Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Офтобрӯя

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Офтобрӯя
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Ноҳияҳои тобеи марказ
Ноҳия Ноҳияи Файзобод
Таърих ва ҷуғрофия
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Шумора (2010) 512 тан
Миллатҳо тоҷикҳо
Дин мусулмонон
Забони расмӣ тоҷикӣ
коди телефон +992

Офтобрӯя (номи пештарааш Лақаён) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Бӯстони ноҳияи Файзобод. Ба шарафи 10-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми апрели соли 2001 «Офтобрӯя» номгузорӣ шудааст.

Аз деҳа то маркази ноҳияи 18 км. Аҳолиаш 512 нафар (2010), тоҷикон. Дар деҳа мактаби таҳсилоти асосӣ, мағозаи хусусӣ, чойхонаи ҷамъиятӣ, 10 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд. Мардуми деҳа ба ғаллакорӣ, боғу токдорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз канали «50-солагии Тоҷикистон» обёрӣ мешаванд[1].

  1. ↑ ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.