Новгонсолор
| |||||
Кӯтаҳнивишт | форсӣ: ناوگانسالار | ||||
Кишвар | Русия | ||||
Дараҷаи пойинтар | Дарёсолор | ||||
Ҳамто |
|
Новгонсолор (форсӣ: ناوگانسالار) — яке аз болотарин дараҷаҳои солорӣ дар нерӯи дарёӣ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аст; адмирал флота.
Новгонсолор дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан мақоми фармондеҳи олии нерӯи дарёии кишварро дорад.
Дараҷаи пойинтар: Дарёсолор |
Новгонсолор |
Дараҷаи болотар: — |
Вожашиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]«Новгонсолор» ба маънои «фармондеҳи нерӯи дарёӣ» аз ду вожа сохта шудаву мақулаи дастурии он исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (новгон) + исм (солор)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст:
новгон (форсӣ: ناوگان ‘маҷмуъае аз киштиҳои ҷангӣ’)[1] + солор (форсӣ: سالار < порсии миёна: sālār < паҳлавӣ: sarδār < эронии бостон: *sara-dāra-)[2].
«Солор» гунае дигар аз «сардор» аст, ки аз куҳантарин замонҳо ба маънои «раҳбар, пешво, фармондеҳ; генерал» дар номгузории симату дараҷаҳои низомӣ ба кор меравад[3].
Пешина
[вироиш | вироиши манбаъ]Адмирал (русӣ: адмира́л < ҳол. admiraal[4] < фр. amiral, admiral < ар. أمير البحر амиру-л-баҳр «дарёсолор»[5][6]) ҳамчун дараҷаи низомӣ дар нерӯи дарёӣ дар Аврупо садаи XII расм шуд (дар Венетсия ва Генуя). Пётри I охири садаи XVII дар Русия ин дараҷаро (генерал-адмирал, адмирал, витсе-адмирал ва контр-адмирал) ҷорӣ намуд.
7 майи 1940 дар Новгони дарёии Иттиҳоди Шуравӣ дараҷаҳои контр-адмирал, витсе-адмирал, адмирал, адмирали флот таъсис ёфтанд, барои адмиралҳои хидмати инженерии киштӣ унвонҳои инженер-контр-адмирал, инженер-витсе-адмирал, инженер-адмирал ҷорӣ шуд. 3 марти 1955 ба ивази унвони адмирали флот – Адмирали Флоти Иттифоқи Советӣ қабул шуд. Аз 28 апрели 1962 унвони Адмирали Флоти СССР низ ҷорӣ гардид. Барои адмиралҳои хидмати инженерӣ аз 18 ноябри 1971 унвонҳои конт-адмирал-инженер, витсе-адмирал-инженер, адмирал-инженер муқаррар шуданд.
Истилоҳи «дарёсолор»-ро соли 1935 Фарҳангистони забони Эрон ҷойгузини дараҷаи низомии «амирулбаҳри якум» (аз ар. أمیرالبحر < фр. admiral «фармондеҳи нерӯи дарёӣ») кардааст[7].
Ному нишони новгонсолор дар нерӯи дарёии бархе аз кишварҳои ҷаҳон
[вироиш | вироиши манбаъ]-
Fleet admiral
(United States Navy)
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Адмирал // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Анварӣ, Ҳасан. Фарҳанги бузурги «Сухан». Ба сарпарастии Ҳасан Анварӣ, Теҳрон: «Сухан», 1381 –. 8 ҷ. мусаввар. ISBN 964-6961-98-3 (давра).
- ↑ Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1383. ISBN 978-600-6143-55-2.
- ↑ Деҳхудо, Алиакбар. Луғатномаи Деҳхудо (нусхаи диҷитол) бар асоси нусхаи физикии 15-ҷилдии интишори соли 1377. — Муассисаи Луғатномаи Деҳхудо ва Маркази байнулмилалии омӯзиши забони форсии Донишгоҳи Теҳрон, 1399.(пайванди дастнорас)
- ↑ М. Фасмер. Этимологический словарь русского языка. Под ред. О. Н. Трубачёва. Москва, «Прогресс», 1986. Т. I, С. 62.
- ↑ A. Dauzat, J. Dubois, H. Mitterand. Nouveau Diccionaire Étymologique et Historique. Libraire Larousse, Paris, 1964. С. 29.
- ↑ Адмирал // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.
- ↑ Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314—1320 ҳ.ш.) // Ганҷинаи аснод.. 15 сентябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 апрели 2018.
- ↑ Badges of rank. defence.gov.au. Department of Defence (Australia).
- ↑ Oznake činova (hr). osrh.hr. Republic of Croatia Armed Forces (1 April 2019).
- ↑ Pangkat (ms). mafhq.mil.my. Malaysian Armed Forces. 15 сентябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 апрели 2020.
- ↑ Smaldone, Joseph P. (1992). "National Security". In Metz, Helen Chapin. Nigeria: a country study. Area Handbook (5th ed.). Washington, D.C.: Library of Congress. pp. 296–297. LCCN 92009026. Retrieved 21 October 2021.
- ↑ Badges of Rank. nzdf.mil.nz. New Zealand Defence Force. 15 сентябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 июли 2020.
- ↑ TÜRKMENISTANYŇ KANUNY Harby borçlulyk we harby gulluk hakynda (Türkmenistanyň Mejlisiniň Maglumatlary 2010 ý., № 3, 58-nji madda) (Türkmenistanyň 01.10.2011 ý. № 234-IV Kanuny esasynda girizilen üýtgetmeler we goşmaçalar bilen)(туркман.). milligosun.gov.tm 28-29. Ministry of Defense (Turkmenistan).