Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Размдор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Размозмо)
Размдор
Сардӯшии Нерӯи заминӣ Сардӯшии Нерӯи ҳавоӣ
Кӯтаҳнивишт форсӣ: رزم‌دار‎
Кишвар  Тоҷикистон
Бунёдшуда 1935
Дараҷаи болотар Размсоз
Дараҷаи пойинтар Меҳтар размовар
Ҳамто

Размдор (форсӣ: رزم‌دار‎) — дараҷае размоварӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ниҳодҳои низомӣ ва амниятӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз меҳтар размовар ва пойинтар аз размсоз дорад ва баробар бо меҳновёр дар нерӯи дарёӣ аст; страшина[1].

Размпоягон
кеҳтар:
Меҳтар размовар

Размдор
меҳтар:
Размсоз

Размдор дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан мақоми меҳтарии ваштро дорад, ки яконе зербахшест, ки аз ду ё бештар таҳм ташкил шуда ва бахше аз гурдон ё яконе мустақил аст; гурӯҳон[2], рота[3].

Меҳтар мақомест расмӣ дар ҳар вашт (оташбор) аз нерӯҳои мусаллаҳ, ки масъули омодасозии сарбозону размафзору ҷангафзорҳор ва созмондиҳандаи мустақими назму тартибот дар маҳалли истиқрори вашт ва сардори мустақими размоварону сарбозони якони худ аст. Ҳамчунин размдорон кормандони «омодгоҳ» ҳастанд, ки он созмоне дар артиш аст, ки масъули фароҳамсозӣ, нигаҳдорӣ ва таҳвили хӯроку пӯшоку ҷангафзорҳои мавриди ниёзи яконҳо ва маҳалли анҷоми хадамоти пуштибони фаннии нерӯҳо аст[4].

«Размдор» ба маънои ‘ҷанговар; ҷангҷӯ; размӣ’ аст[5] ва аз як вожа ва як пасванд сохта шудаву мақулаи дастурии он исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (разм) + пасванд (-дор)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст:

разм (порсии миёна: razm < порсии бостон: *razma- ‘разма’ < эронии бостон: *raźman- ‘ороиши ҷангӣ’ аз √*raź- ‘оростан’[6]) + -дор (порсии миёна: dār < порсии бостон: *dār(a)- < эронии бостон: *dārai̯a- ‘доранда’), ки ба исм афзуда мешавад ва умуман маънии «нигаҳдоранда»-ро мерасонад[7]

Вожасозӣ бо пасванди «-дор» аз куҳантарин замонҳо ба кор меравад. Чунончи, дар забони эронии бостон «*kāra-dāranaka-» ‘дорандаи сипоҳ, сипаҳдор’[8]) ва дар форсӣ: «сипаҳдор»‎ ва «лашкардор» бо ҳамин пасванд сохта шудаанд[9] ва размдор дар қиёс бо онҳо сохта шудааст.

Сипаҳдор ё сипоҳдор аз истилоҳоти куҳани низомӣ ва мутародиф бо сипаҳсолор ва «фармонраво; подшоҳ» аст ва сипаҳдорӣ низ «амали сипаҳдор, сардории сипоҳ, фармондеҳӣ»-ро мегуфтанд[10]. Чунончи, Фирдавсӣ «сипаҳдор»-ро ба маънои «фармондеҳи сипоҳ» бисёр ба кор бурдааст:

Таҳамтан ҳамон гаҳ забон баркушод,
Паёми сипаҳдори Эрон бидод[11].

Сипаҳдори Турон чу з-он гуна дид,
Сабук сар аз он ҷанг берун кашид[11].

«Лашкардор» низ аз истилоҳоти куҳани низомӣ ва ба маънои «идоракунанда ва фармондеҳи лашкар» аст ва «амалу шуғли лашкардор; нигаҳдории лашкар; фармондеҳии лашкар»-ро «лашкардорӣ» мегуфтанд[10]. Лашкардор дар «Марзбоннома» ба маънои «фармондеҳи лашкар» ба кор рафтааст:

«Корҳои мамлакат ба мардони кору лашкару лашкардор рост ояд»[5].

Размдор ҳамчун дараҷаи низомӣ соли 1991 дар нерӯҳои заминиву ҳавоии Сипоҳи посдорон ҷорӣ шуда[10][12] ва ду рутба дорад, ки баробар бо рутбаҳои зерин дар Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд:

  1. размдори дувум = старшина;
  2. размдори якум = прапоршик.

Бино бар ин, «размдор» барои ҷойгузинии дараҷаи низомии «старшина» ба Вазорати дифоъи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст[13].

Сипоҳи Ҳахоманишиён
Яконҳо Шумори нерӯҳо Фармондеҳ
*daθa- 10 сарбоз *daθapati-
*θata- 100 сарбоз *θatapati-
*hazāra- 1 000 сарбоз *hazārapati-
*baivara- 10 000 сарбоз *baivarapati-
*spāda- 60 000 сарбоз *spādapati-

Мақоми фармондеҳии разма нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) падид омадааст. Дар сипоҳи Ҳахоманишиён (порсии бостон: *spāda- [сипоҳ]), ки бар бахшбандии даҳгонӣ созмон ёфта буд, аз 10 сарбоз як *daθa- [даҳа] ташкил мешуд, ки сардораш *daθapati- [даҳабад] буд[14]. Аз 10 даҳа як *θata- [сада] ташкил мешуд, ки фармондеҳаш *θatapati- [садабад] буд[14]. Аз 10 сада як *hazāra- [ҳазора] ташкил мешуд, ки онро *hazārapati- [ҳазорабад] фармондеҳӣ мекард[15]. Аз 10 ҳазора як *baivara- [бевара] ташкил мешуд, ки фармондеҳаш *baivarapati- [беварабад] буд[15]. Сарфармондеҳи сипоҳи Ҳахоманишиён *spādapati- [сипаҳбад] буд[16].

Агар шумори нерӯҳои ин яконҳоро бо воҳидҳои низомии артишҳои имрӯзӣ ҳамсанҷӣ кунем, даҳа бо отделение, сада бо рота, ҳазора бо полк, бевара бо дивизия ва сипоҳ бо армия баробар мешаванд. Бо ҳамин қиёс, даҳабад бо сержант ё старшина, садабад бо лейтенант ё капитан, ҳазорабад бо майор ё полковник, беварабад бо генерал-майор ё генерал-лейтенант ва сипаҳбад бо генерал-полковник ё генерали артиш баробар мешаванд.

Сержант (фр. sergent, аз лот. serviens) худ ба маънои «чокар, хидматгор, хидматгузор» аст ва ҳамчун рутба нахустин бор дар асри XV дар артиши Фаронса ва сипас артишҳои Олмон ва Бритониё ба кор рафтааст. Дар садаҳои миёна дар нерӯҳои муздур ва артиши кишварҳои урупоӣ шаш намуд сержант хидмат мекард:

  1. дар размаҳо — капрал ё сержанти хурд.
  2. дар таҳмҳо — сержант.
  3. дар ваштҳо — мастер-сержант ё сержанти калон.
  4. дар гурдонҳо — штаб-сержант.
  5. дар ҳангҳо — сержант-майор, ки дертар майор номида шуд.
  6. дар ситоди сарфармондеҳи артиш (капитан-генерал) — генерал-сержант-майор, ки дертар генерал-майор номида шуд.

Дар Артиши Сурх дараҷаи «сержант» ҳамчун рутбаи шахсӣ 2 ноябри соли 1940 ҷорӣ шуда буд.

Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дараҷа 23 феврали соли 1993 ҷорӣ шудаву чаҳор рутба дорад:

  1. сержанти хурд,
  2. сержант,
  3. сержанти калон,
  4. старшина.

Дар нерӯҳои мусаллаҳ барои фармондеҳии ҳар ягони размӣ мақоми созмоние дар назар гирифта шудааст. Бино бар ойинномаҳои низомӣ, мақоми созмонии размоварон фармондеҳии рада, тонк, зиреҳпӯш ва дигарҳо аст.

Дараҷаи «старшина» (русӣ: старшина, аз русӣ: старший — меҳтар) ҳамчун рутбаи фардӣ дар Артиши Сурх соли 1935 ҷорӣ шуда буд. Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дараҷа 23 феврали соли 1993 ҷорӣ шудааст. Ин дараҷаро ба беҳтарин сержантҳои калон медиҳанд, ки дар мақомҳои созмонии сержантӣ на камтар аз 6 моҳ хидмат карда бошанд ё дар мақоме таъйин шуда бошанд, ки бино бар созмони низомӣ дараҷаи старшина муқаррар шуда бошад.

  1. ↑ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»(пайванди дастнорас)
  2. ↑ Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392.. 4 сентябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2018.
  3. ↑ Коллектив авторов. Том 7, статья «Рота» // Военная энциклопедия / Под ред. П.В. Грачёв. — М.: Воениздат, 2003. — С. 282-283. — 735 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-001874-X.
  4. ↑ Ғуломҳусайн Садрии Афшор, Насрин Ҳакамӣ, Настаран Ҳакамӣ. Том 1, статья «Омодгоҳ» // Фарҳангномаи форсӣ: вожагон ва аълом / Под ред. Ғуломҳусайн Садрии Афшор. — Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1388. — С. 91. — ISBN 978-964-8637-92-2.
  5. 1 2 Деҳхудо, Алиакбар. Луғатномаи Деҳхудо (нусхаи диҷитол) бар асоси нусхаи физикии 15-ҷилдии интишори соли 1377. — Муассисаи Луғатномаи Деҳхудо ва Маркази байнулмилалии омӯзиши забони форсии Донишгоҳи Теҳрон, 1399.. 16 августи 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 августи 2024.
  6. ↑ Эдельман Д. И. Этимологический словарь иранских языков / Институт языкознания РАН. — М.: «Восточная литература», 2020. — Т. 6 (p—r̥). — С. 436. — 463 с. — 500 экз. — ISBN 5-02-018124-2; ISBN 978-5-02-039863-4 (в пер.).
  7. ↑ Содиқӣ, Алиашраф. Шеваҳо ва имконоти вожасозӣ дар забони форсии муъосир (5) // «Нашри дониш», хурдод ва тири 1371, шумораи 7, сс. 39 – 45.. 11 Декабри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 Декабри 2021.
  8. ↑ Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-56-9. — ҷ. 2, с. 1244—1245
  9. ↑ Содиқӣ, Алиашраф. Шеваҳо ва имконоти вожасозӣ дар забони форсии муъосир (5) // «Нашри дониш», хурдод ва тири 1371, шумораи 7, сс. 39 – 45
  10. 1 2 3 Анварӣ, Ҳасан. Фарҳанги бузурги «Сухан». Ба сарпарастии Ҳасан Анварӣ, Теҳрон: «Сухан», 1381 –. 8 ҷ. мусаввар. ISBN 964-6961-98-3 (давра).
  11. 1 2 Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2007. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ISBN 978-99947-32-84-5
  12. ↑ Қонуни муқаррароти истихдомии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ. 12 Декабри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 августи 2013.
  13. ↑ Таджикские воинские звания. Система Умеда Джайхани(рус.) (12 October 2026).
  14. 1 2 W. Hinz, Altiranisches Sprachgut der Nebenüberlieferungen, Wiesbaden, 1975.
  15. 1 2 J. Marquart, Untersuchungen zur Geschichte von Eran I, Göttingen, 1896.
  16. ↑ Шаҳбозӣ, Алиризо Шопур. Ҷанг дар Эрони бостон // Ҷусторҳои эроншиносӣ. Теҳрон: Китоби марҷаъ, 1391. – саҳ. 55 – 95