Jump to content

Ноҳияи Ашт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ноҳияи маъмурӣ
Ноҳияи Ашт
40°39′26″ с. ш. 70°22′53″ в. д.HGЯO
Кишвар  Тоҷикистон
Тобеъи вилояти Суғд
Шомили 1 шаҳрак, 8 ҷамоат
Маркази маъмурӣ Шайдон
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 29 сентябри соли 1926
Масоҳат 2790 км²
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 176 300[2] нафар (2022)
Миллият тоҷикон
Мазҳаб мусулмонон-сунниҳо
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 TJ.RR.
Коди телефон +992 3135
Нишонаи почта 735610
Домени интернет tj
Коди мошинҳо TJ02
Ноҳияи Ашт дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ноҳияи Ашт (хати ниёгон: ناحیه اشت) — яке аз ноҳияҳои вилояти Суғд аст. Ноҳия 29 сентябри соли 1926 таъсис ёфтааст. Аҳолӣ — 155 200 нафар (соли 2016), асосан тоҷикон ва ӯзбекон. Масоҳати ноҳия — 2790 км². Маркази ноҳия — шаҳраки Шайдон.

Масофа: аз Ашт то Хуҷанд — 107 км, то Душанбе — 448 км. То истгоҳи роҳи оҳани наздиктарин (Хуҷанд) – 90 км.

Ашт дар нишебҳои ҷанубу шарқии қаторкӯҳҳои Қурама воқеъ аст. Ҳудуди ноҳия ноҳамвор, қисми шимолу ғарбиро нишебҳои қаторкӯҳҳои Қурама ва қисми ҷанубу шарқиро водии Фарғона ташкил медиҳад. Нуқтаи баландтаринаш аз сатҳи баҳр 3768 м (қуллаи Бобои Об дар қаторкӯҳи Қурама), пасттаринаш 346 м (сатҳи обанбори Қайроққум). Дар қисми ҷанубу ғарбӣ дашти Ашти Калон ва кӯҳу теппаҳои Оқбел, Махавтоғ, Бахмалтеппа, Мӯлчоқтеппа (баландиаш 700—1000 м) воқеанд. Ашт аз конҳои полиметалл, флюорит, намаки ош ва ашёи хоми бинокорӣ, санги мармар ғанӣ аст. Сойҳои Ашт (Понғоз (Пунғаз), Мулломир, Ошоба, Ғудос, Ашт) камоб, то дарёи Сир намерасанд. Оби кӯли Оқсукон (Ахсикон) шӯр ва лойқааш табобатист. Дар Ашт навъҳои гуногуни хокҳои хокистарранг, баъзан шӯр ва дар кӯҳҳо хоки ҷигарранг вомехӯранд. Наботот дар ҳамвориҳо хусусияти биёбонӣ ва нимбиёбонӣ доранд. Дар доманаи кӯҳҳо гиёҳҳои даштӣ мерӯянд. Дашти Ашти Калон қисман аз Канали Шимолии Фарғона ва қисман аз пармачоҳҳо обёрӣ мешавад. Дар даштҳои беоб гиёҳҳои хоклес, янтоқ, ҷорӯбак, зағоза, шибоғ, шӯра, ишлон, ҳазориспанд, анғӯза ва ғ., дар кӯҳу нишебиҳо бурс, бодом, зирк, дӯлона, ҳафтпӯст, аврук, настаран, гиёҳҳои дорувории ҷағҷағ, газна (тавланг), қоқу, чойалаф, ҳулбӯ, зуф ва ғ. мерӯянд. Дар маҳалҳои аҳолинишин дарахтони биҳӣ, зардолу, гелос, тут, нок, мурӯд, санҷид, сафедор, маҷнунбед, сада ва ғ. бисёранд. Олами ҳайвоноташ гуногун, дар кӯҳу даштҳо калтакалос, муш, калламуш, мири мушон, морҳои гуногун (мори афъӣ, мори чипор, тирмор, кӯрмор); гург, гуроз, рӯбоҳ, оҳу, шағол, бузи кӯҳӣ ва ғайра; аз парандаҳо калхот, уқоб, кабк, булбул, бедона, тазарв, бум, чуғз, кабки ҳилол, фароштурук, мусича, акка, зоғ, кабӯтар, гунҷишк, эзорсурхак, соч, фотимачумчуқ, ҳудҳуд ва ғ. вомехӯранд.

Иқлими ноҳия гармсер (субтропикӣ)-и хушк, тобистони ҳамвориҳо гарм, зимистонаш муътадил. Ҳарорати миёнаи июл 27,7°С, янв. −17°С. Дар кӯҳҳо тобистон салқин, зимистон хунук. Бориш нисбатан зиёд.

Ноҳияи Ашт 29 сентябри соли 1926 ташкил шудааст.

Мардуми Ашт ба забонҳои тоҷикӣ ва узбекӣ сухан мегӯянд. Аҳолиаш 155 200 нафар (соли 2016) асосан тоҷикон, инчунин ӯзбекҳо ва русҳо зиндагонӣ мекунанд.

сол 2014 2015 2019 2020
шумора
(ҳаз. нафар)
147,5 151,6 164,8 168,1

Ноҳияи Ашт дорои 8 ҷамоати деҳот: Понғоз, Ашт, Пунук, Шодоба, Ошоба, Ифтихор, Ориён, Меҳробод ва ҷамоати шаҳраки Шайдон аст. Маркази ноҳия — шаҳраки Шайдон.

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Ашт 1 шаҳрак ва 8 ҷамоат[3] дорад:

Ҷамоатҳои ноҳияи Ашт
Ҷамоат Аҳолӣ
шаҳраки Шайдон 11300
Шайдон 18200
Понғоз 28532
Шодоба 8990
Ошоба 21260
Ифтихор 11201
Ориён 17487
Пунук 8841
Ашт 21409
Меҳробод 13123

Сарвари ноҳияи Ашт Раиси Ҳукумати он аст, ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Ашт Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Ашт барои 5 сол интихоб мекунанд.

Соҳаҳои асосии хоҷагии ноҳия: пахтакорӣ, боғдорӣ, чорводорӣ. Ғалла (гандум, ҷав, сулӣ, ҷуворимакка), сабзавот, картошка, пахта, полезиҳо, хӯроки чорво ҳам кишт карда мешавад. Майдони умумии заминҳои корам, аз ҷумла заминҳои обӣ 18007 га, заминҳои кишти пахта 7169 га, ғалладо­на 3370 га, картошка 260 га, сабзавот 494 га, полезиҳо 222 га, хӯроки чорво 6479 га, диг. зироатҳои техникӣ 291 га, боғдорӣ 13210 га. Соли 2009 дар ноҳия 2 хоҷагии давлатӣ, 1 хоҷагии ҷамоатӣ, 2 хоҷагии ҷангал, 382 хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), 21 хоҷагиҳои ёрирасони ташкилотҳо вуҷуд дошт. Шумораи чорво ва паранда дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ (2009): гов 26532 сар, говҳои дӯшоӣ 17032 сар, бузу гӯсфанд 140348 сар, асп 817 сар, паранда 41662 сар. Дар ноҳия 2 муассисаи нақлиётӣ, 1 муассисаи таъмири роҳҳо, нуқтаҳои хидмати маишӣ, 5 ташкилоти сохтмонӣ, 9 корхонаи саноатӣ (2 корхонаи пахтатозакунӣ, 2 корхонаи равғанкашӣ, корхонаи истеҳсол ва коркарди намаки ош, корхонаҳои консерв, нонпазӣ, коргоҳи истеҳсоли пахтаи хоҷагӣ), 112 нуқтаҳои савдои хусусӣ, муассисаи хӯрокворӣ ва матбаа мавҷуд аст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар с. 2008 ба 34,1 млн сомонӣ расид.

Маориф ва фарҳанг

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли таҳсили 2009—2010 дар Ашт 56 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 4 мактаби таҳсилоти ибтидоӣ, 5 гимназия ва литсей, 2 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, 2 омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ, 15 муассисаи томактабӣ мавҷуд буд, ки 29179 нафар хонанда дошт. Ба онҳо 2910 нафар омӯзгор таълим медоданд. Ашт дорои 8 беморхона, 16 маркази саломатӣ, 38 хонаи саломатӣ, дармонгоҳ, 11 дорухона, 6 хонаи фарҳанг, 21 клуб, 9 кинотеатр, 29 китобхона, 1 мактаби санъати бачагона, 3 варзишгоҳ, 22 толори варзишӣ, 1 мактаби варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, 64 майдончаи варзишӣ аст. Ёдгориҳои маданию таърихӣ: Қалъаи Афросиёб, Тӯдаи Калон, Меҳроби Ашт, Кампирдевор, Тӯдаи Хурд, Қалъаи Бободархон. Матбуоти даврӣ: «Шӯҳрати Ашт», «Навиди Умед», «Маҳрам». Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Тӯйчӣ Эрйигитов, Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ Усмоналӣ Бобоназаров, Мирзоҷон Додоҷонов, Раззоқов Малик, Тоҷиддин Имомалиев, Ҷӯрабой Муъминов, Худойқул Назаров, Карим Холдоров, Имомназар Хоҷаназаров, нахустпрокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал Нурулло Ҳувайдуллоев, дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, профессор Фарҳод Зикриёев, Арбобони илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессорон: Баҳриддин Камолиддинов, Иброҳим Усмонов, узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргашбой Муҳаммадиев, профессор, доктори илмҳои геология ва минералогия Садриддин Абдураҳимов, нависанда, шоир, мунаққид, драматург ва тарҷумони машҳури Ӯзбекистон Абдулло Қаҳҳор доктори илмҳои таърих Абдувалӣ Қушматов зодаи ҳамин ноҳияанд.

Нақлиёти асосии ноҳия — худрав. Фурудгоҳ надорад