Jump to content

Хуфтан

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
بسم الله الرحمن الرحيم
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои:

Ислом

Хуфтан ё ишо (ар. صلاة العشاء‎ — намози шаб) — панҷумин намоз аз намозҳои панҷгона дар ислом ва дорои чаҳор ракъат фарз, ду ракъат суннат ва як, се ё панҷ ракъат намози витр аст.

Вақти намози хуфтан

[вироиш | вироиши манбаъ]
██ Хуфтан ██ Бомдод ██ Пешин ██ Аср ██ Шом

Вақти намози хуфтан ва витр аз ғоиб шудани шафақ то ҳангоми (дамидани) субҳи содиқ аст, вале намози витр бояд баъд аз намози хуфтан адо шавад ва пеш аз он хонда намешавад.

Намози хуфтан дар аҳодиси Паёмбар (с)

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз Оиша (р) ривоят шудааст, ки: «Шабе паёмбар (с) намози хуфтанро чандон ба таъхир андохт, ки шаб (қариб) ба тамом ба поён расида буд ва аҳли масҷид ба хоб рафта буданд. Он гоҳ хориҷ шуд ва намози хуфтанро гузорид ва фармуд: Ин вақти намози хуфтан аст, агар бар умматам машаққат намешуд».[1][2].

  1. Саҳеҳи Муслим, 1443 (638)-219
  2. Сунани Насоӣ, 535
  • Абдушарифи Боқизода, Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ, Душанбе — 2017