Деҳоти Меҳробод
Деҳот | |
Кишвар | [[|]] |
---|---|
Тобеъи | Ноҳияи Файзобод |
Шомили | 13 деҳа, 271 хоҷагӣ |
Маркази маъмурӣ | Меҳробод |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | соли 1931 |
Масоҳат | 56,196 км² |
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 9 301 нафар нафар (2010) |
Миллият | тоҷикон |
Мазҳаб | мусулмонон: суннӣ-ҳанафӣ |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Коди телефон | +992 3135 |
Домени интернет | tj |
Коди мошинҳо | TJ08 |
Меҳробод (собиқ Гумбулоқ), — ҷамоати деҳот дар ноҳияи Файзобод. Соли 1931 таъсис ёфтааст. Дар қисми ҷанубии ноҳия дар масофаи 36 км аз шаҳри Душанбе, дар шоҳроҳи Душанбе - Хоруғ воқеъ аст. Масоҳаташ 56196 км2. Аҳолиаш 9301 нафар. Деҳаҳои зерин тобеи ҷамоати деҳоти Меҳробод мебошанд: Меҳрободи Поён, Меҳрободи Миёна, Меҳрободи Боло, Устошамс, Нодирӣ, Хуросон (Қулобод), Чорбоғ (Кулул), Шерамон, Сомониён (Тақназарӣ), Себзор (Сеқишлоқа), Шифобахш (Калшодӣ), Яккабед, Гулафшон (Ҳайтак), Қасамдара, Шукурӣ. Ҷамоат 271 хоҷагии деҳқони инфиродӣ, Ассотсиатсияи истифодабарандагони об, шуъбаи милиса, беморхонаи минтақавӣ, маркази саломатӣ, 4 бунгоҳи тиббӣ, 2 китобхона, 9 мактаб, 3 масҷиди панҷвақта, масҷиди ҷомеъ дорад. Дар мактабҳои ҷамоат ба 2228 нафар хонандагон 108 нафар омӯзгорон таълим медиҳанд. Ҳамаи 15 деҳа имомхатибҳои худро доранд. Дар маркази саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ 27 нафар духтурон (5 нафарашон дорои маълумоти олӣ) ба аҳолӣ хидмати тиббӣ мерасонанд. Масоҳати умумии заминҳои ҷамоат 5979 гектар аст, ки аз ин 409 гектар обӣ мебошанд. Масоҳати умумии заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ 1362 гектар буда, 48 гектари онро заминҳои лалмӣ, 188 гектар - боғҳо, 620 гектар - чарогоҳ ва 68 гектари онро заминҳои обӣ ташкил медиҳанд. Масоҳати заминҳои наздиҳавлигӣ 412 гектар буда, 274 гектари он обист. Дар ихтиёри аҳолӣ 4978 cap гов, 9958 cap бузу гӯсфанд, 43 cap асп, 319 оилаи занбӯри асал, 5304 адад паранда мавҷуд аст. Дар ҳудуди ҷамоат 6 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 2 нафар иштирокчиёни садамаи Чернобил, 2 нафар ҷанговарони интернатсионалист, 522 нафар нафақагирон, 235 нафар зиёиён, 2 нафар занҳои роҳбарикунанда умр ба cap мебаранд. Аз фарзандони ҷамоат Холов Талбак, Аҳмадова Саврия ва Кабиров Муҳиддин Тиллоевич дар солҳои гуногун вакили мардумӣ дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудаанд.[1]
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Табдили номи 14 деҳа дар ноҳияи Файзобод Бойгонӣ шудааст 10 августи 2015 сол.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.