Таҳмбон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Таҳмбон
Tajikistan-Army-OF-1c.png
Сардӯшии таҳмбон дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон
Кишвар  Tajikistan
Нерӯ Артиш
Кӯтаҳнивишт форсӣ: تهم‌بان
Ҳамто дар НАТО OF-1
Дараҷаи болотар Сарвашт
Дараҷаи поинтар Таҳмдор
Дараҷаҳои баробар

Таҳмбон (форсӣ: تهم‌بان‎) — дараҷае афсарӣ ва симате дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз сарвашт ва болотар аз таҳмдор мебошад; лейтенанти калон.

Таҳмбон дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати фармондеҳии таҳмро дорад, ки ягоне тактикиест, ки аз ду ё чанд гурӯҳ ташкил шуда ва бахше аз вашт аст; даста[1], взвод[2].

Вожашиносӣ[вироиш]

«Таҳмбон» аз як вожа ва як пасванд сохта шудааст: таҳм + бон. Мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (таҳм) + пасванд (-бон)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии иштиқоқӣ истифода шудааст. Пасванди «-бон» (форсӣ: بان، وان‎ [-bān, -vān] < порсии миёна: -bān, -vān < порсии бостон: *pāna- «нигаҳбон, посбон» < эронии бостон: √*- «поидан, нигаҳбонӣ кардан»+ -van) ба исм афзуда мешавад ва умуман маънии «нигаҳдоранда»-ро мерасонад[3].

Ин пасванд аз куҳантарин замонҳо дар вожасозӣ ба кор меравад. Чунончи, аз *xšaθra- «подшоҳӣ; кишвар» + *pāvan- «пойидан, нигаҳбонӣ кардан» дар порсии бостон «xšaθrapāvan»-ро сохтаанд, ки «šahrap» дар порсии миёна, «xšatrap» дар паҳлавӣ ва «шаҳрбон» дар форсии дарӣ аз он рӯидаанд. Ҳамчунин аз *kāra- «мардум-сипоҳ» + *pāna- «нигаҳбон, посбон» дар порсии бостон *kārapāna- «нигаҳбони сипоҳ, сипаҳбон» сохта шуда, ки kārwān «сипоҳ, лашкар» дар паҳлавӣ, kārvān «сипоҳ, лашкари омода ба ҷанг» дар порсии миёна ва kārvān, kārbān «корвони лашкариён; корвон» дар форсии дарӣ аз он боз мондаанд. Ин пасванд ҳамакнун ҳам дар сохтани истилоҳоти низомӣ фаровон ба кор меравад: шаҳрбон, халабон, новбон, дарёбон, сарвон, гурӯҳбон.

Таҳмбон таркибе кӯтоҳшуда аз «нигаҳбони таҳм» аст ва дар пайравӣ аз радабон, гурӯҳбон ва таҳмдор сохта шудааст.

Пешина[вироиш]

Таҳмдор ҳамчун симати низомӣ нахустин бор дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод — 224) пайдо шудааст. Чунончи, дар сафолнавиштаҳои ашконӣ аз солҳои 40-уми пеш аз милод, ки аз бойгонии шаҳри бостонии Нисо бозёфт шудаанд, истилоҳи «таҳмдор» (паҳлавӣ: tgmdr [tagm(a)dār]) бозхонӣ шудааст. Пажӯҳишгарон онро рӯбардор аз истилоҳи юн.-қад. τάγματάρχης ё τάγματάρχος «фармондеҳи тагма» донистаанд: паҳлавӣ: tagmadār > лот. tagma «легион» (> юн.-қад. τάγμα «рада; бахше аз сипоҳ, ҳанг») + паҳлавӣ: -dār «доранда; фармондеҳ»[4].

«Тагма» дар сипоҳи подшоҳии Руми Шарқӣ ягоне номида мешуд, ки 100—500 сарбозро дар бар мегирифт[5]. Ин истилоҳ дар паи ҷангҳои доманадори Руму Эрон дар замони Ашкониён аз румиён вом гирифта шуда ва дертар бо вожаи паҳлавии «taxm» ‘нерӯманд, диловар, далер, чобук’ (> эронии бостон: *taxma- > √*tak-тохтан, давидан[6] < порсии миёна: tḥmy [tahm] > форсӣ: تهم‎ [таҳм] ‘зӯрманд, паҳлавон[7]) инҳамон ва бо «нерӯ» мутародиф гаштааст.

Дар сипоҳи Сосониён (224651), ки созмони радабандии даҳдаҳиро аз сипоҳи Ашкониён ба ирс бурда буд[8], низ яке аз ягонҳо «таҳм» (порсии миёна: tḥmy) ном доштааст[9]. Ҳар таҳме 50 — 100 сарбозро дар бар мегирифта ва аз чанд «рада» (порсии миёна: radag) ташкил мешуда, ки ҳар кадоме 10 сарбоз доштааст[10].

Бино бар ин пешина ва додаҳо, «таҳм» ба ҷои «взвод» ва «таҳмдор» ба ҷои «лейтенант» (аз олмонӣ: Leutenant > фр. lieutenant «ҷонишин; муъовин») ва дар пайравӣ аз он вожаҳои «таҳмбон» ва «таҳмовар» сохтаву барои ҷойгузинии дараҷаҳои низомии «лейтенанти калон» ва «лейтенанти хурд» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[11].

Сарчашма[вироиш]

  1. Фарҳанги ҳазор вожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. — с. 107
  2. Коллектив авторов. Том 2, статья «Взвод» // Военная энциклопедия / Под ред. П.В. Грачёв. — М.: Воениздат, 1994. — С. 85. — 544 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-00299-1.
  3. Таботабоӣ, Алоъуддин. Фарҳанги тавсифии дастури забони форсӣ. – Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1395. – 640 с. ISBN 978-600-105-121-0. – с. 85.
  4. Лившиц В. А. Парфянская ономастика. — СПб.: — Петербургское лингвистическое общество, 2010. — 400 с., ил. — (Азиатика). ISBN 978-5-4318-0006-1. — сс. 13; 223
  5. Ҳамакнун ҳам дар Нерӯҳои мусаллаҳи Юнон гурдон ба забони юнонӣ «τάγμα» ва саргурд ё майор «τάγματάρχης» номида мешаванд.
  6. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Зери назари Баҳман Саркоротӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1383. ISBN 964-7531-28-1. — с. 75
  7. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 2, саҳ. 354—355
  8. Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2-5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
  9. Asha R. The Dates in the Pahlavīg and Pārsīg Inscriptions of Durā (Europos)
  10. Айвазян А. Терминология организационной структуры Армянской Армии в IV—V вв. // А. Айвазян. Армяно-персидская война 449—451 гг. Кампании и сражения.- Eреван: Воскан Ереванци, 2016; СПб.: Алетейя, 2017. С. 360—464.
  11. Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной

Нигаред низ[вироиш]