Jump to content

Шоҳнома

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шоҳнома
Таърихи таъсис 1011 ва 1000
Нигора
Унвони мақола форсӣ: شاهنامه
Фарҳанг Эрони Бузург
Жанр epic poem[d]
Нашр(ҳо) ё тарҷума(ҳо) Baysonghor Shahnameh[d], Great Mongol Shahnameh[d], Florence Shahname[d], Windsor Shahnameh[d], Shahnameh of Rashida[d], Shahnamah of Ibrahim Sultan[d], Beirut Shahnameh[d], The Epic of Kings[d], Shahnama Walters Ms. W.603[d], Shahnameh Princeton Ms. 58 G[d], Shahnameh Princeton Ms. 57 G[d], Shahnameh manuscript San Diego Museum of Art 1990:340[d], Shahnameh Princeton Ms. 59 G[d], Shahnameh manuscript RVI 961-966, 974, 1876-1887[d], Shahnameh of Shah Abbas[d], Shahnameh manuscript Topkapı Hazine 1511[d], Topkapı Sarayı Album Hazine 2153[d], First Small Shahnama in the Metropolitan Museum of Art[d], Shahnameh manuscript Walters Ms. W. 600[d], Shahnameh manuscript IMJ 571.69, 618.69, 570.69[d], Shahnameh manuscript Christie's 2001 October 16, lot 76[d], Le livre des rois[d], Julius Mohl edition of Shahnameh[d], Turner Macan edition of Shahnameh[d], Book of Kings (Shahnama) illustrated by Mu'in Musavvir[d], Shahnameh of Shah Isma'il II[d], Big Head Shahnameh[d], Shahnama Or. 494[d], The Sháh Námeh[d] ва Sahanama[d]
Нависанда Фирдавсӣ ва Абумансур Муҳаммад Аҳмади Дақиқӣ
Кишвари созанда
Забони навиштаҷот ё осор/асар форсӣ
List of characters Феҳристи шахсиятҳои Шоҳнома
Қаҳрамонон Каюмарс, Ҳушанг, Ҷамшед, Заҳҳок, Аҳриман, Коваи охангар, Фаридун, Афросиёб, Бобаки Беҳрувон, «Бежан ва Манижа», Баҳроми Чӯбин, Исфандиёр, Фаронак, Фарангис, Гурдофарид, Гарсеваз, Haftvād[d], Араш, Обтин, Арнавоз, Фаромарз, Фарҳод, Гаршосп, Гев, Коран, Эраҷ, Alexander the Great in legend[d], Кайхусрав, Кашвод, Кайковус, Катоюн, Анӯшервон, Манучеҳр, Меҳроби Кобулӣ, Нӯзар, Наримон, Rakhsh[d], Руҳом, Рустам, Рустами Фаррухзод, Рӯдоба, Шағод, Shahran Goraz[d], Shahrasb (Shahnameh)[d], Шаҳрноз, Симурғ, Сиёмак, Сиёвуш, Суҳроб, Судоба, Ширин, Сом, Салм, Сосон, Таҳмина, Таҳмурас, Зол, Тур, Бонугушасп, Синдухт ва Борбад
Сатри аввал به نام خداوند جان و خرد کزین برتر اندیشه برنگذرد
Ҳаққи таксир 🅮[d] ва 🅮[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор
Shahnameh
Scenes from the Shahnameh carved into reliefs at Tus, where Ferdowsi is buried.

Шоҳнома (форсӣ: شاهنامه‎) — ҳамосаи миллии мардумони Ориëӣ (ҳинду-эронӣ), ки Ҳаким Фирдавсӣ онро солҳои 970-1005 дар муддати 30-35 сол навиштааст. Ҳамоса аз 60 ҳазор байт (120 ҳазор мисраъ) иборат аст ва бузургтарин ҳамосаи ҷаҳон, ки ба қалами як шахс тааллуқ дорад ба ҳисоб меравад: тақрибан ҷаҳор баробари Илиëдо ва Ҳодисиë-и Ҳомери юнонӣ мебошад.

Фирдавсӣ асари худро дар замоне навишт, ки давлати бузург ва муттамаркизи тоҷикон — Сомониён гирифтори кашмакашҳои дохилӣ буд. Вай дар синни 35-солагӣ пас аз он ки ба Бухоро ва дигар ҷойҳо сафар карда, бар иловаи «Шоҳномаи Абӯмансурӣ» дар бораи гузаштаи мардумони Эрон маълумоти муфассал ҷамъ овард, ба танзими хамосаи худ «Шоҳнома» шурӯъ намуд. Сар то сари он ба ҳимояи чунин давлат ва ягонагии мардум бархоста, далерӣ, озодӣ, садоқат, ватандӯстӣ ва қаҳрамонӣ барин волотарин хислатҳои инсониро тарғиб намудааст. Муттаҳидшавии эрониён дар мубориза баҳри мустақилияти давлат барои бартараф намудани низоъҳои феодалӣ ва зулму истибдоди ҳокимони махаллӣ дар Фирдавсӣ фикри офаридани эпопеяи азими «Шоҳнома»-ро ба вуҷуд овард. Сарчашмаи асосии хамосаи Фирдавсиро силсилаи гуфтори саккоӣ суғдӣ дар бораи Рустами баҳодур, ки беш аз сеяки достонро дар бар мегирад, инчунин афсонаҳои суғдиву хоразмӣ дар бораи Сиёвуш ва афсонаи бохтарӣ дар бораи Исфандиёр фароҳам овардаанд. Аксарияти асотири фасли аввали достон, ки бо афсонаҳои дар Авасто ишораёфта мушобеҳ мебошанд, низ аз манбаҳои осиёимиёнагӣ баромадаанд. Ривоятҳои оид ба давраи сосонӣ (қисмати хурди достон) асосан аз маъхазҳои хаттӣ, ахсусан аз адабиёти паҳлавӣ иқтибос шудааст. Фирдавсӣ маъхазҳо (воқеаномаҳои таърихии сосонии «Хватай — намак» «Шоҳномаи Абӯмансурӣ») ва ривоятҳои даҳонакии халқро аз нав кор карда, тавсифи воқеаҳоро ба тариқи худ шарҳ дод. Вале аз рӯзе, ки Фирдавсӣ ба таълиф намудани ин асар камар баста буд, хеле вақт гузашт. Дар ин муддат давлати Сомонӣ аз по афтода, аз ҳомиёни шоир кассе намонда буд. Он гоҳ Фирдавсӣ аз рӯи маслиҳати яке аз одамони хайрандеш «Шоҳнома»-ро ба султон Маҳмуди Ғазнавӣ, ки ба сари ҳокимият омада буд, тақдим намуд. Лекин Маҳмуд ин туҳфаи шоиронаро рад намуд ва чунон, ки нақл мекунанд, ҳатто шоирро аз сабаби тасвир намудани қаҳрамонон ва подшоҳони пеш аз исломӣ ба кофири айбдор намуда, бифармуд, ки ба зери пои фил партоянд, намояндаи сулолаи нави ба ҷои Сомониён омадаи турк, султон Маҳмуди Ғазнавӣ табиист, ки дар достон, қабл аз ҳама, хавфи сиёсӣ дарёфт, зеро дар ин хамоса мубориза мебурд

Муқаддимаи «Шоҳнома» аз бобоҳои «оғози китоб», «Гуфтор андар ситоиши хирад», гуфтаҳоро дар офариниши олам, мардум, «Ситоиши паёмбар ва ёронаш» фароҳам омадааст. Достон аз се фасли асоси иборат аст: фасли якум ба таърихи Пешдодиён, фасли дуюм ба таърихи Каёниён ва фасли сеюм ба таърихи сулолаи Сосониён бахшида шудааст. Мобайни фамли дуюму сеюм дар бораи таърихи Ашкониён низ сухан меравад. Матни аслии достон аз тасвири таърихи 50 подшоҳони Эронзамин (аз Каюмарс то Яздигурди III) таркиб ёфтааст. Аз назари мардуми қадим ва имрӯз шоҳони дар асар тасвиршуда ашхоси таърихиянд ва «Шоҳнома» таърихи Эронро аз заминҳои қадим то асри VII дар бар мегирад. Паиҳам аз байни рафтану ба тахт нишастани шоҳон дар «Шоҳнома» барои риояи хронологияи таърихӣ, тамомияти асар, пуррагӣ ва мукаммалияти он мадад мерасонад.

«Шоҳнома»-ро ба се бахш метавон ҷудо кард: 1)асотирӣ, 2) паҳлавӣ, 3) таърихӣ.

Дар бахши асотирии «Шоҳона» якчанд шоҳон — Пешдодиён аз қабили Каюмарс, Ҳушанг, Тахмурас, Ҷамшед, Заҳҳок, Фаридун ва дигарон амал менамоянд. Дар замони шоҳони мазкур мардум унсурҳои маданият, тарзи зиндагӣ, тайёр кардани хӯроку пӯшок, хонасозӣ, кашфи оташ, ҳунари бофандагӣ, силоҳсозӣ, кишту кори зироат, киштисозӣ ва ғайраро омӯхтанд. Дар замони ин шоҳон ҷашнҳои қадимии мардуми эронинажод Сада, Наврӯз, Меҳргон ба миён омаданд. Паҳлавонони зиёде дар майдони набарду корнамоӣ пайдо мешаванд: Соми Наримон, Зол, Рустам, Гударз, Бежан, Сиёвуш, Исфандиёр, Суҳроб, Афросиёб як зумра занони шуҷоъ ва диловар, модарони мушфиқ ва ҳамсарони фидокор аз қабили Гурдофарид, Рудоба, Манижа, Фарангис, Тахмина чун образҳои мусбӣ тасвир ёфтаанд. Аз давраи Дорои Доробу Искандар ва Ашкониён қисми сеюми «Шоҳнома» — қисми таърихии он оғоз мегардад. Нахустин достони ҳаҷман калон ва дилангезу саргузаштии «Шоҳнома» достони Ардашери Бобакон аст, ки дар асоси манбаъҳои таърихӣ, осори таърихии паҳлавӣ, арабӣ ва форси дарӣ навишта шудааст. Фирдавсӣ дар ин қисм ҷангҳоро тасвир карда, ба ғайр аз образи шоҳон образи намояндагони табақаҳои иҷтимоӣ, мардуми меҳнаткаш, деҳқонону косибон, занону духтарони оддии деҳот, Маздаки шӯришгар сипоҳиёнро бо сардории Баҳроми Чӯбина, аҳли санъат, Борбаду Саркашро тасвир кардааст. Дар ин қисм аз равобити илмиву фарҳангии Эрону Ҳиндустон тарҷума шудани «Калила ва Димна» ҷашнҳои гуногун Сухан меравад. Фирдавсӣ ба тасвири сохти давлатдорӣ, умури ҳукумат, когузорӣ, боҷхоҳӣ, аҳволи мардумони табақаҳои гуногун, нигоҳдории сипоҳ, масъалаи таълиму тарбияи ҷавонон дар замони Хусрави Анушервон тақрибан 5 ҳазор байт бахшидааст. Дар охири қисми таърихии достон Фирдавсӣ бо сўзу гудоз ва ҳасрати зиёд аз шикаст хўрдани Эрон аз тарафи аҷнабиён — истилогарони арабсухан меронад. «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аҳамияти умумиҷаҳони низ дорад, бо кӯшиши тарҷумонҳои собитқадам Фирдавсӣ ба ҷаҳони маънавии халқҳо ворид гардид. Дар дили мардуми гуногунзабон маснад гузид ва дар радифи Ҳоммеру Варгилий, Данте ва Шекспир, Сервантесу Волтер шинохта шуд.

Устод С. Айнӣ зимни рисолаи «Дар бораи Фирдавсӣ ва „Шоҳнома“-и ӯ» овардааст, ки «Шоҳнома»-ро дар замони аҷнабиён ба номи Исо бинни Исфаҳонӣ ба тарзи наср ба арабӣ тарҷума кардааст, ки ин тарҷума дар соли 679 ҳиҷрӣ тамом ёфтааст. Дуюмин забоне, ки ин китоб тарҷума шудааст, туркист ва ин корро асри ХVII Тотор — Алӣ Афандӣ ба анҷом расонидааст. Асари Фирдавсӣ дар байни туркзабонони Осиёи Миёна хеле шуҳрат ёфта, аз аввали садаи ХVIII онро ӯзбекҳо низ ба забони худ мехонданд. Аврупоиён аз рӯзғор ва асари Фирдавсӣ барвақт воқиф буданд, вале онҳо ба истиқболи Фирдавсӣ замоне оғўш кушоданд, ки дар адабиёт услуби романтизм таҳким меёфт. Нахустин бор аз тарафи шарқшиносӣ англис У. Ҷонс (с.1774) тарҷума шуд. Аз байни русҳо М. Лозинский, М. Дяконов ва У. Б. Бону барои тарҷумаи «Шоҳнома» қувва озмудаанд то соли 1947. Натиҷаи ҳамин буд, ки соли 1934 ҳазораи Фирдавсиро халқҳои мутамаддин чун иди адабиёти ҷаҳон таҷлил карданд ва ёди шоири моро бузург шинохтанд. Бояд гуфт, ки «Шоҳнома» аз тамоми ҳамосаҳои хурду бузурги қаҳрамони ва миллии мардумони гуногун «Иллиёд», «Рамаён», «Суруди Ролан», «Достони полки Игор» ба он имтиёз дорад, ки дар назари суханофарин ба воқеоти олам, саргузашти сарнавишти инсонҳо, моҳияту маънии зиндагӣ нақши калон дорад ва танҳо ба нақлу тасвири рӯзғори қаҳрамонон иқтифо наварзида, ҳар ҷое, ки раво дидааст, ҷаҳонбинӣ ва фалсафаи худро баён кардааст. Фалсафаи шоир бештар ба сурати панду андарзҳо роҷеъ ба масоили гуногуни зиндагӣ ифода ёфтааст.[1]

Донишмандон дар бораи «Шоҳнома»

[вироиш | вироиши манбаъ]

«Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ яке аз шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳонист. Фирдавсии бузургвор зиёда аз сӣ соли умри азизашро барои офарида- ни ин китоби нодир сарф намудааст. Дар ин муддат шоири таърихдўст замони беғамии ҷавониро ба пирии пурташвиш иваз кардааст. Муаллифи «Чаҳор мақола» Низомии Арӯзии Самарқандӣ қайд мекунад, ки дафтарҳои алоҳидаи дастнависи дуюми «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аз варақҳои калони коғази аълосифати Самарқанд тайёр карда шудааст. Бояд гуфт, ки он замон дар Самарқанд коғази аълосифат истеҳсол карда мешуд. Аммо нархи он коғаз бисёр баланд буд. Аз ин сабаб, на ҳамаи аҳли қалам аз он истифода мебурданд.

Бисёре аз муҳаққиқони адабиёт «Шоҳнома»-ро ба се қисм ҷудо кардаанд: мифологӣ, қаҳрамонӣ ва таърихӣ. Ҳамчунин, ба фикри муҳаққиқон, «Шоҳнома» дар асоси «Худойнома» нависта шуда, Фирдавсии бузургвор бо ду мақсад асари мазкурро эҷод намудааст: дубора эҳёву зинда кардани таърихи халқи форсу тоҷик ва тоза нигоҳ доштани забони тоҷикӣ аз забони арабӣ. Ҳар ду мақсад ҳам барои нигаҳдории маънавият ва халқи мо хидмати бузург кардааст. Достонҳои эпикӣ ба Фирдавсӣ кумак намудаанд, ки забони адабиро ба забони зиндаи халқ иваз кунад. Дар шеърияти Фирдавсӣ ҳам забони зинда ва ҳам қаҳрамониҳои бемислро дидан мумкин аст. Вақте султон Маҳмуди Ғазнавӣ ба тахти подшоҳӣ мешинад, синни Фирдавсӣ ба панҷоҳу ҳашт расида буд. Фирдавсӣ дар синни ҳафтоду яксолагӣ мувофиқи маслиҳати дӯсти ҷониаш Амир Мансурӣ «Шоҳнома»-ро ба султон Маҳмуди Ғазнавӣ тақдим мекунад. Эроншиноси машҳуру маъруф Бертелс маълумотеро дар бораи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва султон Маҳмуди Ғазнавӣ аз «Таърихи Сиистон» таъкид намуда менависад:

«Фирдавсӣ ба султон Маҳмуд „Шоҳнома“-ро хонда дод. Маҳмуд гуфт, ки дар асл „Шоҳнома“ дар худ ҳеч чизи асосиро надорад, ба ғайр аз „Гуфтор дар бораи Рустам“. Дар қисми ҳарбии ман мисли Рустам ҳазорон паҳлавон мавҷуд аст»

. Фирдавсӣ ба султон Маҳмуд бисёр ҷавоби бамаврид ва пухта дода, чунин гуфтааст:

«Дар байни ғуломони Шумо монанди Рустам ҳеч гоҳ набуд ва нахоҳад шуд»

. Эроншиноси шўҳратёри немис Гелмут Рейтер қайд мекунад, ки дар олам ягон халқ мисли тоҷикон чунин эпос надорад, ки тамоми таърихи ин халқро дарбар гирифта бошад. Алломаи машҳури Эрон Муҳаммад Алӣ Фуруғӣ «Шоҳнома»-ро яке аз аз ёдгориҳои бузурги адабиёти тоҷику форс номида, чунин гуфтааст:

«Зиёда аз ин тасдиқ намоем, ки ин яке аз дурдонаҳои адабиёти сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Ман бояд гӯям, ки „Шоҳнома“ бузургтарин ёдгории адабии инсоният аст.»

Академик Б.Ғафуров нисбати шоир чунин гуфтааст:

«Фирдавсӣ низ шараф ва ифтихори тамаддуни ҷаҳонӣ аст.»

Соли 1994 бо қарори махсуси ЮНЕСКО ҳазораи «Шоҳнома» дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта шуд. Пас аз ҷашнгирии ин шоҳасар муҳаққиқони адабиёт ба хулосае омаданд, ки дар достонсароӣ мақоми Фирдавсӣ ба пояи Гомер баробар аст.[2]

Порчаҳо аз «Шоҳнома»

[вироиш | вироиши манбаъ]

بناهاى آباد گردد خراب
ز باران و از تابش آفتاب

پى افكندم از نظم كاخي بلند
كه از باد و باران نيابد گزند

نميرم از اين پس كه من زنده‌ام
كه تخم سخن را پراكنده‌ام

Биноҳои обод гарданд хароб
Зи борону аз тобиши офтоб

Пай афкандам аз назм кохи баланд
Ки аз боду борон наёбад газанд

Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам
Ки тухми суханро парокандаам

Олимон ва «Шоҳнома»

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Ба забони англисӣ
    • Abolqasem Ferdowsi, Dick Davis trans. (2006), Shahnameh: The Persian Book of Kings ISBN 0-670-03485-1 — modern English translation, current standard. See also
  • Clinton, Jerome W. (translator) The Tragedy of Sohrab and Rostam: From the Persian National Epic, the Shahname of Abdol-Qasem Ferdowsi 2nd ed. (University of Washington Press, 1996) (abridged selection)
  • Clinton, Jerome W. (translator) In the Dragon’s Claws: The Story of Rostam and Esfandiyar from the Persian Book of Kings (Mage Publication, 1999)
  • Davis, Dick, (translator) Stories from the Shahnameh of Ferdowsi
Vol. 1, The Lion and the Throne, (Mage Publications, 1998)
Vol. 2, Fathers and Sons, (Mage Publications, 1998)
Vol. 3, Sunset of Empire, (Mage Publications, 2003)
  • Davis, Dick, (translator), The Legend of Seyavash, (Penguin, 2001) (abridged)
  • Levy, Reuben (translator), The Epic of the Kings: Shah-Nama, the National Epic of Persia, (Mazda Publications, 1996) (abridged prose version)
  • Warner, Arthur and Edmond Warner, (translators) The Shahnama of Firdausi, 9 vols. (London: Keegan Paul, 1905—1925) (complete English verse translation)
  • Web сарчашма (захира)

New Translation of 'Persian Book of Kings' — March, 2006 from NPR, and «The Epic of Iran» — April, 2006, from the New York Times. Also, on 14 May 2006, Washington Post Pulitzer Prize winning book critic Michael Dirda reviewed Dick Davis’s translation «Shahnameh: The Persian Book of Kings» «This marvelous translation of an ancient Persian classic brings these stories alive for a new audience.». The illustrated three-volume slipcase edition of this translation is ISBN 0-934211-97-3

Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:

ШОХНОМА БА ДАВЛАТИ ГУЛОМОНИ ГАЗНАВИ ТААЛУК НАДОРАД ИН ЗАМОНИ СОМОНИЁН ИТМОМ ЁФТА БУД КАРИБ!