Шерамон
Маҳалли аҳолинишин | |
---|---|
Вилоят | Ноҳияҳои тобеи марказ |
Ноҳия | Файзобод |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Аҳолӣ | (2010) 863 нафар |
Вақти минтақавӣ | UTC+5 |
Коди телефон | +992 |
Шерамон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод.
Ҷуғрофиё[вироиш | вироиши манбаъ]
Аз деҳа то маркази ноҳия 15 км. Аҳолиаш 863 нафар (2010), тоҷикон. Аз 119 хоҷагӣ иборат аст. Дар деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонаи саломатӣ, мағозаи хусусӣ, 5 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, боғу токдорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳо қисман аз дарёи Элок ва оби чашмаҳо обёрӣ мешаванд[1].
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.