Jump to content

Дараҷаҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Дараҷаҳои Нерӯи заминии Артиш

[вироиш | вироиши манбаъ]
Афсарон
Радабандӣ Солорон Сардорон Саркардагон
Эрон Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон

Major General Major General Major General Brigadier General Brigadier General Colonel Lieutenant Colonel Major Captain First Lieutenant Second Lieutenant Third Lieutenant
ارتشبد
Артишбад
سپهبد
Сипаҳбад
سرلشکر
Сарлашкар
سرتیپ
Сартип
سرتیپ دوم
Сартипи дувум
سرهنگ
Сарҳанг
سرهنگ دوم
Сарҳанги дувум
سرگرد
Саргурд
سروان
Сарвон
ستوان یکم
Сутвони якум
ستوان دوم
Сутвони дувум
ستوان سوم
Сутвони севум
Тоҷикистон Ҳамто дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон[1] Генерали артиш Генерал-полковник Генерал-лейтенант Генерал-майор Полковник Подполковник Майор Капитан Лейтенанти калон Лейтенант Лейтенанти хурд


Дараҷадорон ва сарбозон
Радабандӣ Устуворон Гурӯҳбонон Сарбозон
Эрон Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон

استوار یکم
Устувори якум
استوار دوم
Устувори дувум
گروهبان یکم
Гурӯҳбони якум
گروهبان دوم
Гурӯҳбони дувум
گروهبان سوم
Гурӯҳбони севум
سرجوخه
Сарҷӯха
سرباز یکم
Сарбози якум
سرباز دوم
Сарбози дувум
سرباز
Сарбоз
Тоҷикистон Ҳамто дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Прапоршик Старшина Сержанти калон Сержант Сержанти хурд Ефрейтор Қаторӣ

Дараҷаҳои Нерӯи ҳавоии Артиш

[вироиш | вироиши манбаъ]
Афсарон
Радабандӣ Солорон Сардорон Саркардагон
Эрон Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон

Артишбад
ارتشبد
Сипаҳбад
سپهبد
Сарлашкар
سرلشکر
Сартип
سرتیپ
Сартипи дувум
سرتیپ دوم
Сарҳанг
سرهنگ
Сарҳанги дувум
سرهنگ دوم
Саргурд
سرگرد
Сарвон
سروان
Сутвони якум
ستوان یکم
Сутвони дувум
ستوان دوم
Сутвони севум
ستوان سوم
Тоҷикистон Ҳамто дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон[1] Генерали артиш Генерал-полковник Генерал-лейтенант Генерал-майор Полковник Подполковник Майор Капитан Лейтенанти калон Лейтенант Лейтенанти хурд
Дараҷадорон ва сарбозон
Радабандӣ Устуворон Гурӯҳбонон Сарбозон
Эрон Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон

Устувори якум
استوار یکم
Устувори дувум
استوار دوم
Гурӯҳбони якум
گروهبان یکم
Гурӯҳбони дувум
گروهبان دوم
Гурӯҳбони севум
گروهبان سوم
Сарҷӯха
سرجوخه
Сарбози якум
سرباز یکم
Сарбози дувум
سرباز دوم
Сарбоз
سرباز
Тоҷикистон Ҳамто дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Прапоршик Старшина Сержанти калон Сержант Сержанти хурд Ефрейтор Қаторӣ

Дараҷаҳои Нерӯи дарёии Артиш

[вироиш | вироиши манбаъ]
Афсарон
Радабандӣ Солорон Сардорон Саркардагон
Эрон Нерӯи дарёӣ

Дарёбад
Дарёсолор
Дарёбон
Дарёдор
Дарёдори дувум
Нохудо якум
Нохудо дувум
Нохудо севум
Новсарвон
Новбон якум
Новбон дувум
Новбон севум
Дараҷаҳои пешниҳодӣ Новгонсолор Дарёсолор Дарёбон Дарёдор Новхудо якум Новхудо дувум Новхудо севум Новсарвон Новбон якум Новбон дувум Новбон севум


Дараҷадорон ва сарбозон
Радабандӣ
Новустуворон Маҳновиён Новиён

Новустувори якум
Новустувори дувум
Маҳновии якум
Маҳновии дувум
Маҳновии севум
Сарновӣ
Новии якум
Новии дувум
Новӣ
Дараҷадорон
ва сарбозон
Новдор якум Новдор дувум Маҳновии якум Маҳновии дувум Маҳновии севум Сарновӣ Новии якум Новии дувум Новӣ
Афсарон
Радабандӣ[2] Солорон Сардорон Саркардагон

Армейский генерал Корпусный генерал Дивизионный генерал Бригадный генерал Brigadier General Полковник Подполковник Майор Капитан First Lieutenant Second Lieutenant Third Lieutenant
Артишбади посдор Сипаҳбади посдор Сарлашкари посдор Сартипи посдор Сартипи дувуми посдор Сарҳанги посдор Сарҳанги дувуми посдор Саргурди посдор Сарвони посдор Сутвони якуми посдор Сутвони дувуми посдор Сутвони севуми посдор
Тоҷикистон Ҳамто дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон[1] Генерали артиш Генерал-полковник Генерал-лейтенант Генерал-майор Полковник Подполковник Майор Капитан Лейтенанти калон Лейтенант Лейтенанти хурд
Дараҷадорон ва сарбозон
Радабандӣ Размдорон Размоварон Сарбозон

Размдори якуми посдор
Размдори дувуми посдор
Размовари якуми посдор
Размовари дувуми посдор
Размовари севуми посдор
Размёри посдор
Сарбози якуми посдор
Сарбози дувуми посдор
Сарбоз
Тоҷикистон Ҳамто дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Прапоршик Старшина Сержанти калон Сержант Сержанти хурд Ефрейтор Қаторӣ

Таърихчаи дараҷаҳои низомии Эрон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Деринатарин ёдкард аз нерӯҳои размии ниёкони эрониён дар «Авесто» ва сангнавиштаҳои шоҳаншоҳони Ҳахоманишӣ боз монда, ки «*kāra-» ‘мардум-сипоҳ’ (< ҳиндуурупоӣ: «*koro-s, *kori̯o-s» ‘ҷанг; сипоҳ, лашкар’ < олмонӣ: «Heer» ‘артиш; нерӯи заминӣ’; инглисии куҳан: «Here» ‘артиш’)[3] ва «*spāda-» ‘сипоҳ’ хонда шудаанд.

Дар нерӯҳои размии Эрони бостон нақши вижаеро гардунасаворон доштанд, ки дар «Авесто» «raθaē-štar-» (аз авестоӣ: «raθa-»гардуна’ + авестоӣ: «štar-»истода’) номида шудаанд[4]. Ҳамин вожа дар забони порсии миёна: artēštār шуда ва «артиш» аз он гирифта шудааст[5].

Сипоҳи Ҳахоманишиён

[вироиш | вироиши манбаъ]
Сипоҳи Ҳахоманишиён
Ягонҳо Шумори нерӯҳо Фармондеҳ
*daθa- 10 сарбоз *daθapati-
*θata- 100 сарбоз *θatapati-
*hazāra- 1 000 сарбоз *hazārapati-
*baivara- 10 000 сарбоз *baivarapati-
*spāda- 60 000 сарбоз *spādapati- ё *kārana-

Нерӯҳои мусаллаҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) бар пояи радабандии даҳ-даҳӣ созмон ёфтаву ба забони порсии бостон: «*spāda-» [сипоҳ] хонда мешудаанд. Дар сипоҳи Ҳахоманишиён аз 10 сарбоз як «*daθa-» [даҳа] ташкил мешуда ва сардораш «*daθapati-» [даҳбад] хонда мешудааст[6]. Аз 10 даҳа як *θata- [сада] ташкил мешуда ва фармондеҳаш «*θatapati-» [садбад] номида мешудааст[7]. Аз 10 сада як «*hazāra-» [ҳазора] ташкил мешуда ва фармондеҳаш «*hazārapati-» [ҳазорбад] хонда мешудааст[8]. Аз 10 ҳазора як «*baivara-» [бевара] ташкил мешуда, ки фармондеҳаш «*baivarapati-» [беварбад] номида мешудааст[9]. Сарфармондеҳи сипоҳи Ҳахоманишиён «*spādapati-» [сипаҳбад] ва ё «*kārana-» [коран] хонда мешуда, ки аз ҳамон «*kāra-» рӯидааст[10].

Агар шумори нерӯҳои ин ягонҳоро бо воҳидҳои низомии артишҳои имрӯзӣ ҳамсанҷӣ кунем, даҳа бо отделение, сада бо рота, ҳазора бо полк, бевара бо дивизия ва сипоҳ бо армия баробар мешаванд. Бо ҳамин қиёс, даҳбад бо сержант ё старшина, садбад бо лейтенант ё капитан, ҳазорбад бо майор ё полковник, беварбад бо генерал-майор ё генерал-лейтенант ва сипаҳбад бо генерал-полковник ё генерали артиш баробар мешаванд.

Сипоҳи Ашкониён

[вироиш | вироиши манбаъ]
Сипоҳи Ашкониён
Ягонҳо Шумори нерӯҳо Фармондеҳ
*radag 10 сарбоз *radagpān
wast 100 сарбоз wast-sālār
drafš 1 000 сарбоз drafš-sālār
gund 10 000 сарбоз gund-sālār
spāδ 50 000 сарбоз spāδpat ё spāδbad

Дудмони паҳлавии Ашкониён (Соли 250 п.м.224), ки ҷойгузини дудмони юнонии Селевкиён (31264 п.м.) шуд, созмони радабандии даҳдаҳии сипоҳи Ҳахоманишиёнро ба кор гирифт[11]. Радабандии сипоҳи Ашкониён чунин будааст[12]:

Дар сипоҳи Ашкониён даҳаҳо ба забони паҳлавӣ *radag (рада), садаҳоwast [васт], ҳазораҳоdrafš [дирафш], бевараҳоgund [гунд] номида мешуданд[13]. Фармондеҳони ин ягонҳо мутаносибан wast-sālār [васт-солор], drafš-sālār [дирафш-солор] ва gund-sālār [гунд-солор] хонда мешуданд[14]. Нерӯҳои мусаллаҳи Ашкониён низ чун замони Ҳахоманишиён spāδ [сипоҳ] ва фармондеҳашон spāδpat ё spāδbad [сипаҳбад] номида мешуд[15].

Бояд гуфт, ки сипоҳи подшоҳии Арманистон, ки фармонбардори Эрон буд, низ ҳамчун сипоҳи Ашкониён ба «гунд», «дрош» ва «вашт» бахшбандӣ мешуд[16]. Ҳануз ҳам дар Нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон рота ба забони арманӣ. «Վաշտ» [вашт], ҳанг — «գունդ» [гунд] ё «Զորագունդ» [зӯрагунд], сарҳанг — «Գնդապետ» [гндапет] ва генерал-полковник — «գեներալ—գնդապետ» [general-gndapet] номида мешаванд.

Сипоҳи Сосониён

[вироиш | вироиши манбаъ]
Сипоҳи Сосониён
Ягонҳо Шумори нерӯҳо Фармондеҳ
radag 10 сарбоз *radagbān
tahm 100 сарбоз tahmdār
wašt 500 сарбоз wašt-sālār
drafš 1 000 сарбоз drafš-sālār
gund 5 000 сарбоз gund-sālār
spāh 10 000 сарбоз spāhbed
artēštārān artēštārān-sālār

Нерӯҳои мусаллаҳи Сосониёнро «spāh» (сипоҳ) меномиданд, ки бузургтарин ягони он «gund» (гунд)[4] будаву 5 000 сарбозро дар бар мегирифта ва фармондеҳашро «gund-sālār» (гундсолор) мехонданд[17]. Ҳар гунде аз чанд «drafš» (дирафш) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 1 000 сарбоз дошт. Ҳар дирафше аз ду «wašt» (вашт) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 500 сарбоз дошт. Ҳар ваште аз чанд «tahm» (таҳм)[18] созмон меёфт, ки ҳар кадоме 100 сарбоз доштанд. Ҳар таҳме аз чанд «radag» (рада)[19] ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 10 сарбозро дар бар мегирифт. Фармондеҳи дирафш «drafš-sālār» (дирафшсолор)[17], фармондеҳи вашт «wašt-sālār» (ваштсолор)[17], сардори таҳм «tahmdār» (таҳмдор)[20] ва сардори рада эҳтимолан «*radagbān» (радабон) номида мешуд.

Фармондеҳи сипоҳ «spāhbed» (сипаҳбад) хонда мешуд[21]. Дар шоҳаншоҳии Сосонӣ баландпоятарин мақоми низомӣ пас аз шоҳаншоҳ «artēštārān-sālār» (артишдоронсолор) буд[22][23], ки бино бар қаринаҳо, унвони дигаре барои «Эрон сипоҳбед» (порсии миёна: Ērān spāhbēd) аст, ки то замони подшоҳии Хусрав Анӯшервон болотарин мақоми низомӣ дар шоҳаншоҳии Сосониён буд[24].

Бо таваҷҷуҳ ба ҳамномии ягонҳои размии сипоҳи Арманистон бо Эрон дар замони Сосониён, метавон гуфт, ки шумори нерӯҳо дар ягонҳои размии сипоҳи Сосониён низ бо сипоҳи Арманистон ҳамсону баробар будааст. Чунончи, дар сипоҳи Арманистон ҳар гунд аз ду ё се дирафш ташкил меёфт ва дирафш низ, агар онро бо коҳорт (ягони размии сипоҳи Рум, ки маъмулан аз 500 – 600 сарбоз ташкил мешуд) ҳамсанҷӣ кунем, аз ду вашт созмон меёфтааст. Дар садаҳои IV — V милодӣ нерӯҳои размии подшоҳии Арманистон аз сипоҳҳо (ҳар кадоме 10 ҳазор сарбоз доштаанд), гундҳо (2 000 – 3 000 сарбоз), дирафшҳо (1 000 сарбоз), ваштҳо (500 сарбоз) ва ҳамчунин ягонҳои хурдтар – садаҳо ва даҳаҳо ташкил мешудаанд. Ин сохтори созмонии сипоҳи Арманистон ҳамсониҳои бисёре бо сипоҳи Рум ва бештар аз он бо сипоҳи Эрон дар замони подшоҳии Сосониён дошт[25]. Аз деворнивиштаҳои сипоҳиёни Сосонӣ дар куништи яҳудиёни шаҳри Дура-Европос метавон донист, ки садаҳо таҳм ва даҳаҳо рада номида мешудаанд[26].

Чуноне ки аз ҷадвали радабандии сипоҳи Сосониён дида мешавад, сохтори сипоҳи Сосониён ба сохтори артишҳои имрӯзӣ наздиктар аст. Чунончи, аз рӯи шумори нерӯҳо рада бо отделение, таҳм бо рота, вашт бо батальон, дирафш бо полк, гунд бо бригада ва сипоҳ бо дивизия баробар аст. Бо ҳамин қиёс, радабон бо сержант ё старшина, таҳмдор бо лейтенант ё капитан, ваштсолор бо майор, дирафшсолор бо полковник, гундсолор бо генерал-майор ё генерал-лейтенант ва сипаҳбад бо генерал-полковник ё генерали артиш баробар будаанд.

  1. 1.0 1.1 1.2 Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной
  2. IRGC Rank Insignia Guide. slideshare. AEI's Critical Threats Project (31 October 2012).
  3. Эдельман Д. И. Этимологический словарь иранских языков / Институт языкознания РАН. — М.: Издательская фирма «Восточная литература» РАН, 2011. — Т. 4 (i—k). — 416 с. — 800 экз. — ISBN 5-02-018124-2, ISBN 978-5-02-036478-3. (в пер.). — стр. 389—391
  4. 4.0 4.1 Tafazzoli A. Sasanian Society. I. Warriors. II. Scribes. III. Dehqāns. N.Y., 2000.
  5. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-55-2. ҷ. 1, с. 162.
  6. W. Hinz, Altiranisches Sprachgut der Nebenüberlieferungen, Wiesbaden, 1975, p. 87
  7. Hinz, op. cit., p. 240
  8. J. Marquart, Untersuchungen zur Geschichte von Eran I, Göttingen, 1896, p. 57
  9. Marquart, op. cit., p. 19 n. 84
  10. Шаҳбозӣ, Алиризо Шопур. Ҷанг дар Эрони бостон // Ҷусторҳои эроншиносӣ. Теҳрон: Китоби марҷаъ, 1391. – саҳ. 55 – 95
  11. Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
  12. Ilkka SYVÄNNE * (University of Haifa, Israel) Parthian Cataphract vs. the Roman Army 53 BC-AD 224
  13. Farrokh, Kaveh. Sassanian Elite Cavalry AD 224-642. Oxford: Osprey, 2005. ISBN 1841767131. — с. 6—7
  14. Ҷалолӣ, Эраҷ. Артиши Эрон дар асри Сосониён. Теҳрон: Вадиъат, 1384. – 170 с. ISBN 964-7805-48-9.
  15. A. Sh. Shahbazi, “ARMY i. Pre-Islamic Iran,” Encyclopædia Iranica, II/5, pp. 489-499
  16. Айвазян А. Терминология организационной структуры Армянской Армии в IV—V вв. // А. Айвазян. Армяно-персидская война 449–451 гг. Кампании и сражения.– Eреван: Воскан Ереванци, 2016; СПб.: Алетейя, 2017. С. 360-464.
  17. 17.0 17.1 17.2 Kaveh Farrokh, Gholamreza Karamian, Katarzyna Maksymiuk. A Synopsis of Sasanian Military Organization and Combat Units, Siedlce-Tehran 2018. — ISBN 978-83-62447-22-0. — c. 13
  18. Asha R. The Dates in the Pahlavīg and Pārsīg Inscriptions of Durā (Europos). 25 октябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 августи 2016.
  19. Дмитриев В.А. Военная разведка в сасанидском Иране: организация деятельности и источники информации // Вестник Нижегородского университета им. Н.И. Лобачевского. 2016. № 1. С. 9–22. Прим. 12 на стр. 18

    ... Впрочем, из среднеперсидских эпиграфических источников середины III в. н.э. (граффити в Дура-Европосе, датируемые 253 г.) известно о существовании армейских писцов (видимо, более низкого ранга, нежели dabīr-i sipāh), называвших себя dibīr-ī tahm и dibīr-ī radag [24, c. 244; 25].

  20. Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 145. сн. 18

    В документе Nov 280 из архива Старой Нисы фигурируют два лица, носящие звание tgmdr («начальник тагмы»), состоящее из двух частей – греч. «τάγμα» («легион») и парф. dār («начальствующий»). Предполагается, что это звание – калька с римского военного термина в греческой передаче «τάγματάρχος» ‘начальник легиона’, появившееся в парфянском военном лексиконе как раз в связи с депортацией воинов Красса в восточные районы Парфии, где они были организованы в отряды под началом парфянских тагмадаров и, в том числе, трудились на сельскохозяйственных работах [Дьяконов, Ливщиц 1966: 148 – 152]. Кстати, слово «тагма» в пехлевийской форме tḥmy как обозначение воинского подразделения зафиксировано в надписи, оставленной сасанидскими солдатами в синагоге Дура-Европос [Луконин 1987: 266, примеч. 62].

  21. Daryaee, Touraj. Sasanian Persia: The Rise and Fall of an Empire. — ISBN 978 1 85043 898 4
  22. W. Sundermann. ARTĒŠTĀRĀN SĀLĀR, Encyclopædia Iranica. Vol. II, Fasc. 6, p. 662
  23. Дьяконов М. М. Очерк истории древнего Ирана. М., 1961. С. 291
  24. Artēštārān-sālār // Донишномаи Эрон, ҷ. 2, 2503. 23 октябри 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 октябри 2012.
  25. Айвазян А. Терминология организационной структуры Армянской Армии в IV—V вв. – саҳ. 365.
  26. Asha R. ҳамон ҷо.