Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х мавзуъҳои номарбут, removed: {{Тоҷикистон}} using AWB
Сатри 14: Сатри 14:
* [[Телевизиони "Сафина"]]
* [[Телевизиони "Сафина"]]
* [[Ширкатҳои телевизионии давлатии умумиҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ (Тоҷикистон)]]
* [[Ширкатҳои телевизионии давлатии умумиҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ (Тоҷикистон)]]
==Манбаъ==
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
<references />


{{Сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон}}
[[Гурӯҳ:Фарҳанги Тоҷикистон]]

[[Гурӯҳ:Кумитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Муассисаҳои фарҳангии Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Муассисаҳои фарҳангии Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Телевизиони Тоҷикистон]]

Нусха 10:40, 16 феврали 2018

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - идораи ҷумҳуриявии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба фаъолияти телевизион ва радиошунавонии ҷумҳурӣ роҳбарӣ намуда, дар баланд бардоштани савияи ғоявию сиёсӣ ва бадеии барномаҳои телевизионӣ ва радиошунавонӣ, вазъият ва инкишофи минбаъдаи кори телевизион ва радиошунавонӣ масъул аст.

Кумита соли 1957 дар назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта, аз соли 1962 ба Комитети давлатии Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон табдил ёфт. Соли 1971 Комитети давлатии Шӯрои Вазорати ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ ном гирифт. Ҳоло бо номи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.[1]

Фаъолият

Кумита айни ҳол аз чор телевизиони давлатӣ - Телевизиони Тоҷикистон (Шабакаи якум), Муассисаи давлатии Телевизиони "Сафина", телевизиони кӯдакон ва наврасон «Баҳористон», телевизиони иттилоотии «Ҷаҳоннамо» , радиои «Фарҳанг», радиои «Овози тоҷик» ва радиои «Садои Душанбе» иборат буда, бо 5 забон, радиои «Овози тоҷик» бо 8 забон барномаҳо омода мекунанд. Барномаҳои иттилоотии «Ахбор», «Навид», «Хабар», силсилафилмҳои гурӯҳҳои эҷодии «Субҳ», «Фаросӯ», «Пайванд», силсилабарномаҳои «Рисолаи таърихӣ», барномаҳои ҳарҳафтаина аз радиои «Садои Душанбе» - «Шумон», аз «Радиои Тоҷикистон» - «Ҳафриёт» ва ғайраҳо барои тарғиби ҷашни 3000-солагии Ҳисори Шодмон саҳми назаррас доранд.

Дар назди Кумита дастаҳои ҳунарӣ ва рақсии «Гулшан», «Дарё», «Фалак», «Шашмақом», «Зебо» ва «Гулрез» фаъолият менамоянд. Айни ҳол тамоми шабакаҳои иттилоотии телевизион ва радиошунавонии Кумита тавассути моҳвора ва Шабакаи баландсуръати ҷаҳонии Интернет бо сифати баланд ба тамоми гӯшаҳои олам паҳн мегарданд. Фаъолияти хуби назарраси кормандони Кумита бо нишони «Аълочии телевизион ва радио» қадр карда мешавад.[2]

Нигаред

Эзоҳ

  1. Сомонаи расмии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
  2. Донишномаи Ҳисор -Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 308 Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон