Jump to content

Ноҳияи Левакант

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ноҳияи Леваканд)
Ноҳияи Леваканд
Кишвар  Тоҷикистон
Тобеъи Вилояти Хатлон
Шомили 1 шаҳр, 2 ҷамоати деҳот
Маркази маъмурӣ Левакант
Таърих ва ҷуғрофиё
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 49 700[2] нафар (2022)
Шиносаҳои ададӣ
Коди мошинҳо 03TJ
Ноҳияи Леваканд дар харита

Ноҳияи Левакант (то соли 2018 ноҳияи Сарбанд, қаблан ноҳияи Калининобод) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад. Маркази ин ноҳия шаҳри Леваканд аст.

Ҳудуди ноҳия то соли 1996 ба ҳайати ноҳияи Коммунисти (ҳоло ноҳияи Кӯшониён) вилояти Қурғонтеппа дохил буд. Аз 2 феврали соли 1996 бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон ноҳияи Сарбанд дар ҳайати вилояти Хатлон ҳамчун воҳиди мустаъқили маъмурӣ арзи ҳастӣ дорад.

2 феврали соли 1996 бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон ноҳияи Сарбанд дар ҳайати вилояти Хатлон ташкил карда шудааст. Сарбанд ба номи саргаҳи об ниҳода шудааст, чунки ноҳия дар саргаҳи об ҷойгир шудааст. Маркази ин ноҳия собиқ шаҳри Калининобод низ тағйири ном намуда шаҳри Сарбанд номида шудааст.

Мардуми ноҳияи Левакант ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбакӣ сухан мегӯянд. Бино бар саршумори соли 2022 аҳолии ноҳия 49700 тан бошанда доштааст.

Сол 2021 2022
Аҳолӣ,
ҳазор наф.
48,7 49,7

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Сарбанд 1 шаҳр ва 2 ҷамоат[3] дорад:

Ҷамоатҳои ноҳияи Левакант[4]
Ҷамоат Аҳолӣ
Левакант, шаҳр 17 700
Гулистон 13 757
Ваҳдат 4 635

Сарвари ноҳияи Сарбанд Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳия — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад.


Омӯзишу парвариш

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ниҳодҳои фарҳангӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]


Беҳдошту беҳзистӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. 1.0 1.1 https://web.archive.org/web/20221010195817/https://stat.tj/storage//1.01.2022.pdf
  2. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 20 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
  3. Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — 332 с.
  4. нусхаи бойгонӣ. 27 сентябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 октябри 2012.