Камоли Хуҷандӣ
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Камолиддин |
Тахаллусҳо: | Камоли Хуҷандӣ, Камолиддини Табрезӣ, Шайх Камол |
Номи пурра | Камолиддин Масъуд |
Таърихи таваллуд: | 1318/1321 |
Зодгоҳ: | шаҳри Хуҷанд |
Таърихи даргузашт: | 1401 |
Маҳалли даргузашт: | Табрез, Эрон |
Навъи фаъолият: | шоир |
Самт: | сабки суфӣ |
Жанр: | ғазал |
Забони осор: | забони тоҷикӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ (порсӣ: کمالالدین مسعود خُجندی , маъруф ба Шайх Камол; 1321, Хуҷанд — 1400, Табрез, Қара-Қуюнлӯ[d]) — ориф, сӯфӣ, зоҳид ва шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Камоли Хуҷандӣ дар соли 1321 дар шаҳри Хуҷанд дида ба ҷаҳон кушодааст. Ҷавонияш дар зодгоҳаш гузашта ва маълумоти ибтидоиро низ дар он ҷо омӯхтааст. Сипас таҳсили улумро дар шаҳрҳои Самарқанду Шош давом додааст. Вай дар ҳузури устодон аз китоби машҳури Саккокӣ «Мифтоҳ», ки дар он айём асоси таълими забон ва адабиёт ба шумор мерафт, «Алкашшоф»-и Замахшарӣ, «Матолеъ», «Мисбоҳ» ва ғайра дарс омӯхтааст. Камол яке аз донишмандони бузурги замони худ буд.
Камоли Хуҷандӣ пас аз сафари ҳаҷ ба Макка, дар шаҳри Табрез монд ва дигар ба зодгоҳаш барнагашт. Вай дар Табрез зиндагии ороме ёфта ва вопасин рӯзҳояшро низ дар ин шаҳр гузарондааст. Ба дастури султон Увайс барои шоир дар доманаи хушбоду ҳавои Волиёнкӯҳ хона ва боғ сохта шуд ва хонагоҳи Камоли Хуҷандӣ маҷлисгоҳи шоирону орифон шуд.
Шайх Камоли Хуҷандӣ ҳангоми тохтутози Тӯхтамишхон ба Табрез ҳамроҳ бо дигар асирону ғаниматҳо ба шаҳри Сарой бурда шуд ва чаҳор (ё ёздаҳ) сол дар он шаҳр монд. Асорату ғурбатро бо ёди Табрезу дӯстони табрезияш ба сар бурд ва ниҳоят дубора ба Табрез баргашт.
Камоли Хуҷандӣ соли 1401 дар Табрез даргузашт ва дар боғаш ба хок супорда шуд. Дар канори оромгоҳаш нигоргарон Камолиддин Беҳзод ва Султон Муҳаммад Наққош ва шоирон Машрабии Шервонӣ ва Тусӣ низ хобидаанд.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Пас аз даргузашташ танҳо 14 ҳазор байт аз шеърҳояшро ёфтанд аз он шумор то замони мо танҳо 7 ҳазор (ё зиёда то 8 ҳазор) байт расидааст. Ашъори пуррааш нашр нашудааст.
Ин чанд байт аз ашъори Камол аст:
- Дил муқими кӯи ҷонон асту ман ин чо ғариб,
- Чун кунад бечораи мискинтан танҳо ғариб.
- Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,
- Дар ҷаҳон то чанд гардам бесару бепо ғариб.
- Чун ту дар ғурбат наяфтодӣ, чи донӣ ҳоли мо,
- Меҳнати ғурбат надонад ҳеч кас, илло ғариб!
- Ҳаргиз аз роҳи карам рӯзе напурсидӣ, ки чист
- Ҳоли зори мустаманде, монда дур аз мо ғариб.
- Чун дар ин даврон намеафтад касе бар ҳоли мо,
- Дар чунин шаҳре, ки мебинӣ, ки афтад бо ғариб
- Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол,
- Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибо, во ғариб!
Ривояту афсонаҳо дар бораи Камол
[вироиш | вироиши манбаъ]Достони зер аз Ибни Карбалоӣ дар бораи муршидаш Амир Сафиуддиншоҳи Муҷтабо (даргузашта ба 983 ҳ. /1575 м.) намунае аз афсонаҳоест, ки дар бораи Камоли Хуҷандӣ пардохта шуда:
« Ҳазрати Махдумӣ, адомаллоҳу баракотиҳи, фармуданд, ки дар таърихи иҳдо ва арбаъина ва тисъумиа (941ҳ./1534 м.), ки румия ба Табрез омада буданд, мардумро андешаи тамом буд, ки лашкари бегонаанд, мабодо, ки қатли ом кунанд ё наҳбу ғорату сабӣ намоянд. Ва дар он валомарази тоун низ дар миёни мардум буд. Аз он низ андешаи тамом буд, ки охир чи шавад? То рӯзе байназзуҳрайн азизе, аҳли диле, Мавлоно Абдуллоҳ ном, ташриф оварданд ба манзили мо ва фармуданд, киимрӯз чун намози зуҳр гузоридам, бар сари саҷҷода маро ғайбате шуд.Дидам, ки манзили васеъе аст, бар болои он манзил ҷое, ки садрхона аст, пири басафое нишаста. Мегӯянд, ки ин Шайх Камоли Хуҷандӣ аст. Дар ин асно, шахси дигар ба ин маҷлис дармеояд, Ҳазрати Шайх ба таъзими вай нимхез мешаванд. Касе мегӯяд, ки ин султонулорифин Абӯязиди Бастомӣ аст. Баъд аз он ҳазрати Шайх Камол мефармоянд, ки мо понсад касем, ки муҳофизати ин шаҳр мекунем, ки балое нозил
нашавад ба ин ҷо ва ба султонулорифин мегӯянд, ки шумо низ аз он ҷумлаед. Чун ин фармуданд, маро ифоқат рӯй намуд. Филфавр ба мулозимати шумо омадам, ки ин воқеаро маъруз дорам; иншоаллоҳу таоло ташвише нахоҳад буд. Ончунон шуд, ки он азиз гуфта буд, ҳеч гуна балия рӯй нанамуд»
.
Бузургдошт
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1996 пайкараи Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд гузошта шудааст. (муаллиф — Камолидин Нурматович Надиров)[1]. Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Хуҷанд баъд аз соҳиб гардидан ба истиқлоли Тоҷикистон ба номи Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ иваз карда шудааст Боғи навсозишудаи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо пайкараи ӯ, мақбара ва хонаю чорбоғи рамзии ин шоири ширинкаломи тоҷик, дар шаҳри Хуҷанд 21 марти соли 2015 ифтитоҳ ёфт.[2].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гозургоҳӣ, Камолиддин Ҳусайн. Маҷолис-ул-ушшоқ. Нусхаи хаттии китобхонаи Боблеан (Bobleian Library Add). MS Ouesley 2r.
- Ёсамӣ, Ғуломризо Рашид. Шарҳи аҳволи Салмони Соваҷӣ, — Теҳрон, 1337.
- Ибни Баттута. Сафарнома /Тарҷумаи Муҳаммадалии Муваҳҳид, — Теҳрон, 1337.
- Ибни Карбалоӣ, Ҳофиз Ҳусайн. Равзот-ул-ҷинон ва ҷаннот-ул-ҷанон /Ба тасҳеҳ ва таълиқи Ҷаъфар Султон ал-Қиронӣ, — Теҳрон, 1344, ҷ.
- Машкур, Муҳаммадҷавод. Фитнаи ҳуруфия //Баррасиҳои таърихӣ, шумораи 6, — Меҳр-Обон 1348.
- Мукотиботи Рашидӣ /Ба саъю кӯшиши Муҳаммад Шафеъ, — Лоҳур, 1364, мактуби 51.
- Самарқандӣ, Давлатшоҳ. Такират-уш-шуаро /Ба тасҳеҳи Муҳаммад Аббосӣ, — Теҳрон, 1337.
- Сафо, Забеҳуллоҳ. Таърихи адабиёт дар Эрон. — Теҳрон, 1338—1356, ҷ. 3.
- Хондамир, Ғиёсиддин. Ҳабиб-ус-сияр фӣ ахбори афроди башар. — Теҳрон: Китобхонаи Хайём, 1334, ҷ. 1.
- Ҳикмат, Алиасғар. Аз Саъдӣ то Ҷомӣ. — Теҳрон, 1339.
- Ҷомӣ, Абдурраҳмон. Нафаҳот-ул-унс /Ба кӯшиши Маҳдии Тавҳидипур, — Теҳрон,1343.
- Шерозӣ, Муҳаммад Маъсум. Тароиқ-ул-ҳақоиқ. /Бо тасҳеҳи Муҳаммад Ҷаъфари Маҳҷуб, — Теҳрон, 1339, ҷ. 2.
- Lewisohn, Leonard. The Life and Poetry of Mashreqi Tabrizi, in Iranian Studies, Vol.22, No. 2-3 (1989).
- Roemer, H. R. Timur in Iran, In The Cambridge History of Iran, Vol. 6.
- Schroeder, E. Ahmed Musa and Shams al-din: A Review of 14th-Century Paiting, Ars Islamica, Ann Arbor, University of Michigan, 1939, Vol. 6. * Тарҷума аз Ҳурмуз Ҳикмат, таҳияи Мавҷуда Ӯрунова.
- Истины. Изречения персидского и таджикского народов, их поэтов и мудрецов / Перевод Наума Гребнева. Примечания Н.Османова. — М.: Наука, 1968; СПб.: Азбука-Классика, 2005. ISBN 5-352-01412-6
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- [https://web.archive.org/web/20210424190416/https://guftor.ru/category/4 Бойгонӣ шудааст 24 апрели 2021 сол. Камоли Хуҷандӣ. Ғазалиёт] Бойгонӣ шудааст 24 апрели 2021 сол.