Разморо
| |||||
Кӯтаҳнивишт | форсӣ: رزمآرا | ||||
Кишвар | Тоҷикистон | ||||
Дараҷаи болотар | Размозмо | ||||
Дараҷаи пойинтар | Размдор | ||||
Ҳамто |
Разморо (форсӣ: رزمآرا) — дараҷае размоварӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ниҳодҳои низомӣ ва амниятӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз размдор ва пойинтар аз размозмо дорад ва баробар бо сарновёр дар нерӯи дарёӣ аст; сержанти калон[1].
Дараҷаи пойинтар: Размдор |
Разморо |
Дараҷаи болотар: Размозмо |
Разморо дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан мақоми ҷонишини фармондеҳи таҳмро дорад, ки ягоне размӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ аст, ки аз ду ё чанд рада ташкил шуда ва бахше аз вашт аст; даста[2], взвод[3][4].
Вожашиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]«Разморо» аз ду вожа сохта шудаву мақулаи дастурии он исму сифати фоъилӣ ва сохтвожаи он ба сурати [исм (разм) + асоси замони ҳозираи феъли «оростан» (оро)] аст. Дар сохти ин вожа аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст:
разм (порсии миёна: razm < порсии бостон: *razma- “рада” < эронии бостон: *raźman- “ороиши ҷангӣ” аз √*raź- “оростан; тартиб додан, идора кардан”[5]) + оро (порсии миёна: ārāy < порсии бостон: *ā-rāda- < √*rād- ‘омода кардан, оростан; назму тартиб додан’)[6].
«Разморо» дар фарҳангҳо чунин тафсир шудааст: касе, ки дар саффороӣ ва кори ҷанг варзида аст ва амалиёти размиро хуб тарҳрезӣ мекунад[7]; размороянда; баҳодуре, ки дар набард кардан моҳир бошад; паҳлавоне, ки дар разм ҳунарманд бошад; фармондеҳе, ки муқадаммоти ҷангро омода созад; ороишдиҳанда ва танзимкунандаи майдони ҷанг; диловаре, ки дар ҷангу набард ҳунарнамоӣ кунад[8]; ҷангҷӯе, ки дар ҷанг ҳунарнамоӣ мекунад; ҷангҷӯи забараст[9].
«Разморо» ба маънии «ҷанговар, разманда» дар осори адабии форсӣ фаровон ба кор рафтааст. Чунончи, Низомӣ гуфтааст:
Ки эй фарзона шоҳону далерон,
Ҷаҳоноройу разморой шерон[10].
«Разморо» барои ҷойгузинии дараҷаи низомии «сержанти калон» ба Вазорати дифоъи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст[11].
Пешина
[вироиш | вироиши манбаъ]Сипоҳи Ҳахоманишиён | ||
---|---|---|
Ягонҳо | Шумори нерӯҳо | Фармондеҳ |
*daθa- | 10 сарбоз | *daθapati- |
*θata- | 100 сарбоз | *θatapati- |
*hazāra- | 1 000 сарбоз | *hazārapati- |
*baivara- | 10 000 сарбоз | *baivarapati- |
*spāda- | 60 000 сарбоз | *spādapati- |
Разморо ҳамчун мақоми размӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) падид омадааст. Дар сипоҳи Ҳахоманишиён (порсии бостон: *spāda- [сипоҳ]), ки бар пояи радабандии даҳ-даҳӣ созмон ёфта буд, аз 10 сарбоз як *daθa- [даҳа] ташкил мешуд, ки сардораш *daθapati- [даҳабад] буд[12]. Аз 10 даҳа як *θata- [сада] ташкил мешуд, ки фармондеҳаш *θatapati- [садабад] буд[12]. Аз 10 сада як *hazāra- [ҳазора] ташкил мешуд, ки онро *hazārapati- [ҳазорабад] фармондеҳӣ мекард[13]. Аз 10 ҳазора як *baivara- [бевара] ташкил мешуд, ки фармондеҳаш *baivarapati- [беварабад] буд[13]. Сарфармондеҳи сипоҳи Ҳахоманишиён *spādapati- [сипаҳбад] буд[14].
Агар шумори нерӯҳои ин ягонҳоро бо воҳидҳои низомии артишҳои имрӯзӣ ҳамсанҷӣ кунем, даҳа бо отделение, сада бо рота, ҳазора бо полк, бевара бо дивизия ва сипоҳ бо армия баробар мешаванд. Бо ҳамин қиёс, даҳабад бо сержант ё старшина, садабад бо лейтенант ё капитан, ҳазорабад бо майор ё полковник, беварабад бо генерал-майор ё генерал-лейтенант ва сипаҳбад бо генерал-полковник ё генерали артиш баробар мешаванд.
Сержант (фр. sergent, аз лот. serviens) худ ба маънои «чокар, хидматгор, хидматгузор» аст ва ҳамчун рутба нахустин бор дар асри XV дар артиши Фаронса ва сипас артишҳои Олмон ва Бритониё ба кор рафтааст. Дар садаҳои миёна дар нерӯҳои муздур ва артиши кишварҳои урупоӣ шаш намуд сержант хидмат мекард:
- дар радаҳо — капрал ё сержанти хурд.
- дар таҳмҳо — сержант.
- дар ваштҳо — мастер-сержант ё сержанти калон.
- дар гурдонҳо — штаб-сержант.
- дар ҳангҳо — сержант-майор, ки дертар майор номида шуд.
- дар ситоди сарфармондеҳи артиш (капитан-генерал) — генерал-сержант-майор, ки дертар генерал-майор номида шуд.
Дар Артиши Сурх дараҷаи «сержант» ҳамчун рутбаи шахсӣ 2 ноябри соли 1940 ҷорӣ шуда буд.
Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дараҷа 23 феврали соли 1993 ҷорӣ шудаву чаҳор рутба дорад:
- сержанти хурд,
- сержант,
- сержанти калон,
- старшина.
Дар нерӯҳои мусаллаҳ барои фармондеҳии ҳар ягони размӣ мақоми созмоние дар назар гирифта шудааст. Бино бар ойинномаҳои низомӣ, мақоми созмонии ин дараҷадорон фармондеҳии рада, тонк, зиреҳпӯш ва дигарҳо аст.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»
- ↑ Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392.. 4 сентябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2018.
- ↑ Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 1, с. 275.
- ↑ Коллектив авторов. Том 2, статья «Взвод» // Военная энциклопедия / Под ред. П.В. Грачёв. — М.: Воениздат, 1994. — С. 85. — 544 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-00299-1.
- ↑ Эдельман Д. И. Этимологический словарь иранских языков / Институт языкознания РАН. — М.: «Восточная литература», 2020. — Т. 6 (p—r̥). — С. 436. — 463 с. — 500 экз. — ISBN 5-02-018124-2; ISBN 978-5-02-039863-4 (в пер.).
- ↑ Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-57-6
- ↑ Сипаҳбад Муҳаммад Козимӣ. Фарҳанги вожаҳои низомӣ. – Теҳрон: Чопхонаи Артиши шоҳаншоҳӣ, 1355 (чопи дувум) – 440 саҳ. — с. 402
- ↑ Деҳхудо, Алиакбар. Луғатномаи Деҳхудо (нусхаи диҷитол) бар асоси нусхаи физикии 15-ҷилдии интишори соли 1377. — Муассисаи Луғатномаи Деҳхудо ва Маркази байнулмилалии омӯзиши забони форсии Донишгоҳи Теҳрон, 1399.
- ↑ Анварӣ, Ҳасан. Фарҳанги бузурги «Сухан». Ба сарпарастии Ҳасан Анварӣ, Теҳрон: «Сухан», 1381 –. 8 ҷ. мусаввар. ISBN 964-6961-98-3 (давра)
- ↑ Деҳхудо, Алиакбар. Луғатномаи Деҳхудо (нусхаи диҷитол) бар асоси нусхаи физикии 15-ҷилдии интишори соли 1377. — Муассисаи Луғатномаи Деҳхудо ва Маркази байнулмилалии омӯзиши забони форсии Донишгоҳи Теҳрон, 1399.
- ↑ Умед Ҷайҳонӣ: Агар раисҷумҳур тасмим гираду дастур диҳад, рутбаҳои низомӣ бечунучаро миллӣ мешаванд(тоҷ.) (23 February 2022).
- ↑ 12.0 12.1 W. Hinz, Altiranisches Sprachgut der Nebenüberlieferungen, Wiesbaden, 1975.
- ↑ 13.0 13.1 J. Marquart, Untersuchungen zur Geschichte von Eran I, Göttingen, 1896.
- ↑ Шаҳбозӣ, Алиризо Шопур. Ҷанг дар Эрони бостон // Ҷусторҳои эроншиносӣ. Теҳрон: Китоби марҷаъ, 1391.