с) талаби борон кард ва пушти дастонаш ба сӯи осмон ва каффи онҳоро ба сӯи замин гардонд. Дар ривоятҳои суннат омадааст, ки он ҳазрат (с) дар дуъои истисқо дастонашро ба андозае баланд мебардошт, ки ба сараш баробар мешуданд ва сафедии зери бағалҳояш намудор мешуд.
Гарчанде расули Худо (с) барои талаби борон як навбат баромада ва аз саҳобаи киром низ ба ҷуз як мартаба хуруҷ барои дуъо ва намози истисқо собит нашуда, вале ҷумҳури мазоҳиб бо истинод ба ин ки такрори дуъо хуб аст ва камтарин ҳадди он се бор аст, вақте дар навбати аввал борон наборад, се бор пайи ҳам такрори онро дар се рӯз хуб – мустаҳаб гуфтаанд.
Ҳамчунин хуб аст, ки дар ин амр пиронсолон, нотавонон, кӯдакон ва ҳатто чаҳорпоёни худро ба ҳамроҳ ва ё пешопеши худ ба намозгоҳ баранд ва онҳоро дар пешгоҳи Худо барои иҷобати дуъояшон васила қарор диҳанд. Ривоят шуда, ки Саъд (р) биандешид, ки бар дигарон фазле дорад, паёмбар (с) фармуд: «Оё шумо ҷуз бо заъифонатон нусрат ва рӯзӣ дода мешавед!»[12]. Аз расули Худо (с) ривоят шуда, ки фармуд: «Яке аз паёмбарон бо мардум барои талаби борон хориҷ шуд ва мӯрчаеро дид, ки баъзе пойҳояшро ба сӯи осмон бардоштааст. Фармуд: Баргардед, ки ба хотири ин мӯрча бароятон иҷобат шуд»[13][14].
Васила қарор додани аъмоли нек ва шахсиятҳои солеҳ ва аҳли тақво низ барои иҷобати дуъо хуб аст. Ривоят шуда, ки Умар (р) дар замони хилофати хеш вақте барои мардум соли қаҳте пеш меомад, бо васила гардонидани амаки паёмбар (с) Аббос ибни Абдулмутталиб дуъои истисқо мекард ва мегуфт: «Худоё, мо бо паёмбарамон ба сӯи Ту тавассул меҷустем ва моро сероб месохтӣ ва мо акнун бо амаки паёмбарат ба сӯи Ту тавассул меҷӯем, пас моро сероб гардон! (Ровӣ) гӯяд: Пас сероб сохта мешуданд»[15].
Абузуръаи Димишқӣ дар Таърихи худ бо санади саҳеҳ овардааст, ки Муъовия (р) бо Язид ибни Асвад талаби борон кард ва фармуд: «Худоё, мо ба беҳтарин ва афзаламон талаби борон мекунем, Худоё, мо бо Язид ибни Асвад талаби борон мекунем! Эй Язид, дастонатро ба сӯи Худои таъоло бардор! Язид дастонашро бардошт ва мардум ҳам даст бардоштанд. Ин буд, ки дар осмон аз тарафи ғарб абре ба мисли сипар пайдо шуд ва бод ба вазиш даромад ва бороне борид, ки ҳама сероб шуданд»[16]. Ба ривояти имом Аҳмад дар китоби Зуҳд Муъовия (р) аз Абӯмуслими Хавлонӣ низ дуъои талаби борон кардааст[17].
Назари машоихи ҳанафӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз назари машоихи ҳанафӣ хуб аст дар ҳар амри муфзеъ ва падидаи муҳлик, ба монанди боди сахт, зилзила, торикии шадид, борони беист, соиқа ва ғайра намоз гузорида шавад. Ривоят шудааст, ки Ибни Аббос (р) дар зилзилаи шаҳри Басра намоз гузорид. Ҳамчунин дар ҳадиси ҳасане ривоят шуда, ки ба Ибни Аббос пас аз намози бомдод гуфта шуд: Фалонӣ – яке аз занони паёмбар (с) вафот кард, вай саҷда кард (намоз гузорид). Ба ӯ гуфта шуд, ки чаро дар ин вақт намоз мегузорӣ!? Фармуд: Оё на ин аст, ки расули Худо (с) фармуда: «Вақте ояте (аз оятҳои) Худоро дидед, саҷда намоед!». Пас кадом ояте аз рафтани ҳамсарони паёмбар (р) бузургтар аст!?[18][19].
Дар Канз аз Ҷобир (р) ва дар Маҷмаъу-з-завоид аз Абӯдардо (р) ривоят шуда, ки фармуданд: «Вақте шабона боди сахте мевазид, расули Худо (с) ба масҷид (ба дуъо ва ё намоз) рӯй меовард, то он ки бод ором шавад. Вақте дар осмон рӯйдоде, аз қабили кусуфу хусуф пеш меомад, ба намоз паноҳ мебурд»[20]
Дар хабар аст, ки расули Худо (с) вақте дуъои истисқо – талаби борон мекард, мегуфт: «Худоё, бандагон ва чаҳорпоёнатро сероб гардон ва раҳмататро паҳн намо ва сарзамини мурдаатро зинда соз!»[21]. Ҳамчунин ривоят шуда, ки он ҳазарт (с) фармуд: «Аллоҳумма-сқино ғайсан муғисан, мариан, табақан, муриъан, ғадақан, ъоҷилан ғайра роисин ва дар ривояте: нофиъан ғайра зоррин»[22].
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Нуҳ, 71: 10|11|12
- ↑ Саҳеҳи Бухорӣ, 932, 933, 1013, 1014, 1015
- ↑ Саҳеҳи Муслим, 2075-76 (897)-8-9
- ↑ Саҳеҳи Бухорӣ, 1024-25
- ↑ Саҳеҳи Муслим, 2070 (894)-4
- ↑ Сунани Абӯдовуд, 1173.
- ↑ Саҳеҳи Ибни Ҳиббон, 4410. – Ҷ. 10. – С. 258
- ↑ Муснади имом Аҳмад, 3799. – Ҷ. 1. – С. 663
- ↑ Муснади Абӯяъло, 4981. – Ҷ. 8. – С. 396
- ↑ Мустадраки Ҳоким, 2261. – Ҷ. 2. – С. 43
- ↑ Шуъабу-л-имон, 5531. – Ҷ. 4. – С. 397
- ↑ Саҳеҳи Бухорӣ, 2896.
- ↑ Сунани Дорақутнӣ, 1779.
- ↑ Мустадраки Ҳоким, 1215.
- ↑ Саҳеҳи Бухорӣ, 1010.
- ↑ ал-Мавсӯату-л-фиқҳияту-л-Кувайтия. – Ҷ. 3. – С. 306, ба нақл аз Талхису-л-ҳабир. – Ҷ. 2. – С. 101.
- ↑ Эълоу-с-сунан. – Ҷ. 4, бахши ҳаштум. – С. 87, 88.
- ↑ Сунани Абӯдовуд, 1197.
- ↑ Сунани Тирмизӣ, 3891
- ↑ Эълоу-с-сунан. – Ҷ. 4, бахши ҳаштум. – С. 179.
- ↑ Сунани Абӯдовуд, 1176.
- ↑ Сунани Ибни Моҷа, 1269, 1270.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абдушарифи Боқизода, Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ, Душанбе — 2017