Обшорон (деҳа, н. Файзобод)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Фақиробод)
Обшорон
Кишвар Тоҷикистон
Вилоят Ноҳияҳои тобеи марказ
Ноҳия Файзобод
Ҷамоат шаҳраки 30-солагии истиқлол
Аҳолӣ 750 нафар (2010), тоҷикон
Хоҷагӣ 72

Обшорон (то 30 майи 2022 — Фақиробод[1]) — деҳа дар ҳудуди шаҳраки 30-солагии истиқлол ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 29 км. Аҳолиаш 750 нафар (2010), тоҷикон. Аз 72 хоҷагӣ иборат аст. Дар сари роҳи Файзобод – Роғун воқеъ гардидааст. Деҳа 1 мағоза, 10 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, китобхона ва масҷиди панҷвақта дорад. Мардуми деҳа ба ғаллакорӣ, боғдорӣ, картошкапарварӣ, чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз чашмаҳои дохили деҳа ва қисман дарёи Харкуш обёрӣ мешаванд.[2]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Sputnik Тоҷикистон. Ҷонибдории парлумон аз тағйири номи Фақирободу Мискинобод(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (20220530T1440+0500). 7 октябри 2022 санҷида шуд.
  2. ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.