Шом (намоз)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
بسم الله الرحمن الرحيم
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои:
تخطيط كلمة الإسلام.png

Ислом

Шом ё мағриб (арабӣ: صلاة المغرب‎ — намози мағриб) — чаҳорумин намоз бар асоси замони ба ҷой овардан, дорои се ракъат фарз ва ду ракъат суннат ва аз намозҳои панҷгона дар ислом.

Вақти намози шом[вироиш]

Вақти намози шом аз нишастани офтоб то ғоиб шудани шафақ аст. Шафақ он сурхие аст, ки пас аз нишастани офтоб дар доираи уфуқи офтобшин зоҳир мешавад.

Шафақ дар назди имомайн[вироиш]

Шафақ дар назди Имомайн ҳамон сурхиест, ки пас аз фурӯ рафтани офтоб дар уфуқи офтобшин зоҳир мешавад, вале он дар назди худи Имом (рҳ) сафедиест, пас аз он сурхӣ зоҳир мешавад. Баъзе уламо қавли Имом (рҳ)-ро саҳеҳ ва фатворо ба он донистаанд ва баъзе қавли Имомайнро мавриди таъйид қарор додаанд. Яъне амал кардан ба ҳар ду қавл ҷоиз аст, дар қавли Имом (рҳ) ваҷҳи эҳтиёт (дар ибодат) ва дар қавли Имомайн ҷиҳати осонӣ ба мардум дар назар гирифта шудааст[1].

Эзоҳ[вироиш]

  1. Ҳидоя. Ҷ. 1. – С. 145, 146

Адабиёт[вироиш]

  • Абдушарифи Боқизода, Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ, Душанбе — 2017