Гултеппа
Деҳаи Гултеппа | |
---|---|
| |
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Ноҳияҳои тобеи марказ |
Ноҳия | Файзобод |
Ҷамоат | Деҳоти Мискинобод |
Таъсис | соли 1925 |
Аҳолӣ | 1150 нафар (2014), тоҷикон |
Хоҷагӣ | 135 |
Гултеппа — деҳа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 30 км; роҳи автомобилгард. Аҳолиаш 1150 нафар (2014), тоҷикон. Аз 135 хоҷагӣ иборат аст.
Таърих[вироиш]
Гултеппа соли 1925 ташкил шудааст. Бунёдгузорони асосӣ — Абдуллоев Сафар, Расулов Толиб, Холов Расул, Сафаров Азиз аз дараи Луғури ноҳияи Нуробод омада ин деҳаро обод намудаанд.
Иқтисодиёт[вироиш]
Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта, чойхона ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Мардуми деҳа ба боғдорӣ, чорводорӣ ва ғаллакорӣ машғуланд. Заминҳо аз дарёи Харкуш ба воситаи наҳри Сардара обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гултеппа 17 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.
Шахсиятҳои маъруф[вироиш]
Олими соҳаи кишоварзӣ Саидов Нозил, Муааллими хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Сайфулло дар ҳамин деҳа зода шудаанд.[1]
Нигористон[вироиш]
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.