Jump to content

Ноҳияи Масчо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ноҳияи маъмурӣ
Ноҳияи Мастчоҳ
Ноҳияи Масчоҳ
Кишвар Тоҷикистон
Тобеъи Вилояти Суғд
Шомили 3 шаҳрак, 7 ҷамоат
Маркази маъмурӣ Бӯстон
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 26 ноябри соли 1956
Масоҳат 1000 км²
Баландӣ
768 м
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 132 500[2] нафар (2022)
Зичӣ 113,4 нафар/км²
Миллият тоҷик
Мазҳаб мусулмонон-сунниҳо
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Сарвожа MA
Рамзи ISO 3166-2 TJ.SU.MA[3]
Коди телефон +992 3445
Нишонаи почта 735800
Домени интернет tj
Коди мошинҳо 02 TJ
Ноҳияи Мастчоҳ дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ноҳияи Мастчоҳ, Ноҳияи Мастчоҳ (форсӣ: ناحیۀ مسچا‎) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Суғд аст. Маркази ин ноҳия шаҳраки Бӯстон (форсӣ: بوستان‎). Аҳолӣ — 132 000 нафар. Масоҳат — 1000 км². Масофа: 56 км шимолу ғарбтар аз шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Аз Бӯстон то Душанбе 360 км роҳ аст.

Ноҳияи Мастчоҳ бо сарзамине 1000 км² дар водии Фарғона ҷой дорад. Дар шимол бо вилояти Тошканди Ӯзбекистон, дар шарқ ва ҷануб — бо ноҳияи Ғафуров ва дар ғарб — бо ноҳияи Спитаман аз ноҳияҳои вилояти Суғд ҳаммарз аст.

Ноҳияи Масчо ноҳия 26 ноябри соли 1956 дар бахше аз вилояти Ленинобод дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфтааст.

Мардуми Масчо ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбакӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2015, ноҳияи Масчо 113 400 нафар ҷамъият дошт ва зичии аҳолияш 113,4 кас дар км² буд[4].

сол 2014 2015 2019 2020
шумора
(ҳаз. нафар)
110,3 113,4 125,3 128,4

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Масчо 3 шаҳрак ва 4 ҷамоат дорад[5]:

Ҷамоатҳои ноҳияи Масчо[6]
Ҷамоат Аҳолӣ
Бӯстон шаҳрак 10151
Суғдиён, шаҳрак 1643
Обшорон, шаҳрак 2729
Навбаҳор 10373
Масчо 16401
Оббурдон 27366
Палдорак 15680

Сарвари ноҳияи Масчо Раиси Ҳукумати он аст, ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Масчоҳ Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Масчо барои 5 сол интихоб мекунанд.

Ноҳияи Масчо 9 корхонаи саноатӣ, 1070 хоҷагии кишоварзӣ, аз ҷумла 1060 хоҷагии деҳқонӣ, дорад. Ҳаҷми умумии заминҳои корами ноҳия 24025 га, аз ҷумла 22482 га замини обӣ, аст. Маҳсули аслии кишоварзии ноҳия пахта, сабзавот, ғалла ва качолу аст[7].

Зодагони диёр

[вироиш | вироиши манбаъ]