Ноҳияи Сангвор
Ноҳияи Тавилдара | |
---|---|
Донистаниҳо | |
Кишвар : | Тоҷикистон |
Вилоят : | Ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ |
Марказ: | Ҷамоати Тавилдара |
Замони таъсис : | 27 октябри соли 1939 |
Раиси ноҳия: | |
Ҷуғрофиёи табиъӣ | |
Паҳноварӣ : | км² |
Шумораи шаҳракҳо : | 0 |
Шумораи ҷамоатҳо : | 5 |
Мардум | |
Аҳолӣ (2022) : | 25,1 ҳаз. кас[1] |
Забони расмӣ : | тоҷикӣ |
Забонҳои гуфторӣ : | тоҷикӣ |
Мазҳаб : | ҳанафӣ |
Нишониҳо | |
Сарвожа : | TV |
ISO-намоя : | TJ.RR.TV |
Пешшумора : | +992 3156 |
Нишонии почта : | 737450 |
Замон : | UTC+5 |
Вебгоҳ : | .tj |
Шумораи мошинҳо : | 01TJ |
Ноҳияи Сангвор, аввал Тавилдара (форсӣ: ناحیۀ طویلدره) — яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар кишвари Тоҷикистон аст.
Ин ноҳия 27 октябри соли 1939 дар бахше аз вилояти Ғарми ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта аст.
Маркази ин ноҳия шаҳраки Тавилдара аст, ки 190 км шарқтар аз шаҳри Душанбе дар канори рӯди Хингоб ҷойгир аст.
Ҷойгоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ноҳияи Сангвор дар дараи рӯди Хингоб ва доманаи кӯҳистони Помир ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Тоҷикобод, дар шимолу шарқ — бо ноҳияи Лахш, дар шимолу ғарб — бо ноҳияи Рашт, дар ғарб — бо ноҳияи Нуробод аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар ҷанубу ғарб — бо ноҳияи Ховалинг аз ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар ҷануб — бо ноҳияи Дарвоз, дар ҷанубу шарқ — бо ноҳияи Ванҷ ва дар шарқ — бо ноҳияи Мурғоб аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаммарз аст.
Мардум
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар соли 1939 ноҳияҳои Сангвор (10961 нафар) ва Тавилдара (17916 нафар) дар якҷоягӣ 28877 нафар аҳолӣ доштанд, ки аз онҳо 28469 нафар (ё 98,6%) тоҷик буданд.
Бино бар саршумори январи соли 2010, дар ин ноҳия 19,4 ҳаз тан бошанда будааст.[2] Мардуми ноҳияи Сангвор ба забони тоҷикӣ сухан мегӯянд.
сол | 2010 | 2014 | 2015 | 2019 | 2020 |
---|---|---|---|---|---|
шумора (ҳаз. нафар) |
19,4 | ↗20,7 | ↗21,2 | ↗22,9 | ↗23,3 |
Бахшбандӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Сангвор 5 ҷамоати деҳот дорад[3]:
Ҷамоатҳои ноҳияи Сангвор | |||||||||||
Ҷамоат | Аҳолӣ | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Тавилдара | 4067 | ||||||||||
Заршӯён | 4149 | ||||||||||
Чилдара | 4444 | ||||||||||
Вахио | 2847 | ||||||||||
Ваҳдат | 2112 |
Ҳукумат
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарвари ноҳияи Сангвор Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Сангвор — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Сангвор ба муддати 5 сол интихоб мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 23 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
- ↑ |Шумора ва ҷойгиршавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷилди I (нашри расмӣ) - Душанбе: "Ирфон", 2012, - с.27. 18 феврали 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 сентябри 2016.
- ↑ List of Jamoats. UN Coordination, Tajikistan. 27 июни 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 феврали 2012.