Ибни Сино: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Munirjohn (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 13: Сатри 13:
Абӯалӣ Сино дар рушди илми [[тиб]] <nowiki/> саҳми бениҳоят арзандае гузоштааст, ки аз таҷрибаҳои худ, илми пизишкии олими грек [[Гален]], метафизикаи [[Арасту]] (Сино яке аз шарҳдиҳандагони асосии Арасту буд), илми пизишкии [[Форси Қадим|Форс]], [[Байнаннаҳрайн]] ва [[Ҳинд]]и қадима сарчашма гирифта, онҳоро ҳамҷоя андӯхтааст. Сино ҳамчу падари тибби замонавӣ ва фармакологияи клиникӣ ба ҳисоб меравад.
Абӯалӣ Сино дар рушди илми [[тиб]] <nowiki/> саҳми бениҳоят арзандае гузоштааст, ки аз таҷрибаҳои худ, илми пизишкии олими грек [[Гален]], метафизикаи [[Арасту]] (Сино яке аз шарҳдиҳандагони асосии Арасту буд), илми пизишкии [[Форси Қадим|Форс]], [[Байнаннаҳрайн]] ва [[Ҳинд]]и қадима сарчашма гирифта, онҳоро ҳамҷоя андӯхтааст. Сино ҳамчу падари тибби замонавӣ ва фармакологияи клиникӣ ба ҳисоб меравад.


Вай боз асосгузори мантиқи Синоӣ, мактаби фалсафии Синоӣ аст. Ӯ ҳамчу падари мафҳуми фундаменталии физикии [[моменти ҷисм]] низ маъруф аст. Вайро ҳамчунин "падари геология" низ мешиносанд, ки дар [[қонуни суперпозиция]]и геологӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Вай боз асосгузори мантиқи Синоӣ, мактаби фалсафии Синоӣ аст. Ӯ ҳамчу падари мафҳуми фундаменталии физикии [[моменти ҷисм]] низ маъруф аст. Вайро ҳамчунин "падари геология" низ мешиносанд, ки дар [[қонуни суперпозитсия]]и геологӣ саҳми арзанда гузоштааст.


== Зиндагинома ==
== Зиндагинома ==

Нусха 01:42, 2 марти 2019

Ибни Сино
форсӣ: ابن سینا
Таърихи таваллуд 980[1][2][3]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 18 июн 1037
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ пизишкӣ, атрдармонӣ[d], фалсафа, мантиқ, илми калом, шеър, илоҳиёт, улуми Замин[d], фалсафаи илм[d], физик, равоншиносӣ, ахтаршиносӣ, кимиё, заминшиносӣ ва механика
Шогирдон Баҳманёр
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор

Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино ё Ависенна, машҳур ба Абӯалӣ Сино (порсӣ: ابوعلى سينا; (16 августи соли 980, деҳаи Афшана наздики Бухоро18 июни соли 1037, Ҳамадон) — яке аз бузургтарин донишмандон ва пизишкони замони худ аст. Ҳамчунин ахтаршинос (астроном), кимиёшинос (химик), геолог, мантиқ, палеонтолог, риёзишинос (математик), табииётшинос (физик), шоир, равоншинос (психолог), файласуф, муаллим ва адиби бузурги форсу-тоҷик [5] [6] [7] [8] [9] [10] аст.

Вай беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-то аз он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фароҳам гирифта, хусусан, 150-тояшон дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар илми пизишкӣ ҳастанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои "Ал-Шифо" ва "Қонун" ҳастанд, ки аз бузуртарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон буда ва дар донишгоҳҳои Аврупо то асри 19 истифода бурда шудаанд.

Абӯалӣ Сино дар рушди илми тиб саҳми бениҳоят арзандае гузоштааст, ки аз таҷрибаҳои худ, илми пизишкии олими грек Гален, метафизикаи Арасту (Сино яке аз шарҳдиҳандагони асосии Арасту буд), илми пизишкии Форс, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди қадима сарчашма гирифта, онҳоро ҳамҷоя андӯхтааст. Сино ҳамчу падари тибби замонавӣ ва фармакологияи клиникӣ ба ҳисоб меравад.

Вай боз асосгузори мантиқи Синоӣ, мактаби фалсафии Синоӣ аст. Ӯ ҳамчу падари мафҳуми фундаменталии физикии моменти ҷисм низ маъруф аст. Вайро ҳамчунин "падари геология" низ мешиносанд, ки дар қонуни суперпозитсияи геологӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Зиндагинома

Нусхаи лотинии "Ал Қонун-фит-Тиб"

Номи пурраи ӯ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино мебошад. Ӯ дар соли 980 дар деҳаи Лақ-Лақа (Афшонаи ҳозира), дар шаҳри Бухоро дар оилаи тоҷик ба дунё омадааст. Падари ӯ Абдуллоҳ олими исмоилии баобрӯе аз Балх буда дар дарбори подшоҳ кор мекард. Номи модараш Ситора буд. Дар ҳини зодрӯзи Ҳусайн падараш ҳамчу ҳокими яке аз вилоёти амири Сомониён Нӯҳи II ибни Мансур кор мекард. Аз ин рӯ писарашро дар мактабҳои беҳтарини Бухоро хонондааст. Ибни Сино ки ҳофизаи қавӣ ва ақлу тамизи бениҳоят дошт, ки дар синни чаҳордаҳсолагӣ тавонистааст аз муаллимони худ гузар кунад. Дар тарҷумаи ҳоли худ ӯ меоварад, ки дар ҳаждаҳсолагӣ дигар барояш ҳеҷ чизе намонда буд, ки омӯзад.

Тарҷумаи ҳол

Мақбараи Сино аз дарун, Ҳамадон, Эрон

Абӯалӣ ибни Сино 980-1037. Яке аз бузургтарин нобиғаҳои ҷаҳонӣ дар ҳамаи давру замонҳо, олими забардасти тоҷик Абӯалӣ ибни Сино буд, ки дар охири асри X ва аввали асри XI зиста дар соҳаҳои ниҳоят гуногуни илм, хусусан дар инкишофи фалсафа ва тибби дунё саҳми босазое гузоштааст. Вай парвардаи муҳити фарҳангии Сомониён буд. Вале қисми зиёди умри Абӯалӣ ибни Сино баъди пош хурдани давлати мутамаркази давлати Сомониён дар гирдоби ҳодисаҳои мудҳиши нимаи аввали асри XI сипарӣ гардид. Ӯ гоҳ чун табибу файласуф, баъзан ба сифати фақеҳу вазир, ҳатто замоне чун маҳбуси зиндони ҳаёт умр ба сар бурд, чун надими хоси подшоҳону маликон низ рӯзгор гузаронидааст. Аммо ӯ лаҳзае аз омӯзиш ғафлат наварзида, аз пажӯҳиш ва корҳои илмӣ фориғ набуд.

Баръакси бисёр бузургони гузашта, ки аз зиндагии онҳо маълумоти аниқе дастрас нест, санаҳои зиёде аз рӯзгори Абӯалӣ ибни Сино маълум аст. Рӯзгор ва саргузашти Сино ба дасти шогирди вафодораш Абуубайди Фақеҳии Ҷузҷонӣ имло шудааст. Воқеаву ҳодисаҳои 25 соли охири умри Синоро Абуубайд, ки ҳамеша ҳамроҳи устод ва шоҳиди рухдодҳо буд, навиштааст, ки ин имло ва навишта бо номи «Рисолаи саргузашт» маълум буда, дар асли арабӣ ва тарҷумаҳо ба забонҳои гуногун чандин бор ба табъ расидааст. Падари Абӯалӣ Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино ном дошт ва аслан аз аҳли Балх буд. Вай дар замони Нӯҳ ибни Мансур (976-997) ба Бухоро омада, дар деҳаи Афшана (Рометани имрӯза) ба кори мулкӣ шуғл варзид. Вай дар деҳаи Афшана бо Ситорабону ном деҳқондухтар хонадор шуд. 18-августи соли 980 дар ин оила писаре ба дунё омад, ки ӯро Ҳусайн ном ниҳоданд. Соли 985 оилаи Ибни Сино, вақте ки ӯ ба синни панҷсолагӣ мерасад, аз Афшана ба Бухоро кӯчид. Абдуллоҳ, ки аз шахсони фозил ва маърифатдӯст буд, Ҳусайнро ба мактаб монд. Вай аз синни 5-солагӣ то 10-солагӣ дар мактаб хонда, хату савод баровард, сарфу наҳви забони арабиро омӯхт, илмҳои адабро аз худ кард. Ба илмҳои адаб, яъне адабиёт, бар замми сарфу наҳв хаттотӣ, маъонӣ, қироат, арӯз, қофия, луғат, имло, услубшиносӣ ва амсоли инҳо дохил мешуданд. Ниҳоят Ҳусайн Қуръонро омӯхта онро ҳифз намуд.

Минбаъд Ибни Сино лақаби Шайхро гирифт, зеро дар касе, ки Қуръонро аз ёд мекард ӯро сарфи назар аз синну солаш шайх мегуфтанд. Сипас Абдуллоҳ писари худро аз мактаби ибтидоӣ гирифта, назди муаллимони хусусӣ гузошт, ки онҳо асосҳои илмро ба ӯ омухтанд. Ибни Сино аз ҷиҳати ҷисмонӣ бенуқс, дар ҳусну хулқ зебо буда, зеҳни бурро ва истеъдоди баланд дошт, ки аз ин омӯзгорон ба ҳайрат мемонданд. Дар он овон Ҳусайнро падараш назди Абдуллоҳи Массоҳ, ки аз донишмандони соҳаи ҳисобу ҳандаса буд, ба шогирдӣ гузошт. Ибни Сино аз устодаш дар андак вақт ҳисобу ҳандасаро омӯхта, дар омӯзиши ин илм муваффақ шуд. Бар замми ин Ибни Сино дар назди Исмоили Зоҳид ду сол ба омӯхтани тафсири Қуръон, ҳадиси пайғамбар ва фиқҳ мепардозад. Ба ҳамин тариқ, ӯ то 12 солагӣ дар тафсир, ҳадис ва фиқҳ маҳорат пайдо кард. Вай ҳамеша чун беҳтарин толибилм эътироф мегашт. Шеваи баҳс, одоби музокира, тарзҳои эътироф ба ҳариф ва ҳусни муҳовараро нағз омӯхта буд. Истиқлоли фикр, вусъати андеша ва бодалел сухан рондан хоси ин навҷавони дар роҳи илм пешрав буд. Дар масъалаҳои маслаку мафкура у истиқлоли худро ҳатто аз падари хеш ҳам нигоҳ медошт. Баъди фаро гирифтани маълумоти миёна Ибни Сино аз пайи такмили донишу маърифат гашт.

Ибни Сино то 15-солагӣ илмҳои табииёт, илоҳиёт, фалсафа, ҳикмати илоҳӣ, нуҷум, мусиқии назарӣ, геометрия, математика ва амалиро мустақилона омӯхта, дар 16-солагӣ ба омӯхтани илми тиб машғул шуд.

Абӯалӣ илми тибро аз Абумансур Ҳасан Камарии Бухороӣ, ки табиби дарбори Нӯҳ ибни Мансур буд, омӯхт. Аслан омӯзиши илми тибро у дар 12-солагӣ шурӯъ карда буд, вале ба маслиҳати Абусаҳли Масеҳӣ аз идомаи таҳсил худдорӣ намуда, чанде таваққуф намуд. Ба ҳамин тариқ, Абӯалӣ дар 16-солагӣ чун як табиби ҳозиқ дар тамоми Бухоро шинохта шуд. Ҳамчунин ба такмили дониши худ дар соҳаи илми фиқҳ, мантиқ, фалсафа, табиатшиносӣ, риёзиёт ва илми илохӣ баргашта, дар муддати якуним сол донишу малакаи худро дар ин самт мукаммал намуд. Абуалӣ шахси ниҳоят пуркор, ҷидди ва меҳнатдӯст буд. Нафақат ақли расо ва қобилияти баландаш боиси пешрафти илми ва маънавии ӯ мешуд, балки кӯшиши амиқ, сабру тоқат ва ҷаҳду талошҳояш низ воситае буд, ки пирӯзӣ ва комёбиҳои маънавии ӯро таъмин мекард. Доир ба таҳсили илм мегуяд:

«Ягон шаб пурра нахуфтаам ва рӯзона ба ҷуз омӯхтани илм ба коре машғул нашудаам».

Абӯалӣ то 18-солагӣ тамоми донишҳои расмӣ ва ғайри расмии замони худро фаро гирифта, пешсафи бузургтарин олимони маъруфи давр эътироф гардид. Шайхурраис худ эътироф мекунад:

“Чун ба 17-солагӣ расидам, аз омӯхтани ҳамаи ин илмҳо фориғ шудам. Он рӯз дар илм беҳтарин ҳифзкунанда будам, имрӯз пухтатар шудам, вагарна илм як хел буда, аз он чизе дар ман дигаргун нашудааст ”.

Абуали ибни Сино ҳақ дошт, ки он вақт бигӯяд:


« 'از قعر گل سیاه تا اوج زحل
کردم همه مشکلات گیتی را حل
بیرون جستم زقید هر مکر و حیل
هر بند گشاده شد مگر بند اجل
'

Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
»

Мероси илмӣ ва адабӣ

Нусхаи арабии Ал Қонун-фит-Тиб

Абӯалӣ дар ҷаҳон аз пурмаҳсултарин олимон ва адибон эътироф гаштааст. Фаъолияти эҷодии вай аз 17-18 солагиаш дар солҳои 996-997 шурӯъ шуда, расо 40 сол давом кардааст. Ӯ осори насриву назмиашро ҳам ба арабӣ ва хам ба тоҷикӣ эҷод кардааст. Сабаби бисёре аз асарҳои худро ба забони арабӣ навиштани Абӯалӣ он аст, ки забони арабӣ дар он замон ҳамчун забони илму маданият шинохта шуда буд. Ҳамчунин китобҳои зиёди илмию ахлоқии юнонӣ, ибронӣ, ҳиндӣ ва паҳлавӣ ба забони арабӣ тарҷума шуда, истилоҳоте, ки мафҳумҳои илмиро ифода мекарданд, дар ин забон устувор гардида буданд. Забони арабӣ барои ҳамаи донишмандони асрҳои X-XI фаҳмо буда, дарси мадрасаҳо ба ин забон мегузашт. Осори Абӯалӣ ниҳоят зиёд аст. Аз рӯйи тадқиқ ва ҳисоби донишманди машҳури эронӣ Саид Нафисӣ (1896-1966) миқдори асарҳои Абӯалӣ, ки алҳол маълум шудааст, ба 456 мерасад. Дар китобхонаҳои давлатӣ ва шахсии олам 162 асари у нигоҳ дошта мешавад. Аз ҷумла 23 асари вай бо забони модариаш, яъне тоҷикӣ эҷод шудааст. Ҳамчунин як миқдор шеърҳои тоҷикии Абӯалӣ низ ба замони мо расидаанд. Асарҳои Абӯалӣ аз ҷихати ҳаҷм хеле гуногун буда, аз рисолаҳои мухтасар то асарҳои чандинҷилда иборат мебошад. Асари «Китобулинсоф», ки аз байн рафтааст, дар 20 ҷилд, «Алҳосил вал маҳсул» дар 20 ҷилд, «Китобушшифо» дар 18 ҷилд, «Лисонулараб» дар 10 ҷилд, «Ал-Қонун» дар 5 китоб, «Наҷот» дар 3 ҷилд эҷод шудаанд. Кулли ин осор, ки зикрашон рафт, дар инкишоф ва такомили улуми мавҷуда нақши сазовор гузошта, то кунун ба арзиши бузурги таърихӣ, маданӣ ва илмӣ моликанд. Тамоми асарҳои ӯро метавон ба 4 гуруҳ тақсим кард:

1. Асарҳои доир ба ҳикмат, фалсафа ва ахлоқ ва мантиқ.
2. Асарҳо оид ба тиб.
3. Асарҳо доир ба илмҳои дақиқ.
4. Асарҳо роҷеъ ба забону адабиёт ва санъат.

Бисёре аз асарҳои Сино танҳо роҷеъ ба як соҳа ихтисос наёфта, балки чандин илмро фаро мегиранд. Масалан «Донишнома» аз бобҳои Мантиқ, Илоҳиёт, Табииёт, Ҳайат ва Мусиқӣ таркиб ёфтааст.

Дастхати «Ал-қонун фи-т-тиб»-и Абӯалӣ Сино

Ибни Сино адиб

Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик Ибни Сино ҳамчун шоири ориф эътироф гашта, муҳимтарин қисмати осори адабии ӯро шеърҳо ташкил медиханд. Қасида ва ғазалҳои шоир тасаввуфи ва ахлоқианд. Вале рубоиҳои Сино шоирона садо додаанд. Афкори ҳикматомузӣ шоир дар ашъораш ба таври равшан инъикос шуда, муносибати иҷтимои ва шахсияти шоирро рунамо месозанд. Намунаи рубоиёти Сино, ки роҷеъ ба масоили иҷтимои ва ахлоқӣ эҷод шудаанд, манзур мегардад:


« Эй кош, бидидаме, ки ман кистаме?
Гар муқбилам, осудаву хуш зистаме.
Саргашта ба олам аз пайи чистаме?
Варна ба ҳазор дида бигристаме!
»


« Бо ин ду-се нодон, ки чунин медонанд,
Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон эшонанд.
Хар бош, ки ин чамоа аз фарти хари,
Ҳар к-у на хар аст, кофираш мехонанд.
»


« Дар пара сухан нест, ки маълум нашуд,
Кам монд зи асрор, ки мафхум нашуд.
Дар маърифаташ чу нек фикре кардам,
Маълум шуд, ки хеч маълум нашуд.
»


« Хак-чони ҷаҳон асту ҷаҳон чумла-бадан,
Ачноси малоика – хавоси ин тан.
Ачром – аносиру маволид – аъзо,
Тавхид хамин асту дигархо хама –фан.
»


« Эй зоти ту мар вучудро буда асос,
Ҷуз зоти ту нест хеч кас зотшинос.
Касро ба камолу кунхи зотат ах нест,
Бар феъли ту мекунад зоти ту киёс.
»


« Ҳар ҳайату ҳар нақш, ки шуд маҳв кунун,
Дар махзани рӯзгор гардад махзун.
Рафт он гуҳаре, ки буд пирояи умр,
В-овард замона токи сармояи умр.
»


« Эй нафс ки бастаи ҳавои ҳаваси,
Биштоб, ки дар ҳимояти як нафаси.
Дунё маталаб, чоҳ маҷӯ, ишва махар,
К-аз дӯст бароиву ба душман бираси.
»


« Дил гарчи дар ин бодия бисёр шитофт,
Як муй надонист, вале муй шикофт.
Андар дили ман ҳазор хуршед битофт,
В-охир ба камоли заррае рох наёфт.
»


« Бо ҳар хасе зи руи ҳаво дӯсти мадор,
Дар куи мардумон зи паи дӯсти мапуи.
Гар боядат, ки кам нашавад обруи ту,
Фармону ихтилоти фурумоягон маҷуй,
»


« Куфри чу мане газофу осон набувад,
Маҳкамтар аз имони ман имон набувад.
Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир,
Пас дар ҳама даҳр як мусулмон набувад
»

Ёддошт

Некдошти устод

Дар Тоҷикистон барои гиромидошти Абӯалӣ ибни Сино бо қарори КМ ҲКТ ва Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино - ҷойизаи олии ҷумҳуриявӣ дар соҳаи илму техника (1 марти соли 1967), номгузории Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, майдону хиёбонҳо, маҳалаву ҷамоатҳо ва пайкараву нимпайкараҳо гузошта шудаанд.

Ибни Сино дар синамо

Нигористон

Адабиёт

Нашри эҷодиёти ӯ, бо забони русӣ
  • Ибн Сина. Даниш-намэ. Книга знания. — Сталинабад, 1957.
  • Ибн Сина. Канон врачебной науки : В 5 т. — Ташкент, 1956-1960.
  • Ибн Сина. Математические главы «Книги знания». — Душанбе, 1967.
  • Ибн Сина. Послание о любви. — Тбилиси: Мецниереба, 1976.
  • Ибн Сина. Избранное. — М.: Книга, 1980.
  • Ибн Сина. Избранные философские произведения. — М.: Наука, 1980.
  • Аль-Бируни, Ибн-Сина. Переписка. — Таш­кент: Фан, 1973.
Нашри эҷодиёти ӯ, бо забони тоҷикӣ
Дар хусуси ӯ
  • Ахадова М. А. Арифметическая часть «Книги знания» Ибн Сины. Геометрическая часть «Книги знания» Ибн Сины // Учёные записки Бухарского госпединститута. — 1964. — № 12.
  • Джибладзе Г. Н. Системы Авицены: Абу Али Ибн-Сина. Экзотерический очерк. (Некоторые обобщения и материалы). — Тбилиси, 1986.
  • Диноршоев М. Натурфилософия Ибн Сины. — Душанбе, 1985.
  • Завадовский Ю. Н. Абу Али Ибн Сина: Жизнь и творчество. — Душанбе, 1980.
  • Лютер И. О. Метафизика Ибн Сины: угол — отношение, качество, положение или всё-таки количество? // Историко-математические исследования. — 2003. — № 8(43). — С. 278—302.
  • Петров Б. Д. Ибн Сина (Авиценна). — М.: Медицина, 1980.
  • Сагадеев А. В. Ибн Сина (Авиценна). — М., 1985.
  • Шидфар Б. Я. Ибн Сина. — М., 1981.
Бо дигар забонҳо
  • Gardet L. La pense religieuse d Avicenne (Ibn Sina). — Paris, 1951.
  • Morewedge P. The metaphysica of Avicenna. — London, 1973.
  • Nasr S.H. Three Muslim Sages. Avicenna. — Suhrawardi — lbn Arabi. — Cambridge (Mass.), 1964.

Эзоҳ

  1. 1.0 1.1 1.2 Авиценна (рус.) // Энциклопедический словарь / под ред. И. Е. АндреевскийСПб.: Брокгауз — Ефрон, 1890. — Т. I. — С. 82.
  2. Сина, Абу-Али ибн-Хусейн ибн-Абдалла ибн- (рус.) // Еврейская энциклопедияСПб.: 1913. — Т. 14. — С. 254.
  3. Авиценна (рус.) // А — Аколла — 1926. — Т. 1. — С. 174—175.
  4. http://www.britannica.com/EBchecked/topic/45755/Avicenna/517/Additional-Reading
  5. * Paul Strathern (2005). A brief history of medicine: from Hippocrates to gene therapy. Running Press. p. 58. ISBN 978-0-7867-1525-1. 
  6. * Brian Duignan (2010). Medieval Philosophy. The Rosen Publishing Group. p. 89. ISBN 978-1-61530-244-4. 
  7. * Michael Kort (2004). Central Asian republics. Infobase Publishing. p. 24. ISBN 978-0-8160-5074-1. 
  8. * Ibn Sina («Avicenna») Encyclopedia of Islam. 2nd edition. Edited by P. Berman, Th. Bianquis, C.E. Bosworth, E. van Donzel and W.P. Henrichs. Brill 2009. Accessed through Brill online: www.encislam.brill.nl (2009) Цитата: «He was born in 370/980 in Afshana, his mother’s home, near Bukhara. His native language was Persian.»
  9. * A.J. Arberry, «Avicenna on Theology» — KAZI PUBN INC, 1995. excerpt: «Avicenna was the greatest of all Persian thinkers; as physician and metaphysician»
  10. * Henry Corbin, «The Voyage and the messenger: Iran and Philosophy». — North Atlantic Books, 1998. — P. 74 Цитата:«Whereas the name of Avicenna (Ibn sinda, died 1037) is generally listed as chronologically first among noteworthy Iranian philosophers, recent evidence has revealed previous existence of Ismaili philosophical systems with a structure no less complete than of Avicenna».
  11. Фильм «Ҷавонии Бузургвор»(рус.) на сайте youtube.

Сарчашма