Кӯҳсор (деҳа, н. Файзобод)
Зоҳир
(Тағйири масир аз Тиён)
Деҳаи Кӯҳсор Тиён | |
---|---|
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Ноҳияҳои тобеи марказ |
Ноҳия | Файзобод |
Ҷамоат | Деҳоти Дӯстмурод Алиев |
Аҳолӣ | 121 нафар (2010), тоҷикон |
Хоҷагӣ | 26 |
Кӯҳсор (Тиён) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Дӯстмурод Алиеви ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 12 км. Аҳолиаш 121 нафар (2010), тоҷикон. Аз 26 хоҷагӣ иборат аст. Дар деҳа мактаби ибтидоӣ, 4 хоҷагии деҳқони инфиродӣ фаъолият доранд. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, боғу токдорӣ, чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз оби чашмаҳо обёрӣ мешаванд.[1]
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Номи 14 деҳа тағйир ёфт — ҶУМҲУРИЯТ
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.