Ҳоҷат (намоз)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
بسم الله الرحمن الرحيم
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои:
تخطيط كلمة الإسلام.png

Ислом

Намози ҳоҷат (ар. حاجة‎ — арз ё ҳоҷат ) — намозе аст, ки мусулмонон ҳангоми ба ягон мушкиле дар зиндагӣ, сахтиҳои рӯзгор ва ниёзҳои динӣ ва дунявӣ рӯ ба рӯ гарданд ва ё дар ҳолати ногуворе қарор гиранд, ду ракъат намоз ба нияти рафъи ҳоҷат ва ҳалли мушкилоти худ мегузоранд.

Дуъои намози ҳоҷат[вироиш]

Пас аз намоз ба даргоҳи Худованд банда ин дуъоро бихонад: «Ло илоҳа иллаллоҳу-л-ҳалиму-л-карим, субҳоналлоҳи рабби-л-ъарши-л-ъазим, ва-л-ҳамду лиллоҳи рабби-л-ъоламин. Ас-алука мӯҷиботи раҳматика ва ъазоима мағфиратика ва-л-ғанимата мин кулли биррин ва-с-саломата мин кулли исмин. Ло тадаъ лӣ занбан илло ғафартаҳу ва ло ҳамман илло фарраҷтаҳу ва ло ҳоҷатан ҳия лака ризан илло қазайтаҳо, ё арҳама-р-роҳимин».

«Ҳеҷ маъбуде ба ҷуз Худованди ҳалиму карим вуҷуд надорад, пок аст Худованд, ки соҳиби Арши бузург аст ва ҳамду ситоиш ҳама барои Худо, Парвардигори ҷаҳониён аст. Худоё! Мӯҷиботи раҳмат, ҳатмиёти мағфират, баҳрамандӣ аз ҳар некӣ ва саломатӣ аз ҳар гуноҳеро аз Ту хоҳонам.

Ҳеҷ гуноҳеро аз ман нагузор, магар ин ки мавриди мағфирати хеш қарор деҳ ва ҳеҷ сахтӣ ва андӯҳеро фурӯ нагузор, магар онро бартараф гардон ва ҳеҷ ниёз ва ҳоҷатеро, ки ризои Ту дар он бошад, боқӣ нагузор, магар онро бароварда соз, эй аз ҳама раҳмкунандатарин!»[1].

Аз Усмон ибни Ҳунайф (р) ривоят шуда, ки марди нобиное назди паёмбар (с) омад ва гуфт: Худойро дуъо кун, то маро офият бахшад! Фармуд: «Агар хоҳӣ, дуъо кунам ва агар ҳам хоҳӣ, сабр намо, ки он бароят беҳтар аст». Гуфт: Дуъо кун! Он гоҳ ба вай амр кард, ки вузӯ гирад ва вузӯашро неку кунад ва бо ин дуъо (Худоро) дуъо кунад: «Аллоҳумма, иннӣ асъалука ва атаваҷҷаҳу илайка бинабиййика Муҳаммадин, набиййи-р-раҳмати, иннӣ таваҷҷаҳту бика ило Раббӣ фӣ ҳоҷатӣ ҳозиҳи литуқзо лӣ. Аллоҳумма, фашаффиъҳу фийя».

«Худоё, аз Ту масъалат дорам ва бо паёмбарат (ҳазрати) Муҳаммад, ки паёмбари раҳмат аст, ба Ту рӯй меоварам. Эй Муҳаммад, ман дар ин ҳоҷатам бо ту ба сӯи Парвардгорам рӯй овардам, то бароям бароварда шавад! Худоё, пас ӯро дар (ҳаққи) ман шафеъ гардон!»[2].

Эзоҳ[вироиш]

  1. Сунани Тирмизӣ, 479; Сунани Ибни Моҷа, 1384.
  2. Сунани Тирмизӣ, 3578; Сунани Ибни Моҷа, 1385.

Сарчашма[вироиш]

  • Абдушарифи Боқизода, Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ, Душанбе — 2017