Jump to content

Новбон севум

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Новбон севум
Сардӯшӣ ва нишони остини новбон севум дар Нерӯи дарёии Эрон
Кӯтаҳнивишт форсӣ: ناوبان سوم
Кишвар  Эрон
Дараҷаи болотар Новбон дувум
Дараҷаи пойинтар Новдор якум
Ҳамто

Новбон севум (форсӣ: ناوبان سوم‎) — дараҷае афсарӣ дар нерӯи дарёӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз новдор якум ва пойинтар аз новбон дувум дорад ва баробар бо таҳмовар дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ аст[2].

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи пойинтар:
Новдор якум

Новбон севум
Дараҷаи болотар:
Новбон дувум

«Новбон» ба маънои «киштибон» дар «Шоҳнома» ба кор рафтааст:

Бад-он новбон гуфт Фирӯзшоҳ,
Ки киштӣ барафкан ҳамакнун ба роҳ[3].

Ин истилоҳ аз як вожа ва як пасванд сохта шудааст: нов (форсӣ: ناو‎ < порсии миёна: nāv- < порсии бостон: nāvam-киштӣ[4] + -бон (форсӣ: بان-‎ < порсии миёна: -bān, -vān < паҳлавӣ: pāna-нигаҳбон, посбон’ < эронии бостон: *√pā-поидан, нигаҳбонӣ кардан’ + -van), ки ба исм афзуда мешавад ва умуман маънии «нигаҳбон»-ро мерасонад[5]. Ин пасванд дар илҳоқ ба чанд исми маънӣ ба маънои «кунанда, варзанда, доранда» аст[6]. Мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (нов) + пасванд (-бон)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст.

Дараҷаи «новбон» соли 1935 бо раводиди Фарҳангистони забони Эрон ба ҷои «сутвони нерӯи дарёӣ» ба кор гирифта шуда[7] ва ҳамтои лейтенант[1] (аз фр. lieutenant < фр. lieu tenant < лот. locum tenens «ҷойнишин») аст, ки дар нерӯҳои дарёии кишварҳои урупоӣ ба кор меравад ва се рутба дорад:


  1. 1.0 1.1 Алиев Г. Г. канд. филол. наук. Персидско-русский и русско-персидский военный словарь / Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. — М.: Воениздат, 1972. — С. 285; 447. — 655 с. — 3 500 экз.
  2. Сипаҳбад Муҳаммад Козимӣ. Фарҳанги вожаҳои низомӣ. – Теҳрон: Чопхонаи Артиши шоҳаншоҳӣ, 1355 (чопи дувум) – 440 саҳ.
  3. Деҳхудо, Алиакбар. Луғатномаи Деҳхудо (нусхаи диҷитол) бар асоси нусхаи физикии 15-ҷилдии интишори соли 1377. — Муассисаи Луғатномаи Деҳхудо ва Маркази байнулмилалии омӯзиши забони форсии Донишгоҳи Теҳрон, 1399.
  4. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1383. ISBN 978-600-6143-58-3. ҷ. 4, с. 2700.
  5. Таботабоӣ, Алоъуддин. Фарҳанги тавсифии дастури забони форсӣ. – Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1395. – 640 с. – 116. ISBN 978-600-105-121-0.
  6. Содиқӣ, Алиашраф. Шеваҳо ва имконоти вожасозӣ дар забони форсии муъосир (5) // «Нашри дониш», хурдод ва тири 1371, шумораи 7, сс. 39 – 45.
  7. Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314—1320 ҳ.ш.) // Ганҷинаи аснод. — саҳ. 40. 29 апрели 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 апрели 2018.