Дарёдор
| |||||
Кӯтаҳнивишт | форсӣ: دریادار | ||||
Кишвар | Русия | ||||
Дараҷаи болотар | Дарёбон | ||||
Дараҷаи пойинтар | Новхудо якум | ||||
Ҳамто |
Дарёдор (форсӣ: دریادار) — дараҷае солорӣ дар нерӯи дарёӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз новхудо якум ва пойинтар аз дарёбон дорад ва баробар бо гундсолор дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ аст; контр-адмирал.
Дараҷаи пойинтар: Новхудо якум |
Дарёдор |
Дараҷаи болотар: Дарёбон |
Вожашиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]«Дарёдор» ба маънои «дарёдоранда; нигаҳдори дарё»[2] аз як вожа ва як пасванд сохта шудаву мақулаи дастурии он исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (дарё) + пасванд (-дор), ки ба исм афзуда мешавад ва умуман маънии «нигаҳдоранда»-ро мерасонад[3]] аст.
дарё (порсии миёна: drayāb- < порсии бостон: drayah-[4]) + -дор (порсии миёна: dār < порсии бостон: *dār(a)- < эронии бостон: *dārai̯a- «доштан; доранда»)
Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст.
Истилоҳи «дарёдор»-ро соли 1935 Фарҳангистони забони Эрон ҷойгузини дараҷаи низомии «амирулбаҳри севум» (аз ар. امیرالبحر < фр. admiral «фармондеҳи нерӯи дарёӣ») кардааст[5].
Пешина
[вироиш | вироиши манбаъ]Адмирал (русӣ: адмира́л < ҳол. admiraal[6] < фр. amiral, admiral < ар. أمير البحر амиру-л-баҳр «дарёсолор»[7][8]) ҳамчун дараҷаи низомӣ дар нерӯи дарёӣ дар Аврупо садаи XII расм шуд (дар Венетсия ва Генуя). Пётри I охири садаи XVII дар Русия ин дараҷаро (генерал-адмирал, адмирал, витсе-адмирал ва контр-адмирал) ҷорӣ намуд.
7 майи 1940 дар Флоти ҳарбии баҳрии СССР дараҷаҳои контр-адмирал, витсе-адмирал, адмирал, адмирали флот таъсис ёфтанд, барои адмиралҳои хидмати инженерии киштӣ унвонҳои инженер-контр-адмирал, инженер-витсе-адмирал, инженер-адмирал ҷорӣ шуд. 3 марти 1955 ба ивази унвони адмирали флот – Адмирали Флоти Иттифоқи Советӣ қабул шуд. Аз 28 апрели 1962 унвони Адмирали Флоти СССР низ ҷорӣ гардид. Барои адмиралҳои хидмати инженерӣ аз 18 ноябри 1971 унвонҳои конт-адмирал-инженер, витсе-адмирал-инженер, адмирал-инженер муқаррар шуданд.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Адмирал // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Алиев Г. Г. канд. филол. наук. Персидско-русский и русско-персидский военный словарь / Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. — М.: Воениздат, 1972. — С. 131; 438. — 655 с. — 3 500 экз.
- ↑ Деҳхудо, Алиакбар. Луғатномаи Деҳхудо (нусхаи диҷитол) бар асоси нусхаи физикии 15-ҷилдии интишори соли 1377. — Муассисаи Луғатномаи Деҳхудо ва Маркази байнулмилалии омӯзиши забони форсии Донишгоҳи Теҳрон, 1399.(пайванди дастнорас)
- ↑ Содиқӣ, Алиашраф. Шеваҳо ва имконоти вожасозӣ дар забони форсии муъосир (5) // «Нашри дониш», хурдод ва тири 1371, шумораи 7, сс. 39 – 45.. 21 Декабри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 Декабри 2021.
- ↑ Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1383. ISBN 978-600-6143-55-2. ҷ. 2, с. 1309.
- ↑ Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314—1320 ҳ.ш.) // Ганҷинаи аснод. — саҳ. 38. 22 Декабри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 апрели 2018.
- ↑ М. Фасмер. Этимологический словарь русского языка. Под ред. О. Н. Трубачёва. Москва, «Прогресс», 1986. Т. I, С. 62.
- ↑ A. Dauzat, J. Dubois, H. Mitterand. Nouveau Diccionaire Étymologique et Historique. Libraire Larousse, Paris, 1964. С. 29.
- ↑ Адмирал // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.