Новӣ
Новӣ | ||||
|---|---|---|---|---|
| ||||
| Кӯтаҳнивишт | форсӣ: ناوی | |||
| Кишвар |
|
|||
| Дараҷаи болотар | Сарновӣ | |||
| Ҳамто | ||||
Новӣ (форсӣ: ناوی) — пойинтарин ва нахустин дараҷаи низомӣ дар нерӯи дарёӣ, ки ҷойгоҳе пойинтар аз сарновӣ дорад ва баробар бо сарбоз дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ аст[1].
| кеҳтар: — |
Новӣ |
меҳтар: Сарновӣ |
Вожашиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]«Новӣ» (форсӣ: ناوی) ба маънои «сарбози нерӯи дарёӣ; сарбозе, ки дар нерӯи дарёӣ хидмат мекунад» сифати нисбӣ аз нов аст:
новӣ < форсӣ: ناوی < порсии миёна: nāvī < порсии бостон: nāviya- < *nāu̯(i)i̯a- < *nāu̯- ‘киштӣ’[2]
Ин истилоҳро Фарҳангистони забони Эрон соли 1935 ҷойгузини «сарбози нерӯи дарёӣ» кардааст[3].
Рутбабандӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар нерӯи дарёӣ сарбозеро новӣ мегӯянд, ки зери дасти фармондеҳ хидмат мекунад ва пойинтарин рутбаи низомиро дорад[4]. Ин дараҷа дар нерӯҳои дарёии бисёре аз кишварҳои ҷаҳон 1 — 3 рутба — новии севум, новии дувум, новии якум — дорад, ки баробар бо дараҷаҳои НАТО OR-1 — OR-3 ҳастанд.
Пешина
[вироиш | вироиши манбаъ]Дараҷаи «новӣ» соли 1946 дар Артиши Шуравӣ ҷойгузини дараҷаи «новгонии сурх» шуда, ки он соли 1918 дар Артиши Сурх ҷорӣ шуда ва 22 сентябри 1935 ҳамчун пойинтарин дараҷаи шахсии сарбозӣ пазируфта шуда буд[5].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Рубинчик Ю.А. Персидско-русский словарь. - М.: Русский язык, 1970. — 1613 с.
- ↑ Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1383. ISBN 978-600-6143-58-3. ҷ. 4, с. 2720.
- ↑ Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314—1320 ҳ.ш.) // Ганҷинаи аснод. — саҳ. 41. 25 апрели 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 апрели 2018.
- ↑ Персидско-русский и русско-персидский военный словарь [Текст] : [Около 20 000 терминов] / Сост. канд. филол. наук Г. Г. Алиев; Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. – Москва: Воениздат, 1972. – 655 с.
- ↑ РУТБАИ ҲАРБӢ // Энсиклопедияи тоҷикӣ. 25 апрели 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 май 2023.