Jump to content

Намози тасбеҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
بسم الله الرحمن الرحيم
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои:

Ислом

Намази тасбех ё тасобеҳ (ар. صلاة التسابيح - صلاة التسبيح‎ — таъзим ва шукр ) —намозе аст, ки вақте банда амали хилоф ва маъсияте содир намояд, барои талаби омурзиш аз Парвардгор ва ҷалби лутфу раҳмати Ӯ чор ё ду ракъат намоз бигузорад[1].

Ҳадиси намози тасбеҳ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Икрима аз Абдуллоҳ ибни Аббос ривоят кардааст: ки Расулуллоҳ (с) ба Аббос ибни Абдулмуталлиб фармуданд:"Эй Аббос- эй аммуи ман 10 хислатро бароят эхсон мекунам, агар онро иҷро намуди Худованди таъоло 10 намуд гунохоятро меомурзад:[2]

  1. Гуноҳи аввал.
  2. Гуноҳи охир.
  3. Гуноҳи қадим.
  4. Гуноҳи нав.
  5. Гуноҳи хато(барқасд).
  6. Гуноҳи боқасд.
  7. Гуноҳи сағир (хурд).
  8. Гуноҳи кабир (калон).
  9. Гуноҳи пинхонӣ.
  10. Гуноҳи ошкоро.

Тарзи хондани намози тасбеҳ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Намози тасбеҳ рӯзе як маротиба, рӯзи ҷумъа ё соле як бор ва ё дар умр як бор хонда мешавад. Тариқи хондани намози тасбеҳ ин аст: Чаҳор ракаат ё ду ракъати ду маротиба намоз хонда дар ҳар як ракъат 75 бор "Субҳоналлоҳ, валҳамду лиллоҳ ва ла илаҳа иллаллоҳ, валлоҳу акбар" гуяд, ки ҷамъи 4 ракаъот 300 бор мешавад. Баъд аз хондани сураи фотиҳа ва замми сураи дигар 15 бор онро зикр кунад, пас Аллоху акбар гуфта ба рукуъ рафта 10 бор дар рукуъ гуяд. Пас самиаллоҳу лиман хамида ва раббано ва лакалҳамд гуфта 10 бор хамонро зикр кунад. Пас Аллоҳу акбар гуфта ба саҷда равад ва дар саҷда боз 10 бор онро гуяд, Аллоху акбар гуфта аз сачда сар бардошта байни харду сачда боз 10 бор гуяд, боз Аллоху акбар гуфта ба сачдаи дуввум рафта, боз 10 бор гуяд. Пас аз сачдаи дуввум сар бардошта нишаста боз 10 бор гуяд, ки ин ҳама 75 бор дар як ракаат мешавад[3][4].

Баъди тамом кардани намоз дар пешгоҳи Парвардгор ба саҷда афтода, аз кардаи худ пушаймон шавад, он гоҳ бо талаби истиғфор ва омурзиши гуноҳонаш аз Худованд иродаи муҳкам намояд, ки дар оянда ин корро ҳаргиз анҷом надиҳад, ба фазлу раҳмати Парвардигораш умед бандад, ки гуноҳаш бахшида мегардад[1].

  1. 1.0 1.1 Абдушарифи Боқизода, Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ, Душанбе — 2017
  2. Сунани Абу Довуд, боби намози тасбеҳ: рақами ҳадис (1297)
  3. Намаз-тасбих
  4. https://ok.ru/group...duneipa/topic/63310369573771
  • المغني لابن قدامة، فصل: صلاة التسابيح، ج1 ص437
  • حاشية الصاوي على الشرح الصغير، ج11 ص331 وما بعدها
  • المعجم الأوسط للطبراني، باب الألف، باب من اسمه إبراهيم، إبراهيم بن محمد بن برة الصنعاني، الجزء الثالث، ص168 و169، حديث رقم: (2339)