Jump to content

Ишқобод

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Aşgabat)
Шаҳр
Ишқобод
туркманӣ: Aşgabat
Нишон
Нишон
37°57′ с. ш. 58°23′ в. д.HGЯO
Кишвар Туркманистон
Тақсимоти дохилӣ 6 этрап
Ҳоким Дурдилиев Шомуҳаммад[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 1881
Масоҳат
  • тақрибан 765 км²[5][6]
Баландии марказ 219 ± 0 м
Минтақаи замонӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Номи қавмӣ ашхабадец, ашхабадка, ашхабадцы
Забони расмӣ забони туркманӣ
Шиносаҳои ададӣ
Нишонаи почта 744000 — 744901
Коди мошин AG
Дигар
День города 25 мая[1]
Неофициальные названия Беломраморная столица[2][3],
Город любви[4]

ashgabat.gov.tm
(рус.)(туркман.)
Ишқобод дар харитаи
Ишқобод
Ишқобод
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ишқобод (форсӣ: عشق‌آباد‎), Ашқобóд (туркманӣ: Aşgabat), Ашкобод, (то соли 1919 Асхабат, солҳои 1919–1927 Полторатск) — пойтахти Ҷумҳурии Туркманистон. Ишқобод мақоми вилоят дорад.

Ишқобод дар ҷануби кишвар, дар ҳамвории назди доманаи кӯҳи Копетдоғ (минтақаи зилзиладор) дар воҳаи Аҳал ҷой гирифтааст (дар баландии 214–240 м аз сатҳи баҳр). Дар зилзилаи сахти соли 1948 шаҳр тамоман хароб гардида, зиёда аз 160 ҳазор нафар ҳалок шудаанд. Аҳолиаш 827,5 ҳазор нафар (2009).

Роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан марказро бо вилоятҳо пайваст мекунанд. Аз шимоли Ишқобод наҳри Қароқум мегузарад. Дорои фурудгоҳ ва роҳи оҳани байналмилалист.

Вокзали Ишқобод (1901)
Кӯчаи хиштӣ дар Ишқобод (1913)

Ишқобод соли 1881 чун истеҳкоми ҳарбии Россия дар ҷойи харобаи Асхабат бунёд ёфтааст. Таърихи қадимӣ ва асримиёнагии Ишқобод бештар мутааллиқ ба шаҳри Нисо аст. Аз он ҷо ёдгорҳои замони Ашкониён ёфт шудааст, ки ба таърихи яке аз давлатҳои бузурги аҷдоди тоҷикон — Ашкониён тааллуқ доранд. Аз охири садаи XIX ва аввали садаи XX Ишқобод маркази ҳаракати инқилобии Закаспий (паси Каспий) буд. Аз соли 1882 маркази вилояти Закаспийи генерал-губернатории Туркистон гардид. Баъди насби роҳиоҳани Закаспий (1885) ба маркази муҳимми алоқаи тиҷоратии Империяи Россия бо мамлакатҳои Шарқ (махсусан Эрон) табдил ёфт. Моҳи декабри 1917 дар Ишқобод ҳокимияти шӯравӣ барқарор шуда, июли 1918 Ишқободро эсэрҳо-дастаи гордҳои сафед ишғол карданд. 9 июли 1919 шаҳр боз ба дасти болшевикон гузашт. Солҳои 1919-24 Ишқобод маркази ҶҲШС Туркистон дар ҳайати РСФСР буд. Бо ташкил шудани ҶШС Туркманистон (27 октябр 1924) пойтахти он гардид.

Ёдгориҳои таърихӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар атрофи Ишқобод ёдгорҳои таърихӣ-бостоншиносӣ боқӣ мондаанд. Муҳимтарини онҳо харобаҳои мақбараи Анов (9 км шарқтар) ва мамнӯъгоҳи шаҳри қадимаи Нисои Куҳна мебошад.

Ишқобод калонтарин маркази иқтисодию саноатии мамлакат мебошад. Соҳаҳои асосии саноаташ: мошинсозӣ, коркарди филизз, нассоҷӣ, хӯрокворӣ, масолеҳи бинокорӣ, электротехникӣ. Комбинати шишасозии Ишқобод дар Осиёи Марказӣ калонтарин мебошад. Ишқобод фабрикаи қолинбофӣ дорад.

Дар охири садаи XX баъди заминларза шаҳр аз нав обод гардид. Биноҳои нави ба зилзила тобовар сохта шуданд. Ибтидои садаи XXI аз рӯйи лоиҳаи меъморони хориҷӣ дар маркази шаҳр бинои Шӯрои Халқ, Қасри эҳёи миллӣ, иншооти майдони Бетарафӣ, бинои фурудгоҳи байналмилалӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Аз соли 1991 сар карда дар Ишқобод биноҳои бо услуби шарқӣ иморатшуда қомат афрохтанд.

Манзараи шаби шаҳри Ишқобод

Илм, маориф ва фарҳанг

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ишқобод маркази илм ва фарҳанги Ҷумҳурии Туркманистон мебошад. Дар Ишқобод Академияи Илмҳо Туркманистон, 35 муассисаи таҳқиқоти илмӣ, зиёда аз 10 мактаби олӣ (донишгоҳҳои тиббӣ, политехникӣ, санъат, кишоварзӣ), театрҳо, (аз ҷумла Театри опера ва балети Туркманистон, Театри академии драмаи ба номи Мулло Нафас), нашриёт («Туркманистон» ва «Илм»), осорхонаҳо (Осорхонаи санъати тасвирӣ, осорхонаи таъриху этнография, с. таъсис 1881), китобхонаҳо, сирк, варзишгоҳҳо (калонтаринаш «Копетдоғ»), филармонияи давлатӣ, киностудияи «Туркманфилм», маркази телевизион, пойгоҳҳои радиошунавонӣ фаъолият доранд.

Дар Ишқобод рӯзнома ва маҷаллаҳо ба забони туркманӣ ва русӣ нашр мешаванд. «Ашгабат акшами» нашрияи ҳукумати шаҳри Ишқобод мебошад. Дар масофаи 39 км аз Ишқобод дар доманаи шимолу шарқии Копетдоғ шаҳрчаи курортии Фирӯза ҷой гирифтааст.

Муносибатҳои байналмилалӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бародаршаҳрҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Малколм Колледж. Парфяне. М. 2004;
  • Новая российская энциклопедия. Т. 2. Москва, 2005.