Новхудо якум

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Новхудо якум
16-Nakhoda 1.png
Сардӯшӣ ва нишони остини новхудо якум дар Нерӯи дарёии Эрон
Кӯтаҳнивишт форсӣ: ناوخدا یکم
Кишвар  Эрон
Дараҷаи болотар Дарёвар
Дараҷаи поинтар Новхудо дувум
Ҳамто

Новхудо якум (форсӣ: ناوخدا یکم‎) — дараҷае сардорӣ дар нерӯи дарёӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз новхудо дувум ва поинтар аз дарёвар дорад ва баробар бо сарҳанг дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ аст.

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи поинтар:
Новхудо дувум
Seal of the Islamic Republic of Iran Navy.svg
Новхудо якум
Дараҷаи болотар:
Дарёвар

Вожашиносӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

«Новхудо» (форсӣ: ناوخدا‎ > порсии миёна: *nāv-xvatāi) ба маънои «фармондеҳи киштӣ; киштибон» аз ду вожа сохта шудааст: нов (форсӣ: ناو‎ > порсии миёна: nāv- > порсии бостон: nāvam-киштӣ’ + худо (форсӣ: خدا‎ > порсии миёна: xvatāi > порсии бостон: *hvatāya-сарвар’)[1].

Пешина[вироиш | вироиши манбаъ]

Новхудо ҳамтои капитан (аз фр. capitaine > лот. capitaneus «сардор, саркарда») аст, ки дар кишварҳои урупоӣ аз садаи XVII ҳамчун дараҷаи фармондеҳони киштиҳои нерӯи дарёӣ ба кор меравад. Ин дараҷа дар Русия дар паи ислоҳоти низомии Пётри I дар соли 1713 ба кор гирифта шуд ва се рутба дошт: новхудо якум, новхудо дувум ва новхудо севум. Дар соли 1732 ин рутбаҳо барчида шуданд, вале дар соли 1751 дубора ҷорӣ шуданд ва то соли 1917 ба кор мерафтанд[2]. Ҳамин рутбаҳо 22 сентябри 1935 дар Нерӯи дарёии Иттиҳоди Шуравӣ ба кор гирифта шуданд ва ҳамакнун дар Нерӯи дарёии Русия низ ба кор мераванд.

Новхудо якум фармондеҳи новҳои дараҷаи якуме чун размнов, размнови мушакбар, нови ҳавопаймобар ва зердарёии атомӣ аст.

Новхудо якум дар Русия ва дигар кишварҳои русизабон русӣ: капитан первого ранга[3], дар Бритониё, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва дигар кишварҳои инглисизабон англ. Captain, дар Олмон ва дигар кишварҳои олмонизабон олмонӣ: Kapitän zur See[4] , дар Испониён ва дигар кишварҳои испониёизабон исп. Capitán de navío («капитан де навио»), дар Португол ва дигар кишварҳои португолизабон португалӣ: Capitão de mar e guerra («капитау ди мар и герра») номида мешавад. Ин дараҷа дар НАТО бо коди OF-5 рамзгузорӣ шуда ва дар дигар кишварҳо ба забонҳои миллии онҳо номҳои худро доранд[5].

Ному нишони новхудо якум дар нерӯҳои дарёии бархе аз кишварҳои ҷаҳон[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1383. ISBN 978-600-6143-58-3. ҷ. 4, с. 2700.
  2. Капитан 1 ранга // Военная энциклопедия : [в 18 т.] / под ред. В. Ф. Новицкого … [и др.]. — СПб. ; [М.] : Тип. т-ва И. Д. Сытина, 1911—1915
  3. Рубинчик Ю.А. Персидско-русский словарь. - М.: Русский язык, 1970. — 1613 с.
  4. Шунков В., Гусев И., Тарас Д., Ядловский А. Награды, знаки различия и униформа Великой Отечественной войны. — М.: АСТ, 2015. — 256 с. — ISBN 978-5-17-086237-5.
  5. NATO codes for grades of military personnel 1992 (Edition 5). // Rank Maven. 15 августи 2017 санҷида шуд.
  6. Paratus 12–13. Regional Publications Ltd..
  7. Badges of rank. defence.gov.au. Department of Defence (Australia).
  8. OFFICER RANKS. rbdf.gov.bs. Royal Bahamas Defence Force.
  9. Rank of Navy & Equivalent Rank. navy.mil.bd.(пайванди дастнорас)
  10. Admiralty Ranks. navy.mindef.gov.bn. Royal Brunei Navy.
  11. Ranks and appointment. canada.ca. Government of Canada.
  12. Sümboolika: Mereväe Auastmed(эст.). mil.ee. Estonian Defence Forces.
  13. Ranks & Insignia. Join Indian Navy.
  14. Naval Service Rank Markings. military.ie. Defence Forces (Ireland).
  15. BADGES OF RANK. Official Jamaica Defence Force Website (2019).
  16. Defense Act of 2008 (3 September 2008).
  17. Pangkat (ms). mafhq.mil.my. Malaysian Armed Forces.
  18. Badges of Rank. nzdf.mil.nz. New Zealand Defence Force. 29 апрели 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 июли 2020.
  19. LIFE IN PN:RANKS. www.paknavy.gov.pk. Pakistan Navy Official Website.
  20. Grade militare (Military ranks)(рум.). defense.ro. Romanian Defence Staff.
  21. Čini in razredi(словен.). slovenskavojska.si. Slovenian Armed Forces.
  22. Rank Insignia. navy.mil.za. Department of Defence (South Africa). 29 апрели 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 май 2019.
  23. Branches/ Ranks. navy.lk. Sri Lanka Navy.
  24. Nya gradbeteckningar införs. Försvarsmakten (1 октябри 2019).
  25. Millen, P.G. (June 1983). The Visiting Forces (Relative Ranks) Regulations (PDF). Wellington: Government of New Zealand. p. 49. Retrieved 26 September 2021. 
  26. Rank Chart (Commissioned Officers). 69.0.195.188. Trinidad and Tobago Defence Force.(пайванди дастнорас)
  27. Shaping your career. royalnavy.mod.uk. Royal Navy.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]