Саркарда
Намуди зоҳирӣ
Саркарда ҳар яке аз афсарҳои хурдро меноманд, ки дар нерӯҳои заминӣ, ҳавоӣ ва дарёӣ фармондеҳии яконҳои размие чун таҳма ва ваштро бар уҳда доранд.
Саркардагон дар силсиламаротиби низомӣ ҷойгоҳе болотар аз афсарёрон ва пойинтар аз сардорон доранд.
Вожашиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Саркарда (форсӣ: سرکرده) ба маънои «сардор; сардори лашкар»[1]; «фармондеҳ ва раҳбари як нерӯи низомӣ»[2] яке аз истилоҳоти куҳани низомӣ аст, ки дар осори адабӣ ва таърихӣ ба кор рафта ва дар фарҳангҳо оварда шудааст[3].
Дар нерӯҳои мусаллаҳ афсарҳои дорои дараҷаҳои низомии зерин ва ё ҳамсонашонро метавон «саркардагон» номид:
| Шоха | Нерӯи заминӣ | Нерӯи ҳавоӣ | Нерӯи дарёӣ | |||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| Сардӯшӣ | ||||||||||||
| дараҷа | Сарвашт | Таҳмабад | Таҳмабон | Таҳмадор | Сарвашт | Таҳмабад | Таҳмабон | Таҳмадор | Новсарвон | Новбон якум | Новбон дувум | Новбон севум |
| Дараҷабандӣ | Саркардагон (англ. Company Officers) | |||||||||||
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 2, с. 207
- ↑ Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 2, с. 213
- ↑ Деҳхудо, Алиакбар. Луғатномаи Деҳхудо (нусхаи диҷитол) бар асоси нусхаи физикии 15-ҷилдии интишори соли 1377. — Муассисаи Луғатномаи Деҳхудо ва Маркази байнулмилалии омӯзиши забони форсии Донишгоҳи Теҳрон, 1399.. 13 июли 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 июли 2022.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: