Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Карсанг (деҳа, н. Файзобод)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Карсанг
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Ноҳия ноҳияи Файзобод
Ҷамоат Деҳоти Ҷавонон
Таърих ва ҷуғрофия
Аҳолӣ
Шумора 1260 тан (2010)
Миллатҳо тоҷикон
Дин мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
коди телефон +992 3135

Карсанг деҳа дар ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод. Аз Наврӯз то маркази ноҳия 7 км. Аҳолиаш 1260 нафар (2010), тоҷикон

Аз 157 хоҷагӣ иборат аст. Дар деҳа мактаби ибтидоӣ, мағозаи хусусии молҳои ниёзи мардум, обҷувоз, чойхонаи ҷамъиятӣ, 9 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, боғу токдорӣ, занбӯриасалпарварӣ, чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз дарёчаи Шоҳқаландарӣ ва оби чашмаҳо обёрӣ мешаванд.

  • ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Д., 2011. СИЭМТ. 392 саҳ.