Такбир
Зоҳир
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои: |
Шахсиятҳо
|
Идҳо ва маворид
|
Такбири таҳрима (ар. تكبير, тәкбийр [tækˈbiːr]; ёд кардани Худо ба бузургӣ) — бо гуфтани «Аллоҳу акбар» ба намоз дохил шудан.
Такбири таҳрима дар Қуръон
[вироиш | вироиши манбаъ]Ояти 3-юми сураи Муддассир фарзияти такбири таҳримаро собит месозад, он ҷо, ки мефармояд: «Ва Парвардигоратро ба бузургӣ ёд кун». Он такбир барои он такбири таҳрима номида шудааст, ки шахси намозгузор бо гуфтани он тамоми тааллуқоти дунявӣ ва кору бори зиндагиро дар муддати намоз бар худ ҳаром мегардонад. Пас бояд кӯшиш намояд, то андешаи худро низ дар ёди Худо тамаркуз бахшад.
Такбири таҳрима дар аҳодиси Паёмбар (с)
[вироиш | вироиши манбаъ]Паёмбари акрам (с) мефармояд: «Калиди (дари) намоз покист ва таҳрим (ҳаром гардонидани дунё баро)-и он такбир аст ва таҳлил (ҳалол намудани дунё дар охир)-и он бо салом додан аст»[1][2][3].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абдушарифи Боқизода, Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ, Душнбе—2017