Адмирал
Jump to navigation
Jump to search
Адмирал — унвони ҳарбӣ дар флоти ҳарбии баҳрӣ.
Таърих[вироиш]
Дар Аврупо садаи XII расм шуд (дар Венетсия ва Генуя). Пётри 1 охири садаи XVII дар Руссия ин унвонро (генерал-адмирал, адмирал, витсе-адмирал ва контр-адмирал) ҷорӣ намуд. 7 майи 1940 дар Флоти ҳарбии баҳрии СССР унвонҳои контр-адмирал, витсе-адмирал, адмирал, адмирали таъсис ёфтанд,барои адмиралҳои хизмати инженерии киштӣ унвонҳои инженер-контр-адмирал, инженер-витсе-адмирал, инженер-адмирал ҷорӣ шуд. 3 марти 1955 ба ивази унвони адмирали флот – Адмирали Флоти Иттифоқи Советӣ қабул шуд. Аз 28 апрели 1962 унвони Адмирали Флот низ ҷорӣ гардид. Барои адмиралҳои хизмати инженерӣ аз 18 ноябри 1971 унвонҳои конт-адмирал-инженер, витсе-адмирал-инженер, адмирал-инженер муқаррар шуданд.
Эзоҳ[вироиш]
Сарчашма[вироиш]
- Адмирал // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2017, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.