Ҷонварсӯз
Намуди зоҳир
| Деҳаи Ҷонварсӯз | |
|---|---|
| Кишвар | Тоҷикистон |
| Вилоят | Ноҳияҳои тобеи марказ |
| Ноҳия | Файзобод |
| Ҷамоат | Деҳоти Дӯстмурод Алиев |
| Аҳолӣ | 1688 нафар (2010), тоҷикон |
| Хоҷагӣ | 320 |
Ҷонварсӯз — деҳа дар ҷамоати деҳоти Дӯстмурод Алиеви ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 3 км. Аҳолиаш 1688 нафар (2010),тоҷикон Дар деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонаи саломатӣ, мағозаҳои хусусии молҳои ниёзи мардум, чойхонаи ҷамъиятӣ, 4 хоҷагии деҳқонӣ ва як хоҷагии саҳҳомӣ фаъолият доранд. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, боғу токдорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз дарёи Элок ва оби чашмаҳо обёрӣ мешаванд.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.