Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
русӣ: Горно-Бадахшанская автономная область | |
38° с. ш. 73° в. д.HGЯO | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Маркази маъмурӣ | Хоруғ |
Роҳбар | Алишер Мирзонабот |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | 2 январ 1925 |
Масоҳат |
|
Баландӣ | 7 496 м |
Вақти минтақавӣ | UTC+6:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 230 100[2] нафар (2022)(5-ум ҷой) |
Шиносаҳои ададӣ | |
Рамзи ISO 3166-2 | TJ-BG |
Шохисии FIPS | TI01 |
Коди телефон | 3522 |
Нишонаи почта | 736000 |
Коди мошинҳо | 04РТ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (форсӣ: ولایت خودمختار کوهستان بدخشان) — вилояти мухторест дар кӯҳсори Помир дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Марказии вилоят шаҳри Хоруғ аст.
Ҷойгоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сарзамине 64,2 ҳазор км² дар кӯҳсори Помир ҷойгир аст ва 44,5 дарсад аз сарзамини Тоҷикистонро дар бар мегирад. 97 дарсад аз сарзамини ВМКБ кӯҳсор аст ва баландтарин кӯҳҳои Тоҷикистон — қуллаи Исмоили Сомонӣ (7495 м), қуллаи Истиқлол (7134 м), қуллаи Корженевский (7105 м), дар ин вилоят ҷой доранд. Аз ин рӯ Бадахшонро Боми Ҷаҳон низ меноманд. Дар Бадахшон пиряхҳои калонтарини Осиёи Марказӣ: Пиряхи Федченко (масоҳат 651,7 км², дарозӣ 77 км), Грумм-Гржимайло (масоҳат 142.9 км²), Гармо (114,6 км²) ва диг, ҳастанд, ки саргаҳи рӯдҳои Панҷ, Ғунд, Бартанг, Шоҳдара, Язғулом, Ванҷ мебошанд.[3]
ВМКБ дар шимол бо Қирғизистон, дар шарқ бо Чин, дар ҷануб ва ғарб бо Афғонистон ҳаммарз аст.
Аҳолӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бино ба саршумори 1 январи соли 2022 аҳолии ВМКБ 230 100 танро дар бар мегирифт, ки 2,3 дарсад аз аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Миёнгини зичии аҳолӣ дар вилоят 3,7 кас ба як км² аст. Аз ин шумор 39,6 ҳазор нафар (17,2 дарсад аз шумораи умумии аҳолии вилоят) шаҳрӣ ва 190,5 ҳазор нафар (82,8 дарсад) рустоист.[4]
Мардуми Бадахшон ба забонҳои тоҷикиву помирӣ — шуғнонӣ, рӯшонӣ, бартангӣ, рошорвӣ, язғуломӣ, вахӣ, ишкошимӣ ва забони қирғизӣ сухан мегӯянд.
Бахшбандӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар соли 1905 тамоми Бадахшон ба округи Помири вилояти Фарғонаи Империяи Русия шомил буд. Округи Помир аз 4 ноҳия иборат буд:
- Ноҳияи Постгоҳҳои Шарқӣ
- Ноҳияи Хоруғ
- Ноҳияи Ишкошим
- Ноҳияи Лангар
Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон расман дар 2 январи соли 1925 бар асоси Қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии Иттиҳоди Шӯравӣ дар таркиби Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил шуда ва минбаъд ба таркиби ҶШС Тоҷикистон дохил гардидааст. Аз ибтидо дар ҳайати вилоят чор ноҳия буд:
- Ноҳияи Вахону Ишкошим, марказаш Шитхарв
- Ноҳияи Помири шарқӣ, марказаш Шӯҷон (Мурғоб)
- Ноҳияи Рӯшону Бартанг, марказаш Қалъаи Вомар
- Ноҳияи Шуғнон, марказаш Хоруғи боло
Соли 1963 қаламрави вилоят ба чор ноҳия тақсим карда шуд:
- Ноҳияи Ванҷ, марказаш Ванҷ
- Ноҳияи Ишкошим, марказаш Ишкошим
- Ноҳияи Мурғоб, марказаш Мурғоб
- Ноҳияи Шуғнон, марказаш Хоруғ
Соли 1965 ба ҳайати ВМКБ ду ноҳияи дигар ҳамроҳ карда шуд: ноҳияи Қалъаи Хумб, марказаш Қалъаи Хумб ва ноҳияи Рӯшон, марказаш Рӯшон.
Соли 1991 номи ноҳияи Қалъаи Хумб ба ноҳияи Дарвоз иваз карда шуд.
Соли 1992 ноҳияи Роштқалъа таъсис дода шуд.
Бино ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон расман дар ҳайати кишвар ҳамчун вилояти мухтор арзи ҳастӣ мекунад. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳоло иборат аз 1 шаҳр, 7 ноҳия ва 43 ҷамоати деҳот аст.
Бахшбандии кунунӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бино бар Қонуни тақсимоти кишварии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1 шаҳр, 7 ноҳия ва 43 ҷамоати деҳот дорад[4]:
Ноҳияҳои ВМКБ | ||||||||||||
Бахш | Аҳолӣ | Масоҳат, ҳаз км² | Зичии аҳолӣ, нафар/км² | |||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
шаҳри Хоруғ | 28 900 | |||||||||||
Ноҳияи Ванҷ | 31 900 | 4,4 | 7,8 | |||||||||
Ноҳияи Дарвоз | 22 000 | 2,8 | 8,6 | |||||||||
Ноҳияи Ишкошим | 30 800 | 3,7 | 8,9 | |||||||||
Ноҳияи Мурғоб | 14 400 | 38,4 | 0,4 | |||||||||
Ноҳияи Роштқалъа | 25 700 | 4,3 | 6,4 | |||||||||
Ноҳияи Рӯшон | 24 800 | 5,9 | 4,4 | |||||||||
Ноҳияи Шуғнон | 35 800 | 4,6 | 8,3 |
Ҳукумат
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарвари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ВМКБ — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ВМКБ ба муддати 5 сол интихоб мешавад.
Раиси вилоят: Алишер Мирзонабот (аз 5 ноябри соли 2021)
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]14 октябри 1924 дар натиҷаи таъйиноти ҳудуди миллию давлатии ҷумҳуриҳои шӯроии Осиёи Миёна Республикаи Автономии Шӯроии Сотсиалистии Тоҷикистон (дар таркиби Республикаи Шӯроии Сотсиалистии Ӯзбекистон) таъсис ёфт. Вилояти Махсуси Помир, ки пештар ба таркиби Республикаи Автономии Шӯроии Сотсиалистии Туркистон дохил мешуд, ба Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ табдил дода шуд ва тибқи қарори Президиуми КИМ-и ИҶШС аз 2 январи 1925 ба таркиби РАШС Тоҷикистон дохил гардид. Соли 1994 пас аз қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон табдили ном кард. Мутобиқи моддаи 81-и боби 7-и Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қисми таркибӣ ва ҷудонопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Сохтори марзии давлат низоми муайяни воҳидҳои марзӣ буда, мухторӣ ниҳоди махсуси воҳиди марзӣ дар таркиби давлати ягона ва дорои ҳуқуқҳои дар қонун муайяншуда мебошад.
ВМКБ қисми шарқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро гирифта, дар шимол бо Ҷумҳурии Қирғизистон, дар шарқ бо Ҷумҳурии Мардумии Хитой, дар ҷануб ва ғарб бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳаммарз мебошад. Масоҳаташ 62,5 ҳазор км2 (43 дарсади ҳудуди Тоҷикистон), аҳолиаш 222 300 нафар (2014) ва марказаш ш. Хоруғ мебошад. ВМКБ аз 7 ноҳияи маъмурӣ (Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим ва Мурғоб) иборат аст.
Табиат
[вироиш | вироиши манбаъ]Кӯҳу кӯҳдоманҳо, водиҳо ва мардуми дар ин марзу бум зиста дар маъхазҳои қадим зикр шудаанд. Дар бораи сарзамине, ки Бадахшон дар он ҷой гирифтааст, ҳанӯз муаллифини атиқа (минҷумла, Ҳеродот, Ктесий, Мегасфен, Эратосфен, Плиний, Птоломей, Чжан Сян, Сюан Сзян) ва асрҳои миёна, аз ҷумла, сайёҳи венетсиягӣ Марко Поло маълумоти пурарзиш додаанд. Ҷиддан таҳқиқи ҷуғрофиёӣ ва сарвати табиии ин сарзамин аз миёнаҳои асри 19 оғоз гардид. Соли 1971 экспедитсияи ҷуғрофи сайёҳ А. П. Федченко қ-кӯҳҳои Паси Олойро «кашф» карда, онро «канори шимолии Помир» номид. Солҳои 1877-78 экспедитсияи А. А. Северсев, ки аз нақшабардор (топограф)-ҳо, гиёҳшиносу ҷонваршиносҳо иборат буд, сохтори воқеии кӯҳшиноси (орографӣ)-и Бадахшони соҳили рости д. Панҷро таъйин намуд.
Соли 1878 В. Ф. Ошанин пиряхеро дар болооби Муғсу «кашф» кард ва ба номи А. П. Федченко гузошт. Солҳои 1887-95 Г. Е. Грумм-Гржимайло, Б. Л. Громбчевский, П. С. Назаров, К. И. Богданович, С. Гедин олами ҳайвоноту набототи Бадахшони соҳили рости д. Панҷро таҳқиқ намуданд. Ибтидои солҳои 20-ум дар навоҳии кӯҳсори Тоҷикистон, бахусус Бадахшон, таҳқиқоти бунёдӣ оғоз гардиданд. Соли 1901 аъзои экспедитсияи Б. А. Федченко Шуғнону минтақаи Мурғобро таҳқиқ намуданд, ки О. А. Федченко — узви экспедитсия китоберо бо номи «Набототи Помир» нашр намуд. Соли 1916 ҷуғроф ва гиёҳшиноси маъруф Н. И. Вавилов ба Шуғнону Рӯшон омада, навъи гандуми қадимро дар ин минтақа кашф кард.
Соли 1923 нахустин экспедитсияи муҷтамеи шӯравӣ бо роҳбарии Н. Л. Корженевский кӯҳшиносӣ, яхбандӣ, заминшиносӣ (геология), лимнология бахше аз биология ва набототи нуқоти дурдасти Бадахшонро таҳқиқ намуд. Бад-ин тариқ солҳои 1928, 1932, 1933, 1938 ба Бадахшон экспедитсияҳои омӯзишӣ фиристода шуданд. Омӯзишҳои ҷуғрофиёии ҷумҳурӣ ва билхосса Бадахшон дар давраи солҳои баъдиҷангӣ бар асоси таҳқиқоти мушаххаси мустақил ва натиҷагирии маводди қаблан омӯхташуда мутавотир сурат мегирифт.
Релйеф
[вироиш | вироиши манбаъ]Шарқи Тоҷикистонро кӯҳҳои мусалсали Бадахшон фаро гирифтаанд. Ин силсилакӯҳҳоро метавон ба Шарқи Бадахшон ва Ғарби Бадахшон ҷудо кард. Марзи шартии байни онҳо аз хатте мегузарад, ки силсилакӯҳҳои Зулумартро бо садди Усой, Яшилкӯл ва резишгоҳи Вахондарё ба дарёи Панҷ мепайвандад. Ҳастаи манзумаи кӯҳсори Бадахшон кӯтоҳ — 108 км, ба таври нисфуннаҳорӣ (меридиан) кашидашудаи силсилакӯҳи Академияи Фанҳо мебошад. Ин натанҳо баландии Тоҷикистон, балки баландтарин нуқтаи тамоми давлатҳои муштаракулманофеъ аст.
Баландии миёнаи қуллаҳои қ-кӯҳҳо 5757 м буда, кӯтали пасттарин — Кашолаях мутаносибан бо баландтарин қуллаи Алп-Монблан баробар аст. Баландтарин қуллаи қ-кӯҳ қуллаи Исмоили Сомонист (собиқ Коммунизм), ки иртифои он 7495 м мебошад. Аз нишебиҳои қулла чанд пирях фуромада бо пиряхи Гармо пайваст мешаванд. Дар қисмати шимоли кӯҳ қуллаи Е. Корженевский (7105 м) ҷой гирифтааст. Онро кашшофи қулла Н. Л. Корженевский ба шарафи ҳамсараш номгузорӣ кардааст. Сууди нахустинро ба қуллаи Исмоили Сомонӣ соли 1933 кӯҳнаварди шӯравӣ В. Абалаков анҷом дода буд. Дар баландии 6000-6100 м Пуштакӯҳ (фалот)-и пиряхии Помир 15 м захомат дорад. Қ-кӯҳи Академияи Фанҳо дар шимол аз соҳили чапи Муғсу ибтидо гирифта, қуллаи он Музҷилга 6376 м иртифо дорад. Аз тарафи ғарби қ-кӯҳи Академияи Фанҳо қ-кӯҳҳои Петри I, Дарвоз, Ванҷ ва Язгулом сар афрохтаанд. Қ-кӯҳи Петри I байни Сурхоб — Муғсу ва Оби Хингов ҷой гирифтааст. Баландтарин қуллаи ин қ-кӯҳ қуллаи Маскав (7685 м) аст. Қ-кӯҳи Дарвозро водии д. Оби Хингов, Яхсу, Ванҷ ва Панҷ печонидаанд. Баландтарин қуллаи ин қ-кӯҳ Арнавад (6083 м) мебошад. Давоми ин қ-кӯҳ Ҳазрати Шоҳ ном дорад. Қ-кӯҳи Ванҷ ғайримуқаррарӣ тангно ва нишеб буда, байни д-ҳои Ванҷ ва Язгулом ҷой гирифтааст. Қ-кӯҳи Язгулом бошад, дар ҷануби қ-кӯҳи Академияи Фанҳо, байни д-ҳои Язгулом ва Бартанг ҷойгузин аст. Иртифои он — қуллаи Инқилоб 6974 м мебошад. Ғарби Бадахшон бо ноҳамвориҳо ва тафовути баландиҳояш фарқ мекунад. Шакли релйефи он фарсоиши (эрозиявӣ)-и муқаррарист. Қ-кӯҳҳои ғарби Бадахшон дараҳои вартадори танг ва қуллаҳои дандонадор дошта доиман барфпушанд. Дарёҳои тезмаҷрои он низ дар дараҳои чуқури тангно туғён доранд. Кӯҳдоманҳо дар иртифои 1700—1800 м аз с. б. қарор гирифта, қуллаҳояшон бештар аз 6000 м баландӣ доранд. Аз сарозерии нишебҳои дараҳо тармаҳо сангчарха фаромада гоҳо кӯлҳо пайдо мешаванд. Байни д-ҳои Бартанг ва Ғунд қ-кӯҳи Рӯшон ҷой гирифта, ки баландтарин қуллаи он — Патхор 6080 м иртифо дорад. Ҷанубтар қ-кӯҳи Шуғнон имтидод меёбад ва андаке ҷудо аз он қ-кӯҳи Шохдара бо иртифои қуллаҳои Карл Маркс (6726 м) ва Энгелс (6510 м) қомат афрохтааст. Дар зовияи ҷануби ғарбии Бадахшон қ-кӯҳи нисбатан кӯтоҳи Ишкошим, ки иртифои қуллаи он — Маяковский 6098 м мебошад. Тамоми қ-кӯҳҳои ғарби Бадахшон пирях доранд.
Новобаста аз баландии мутлақ — то 5000-5500 м аз с. б. релйефи шарқи Бадахшон суффакӯҳ аст. Бештари ҳудуди ин минтақа ҳавзаҳои беобанд. Ин ҷо аз водиҳои фарохи ғайримуқаррарӣ дарёҳои ором (дар баландии 3700 то 5500 м аз с. б.) ҷориянд. Шаклҳои асосии релйефи шарқи Бадахшон пиряхи қадимӣ буда, рӯйи замини ин ҷоро аз обшусташавӣ — облесӣ эмин медоранд. Дар ғарби Бадахшон бошад, қабатҳои пиряхӣ барвақтар об шуда, рӯйи замини онро харобу валангор намуда, дарёбодҳои чуқуре ба вуҷуд омадаанд. Бад-ин сабаб бо тафовут аз ғарби Бадахшон дар қисмати шарқи он облесиву обхӯрдагиҳо кам ба назар мерасанд.
Сохтори заминшинохтӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Бадахшон ду системаи чиндори гуногунсинн муайян шудаанд: дар қисмати шимолӣ инкишофи геосиклиналӣ дар охири палеозой ва ибтидои мезозой ба охир расида буд. Тибқи русуб (таҳнишастҳо) ва магмаҳои бавуҷудоӣ, синнии онҳо ва сохторашон дар системаи чиндоршавӣ чанд минтақа таъйин мешавад: минтақаи Қалъаи Хумб — Савуқсой қисми шимоли Бадахшонро фаро мегирад. Тарқиши шимоли Бадахшон ва Уйбулоқ ҳамчун сарҳадди минтақаанд.
Минтақаи Қарокӯл қисмати марказии Помири Шарқиро фаро мегирад. Таҳнишастҳои қадимтарин — сланесҳо (палма) ва шанзорҳои палеозойи поён дар 1500 м ҷойгиранд. Онҳоро қабатҳои оҳаксангӣ (500 м) — силури девон рупӯш мекунанд. Таркиби тектоникии минтақа сохтори блокӣ дорад. Дохили ҳар блок таркибҳои сахт дорад.
Минтақаи Дарвоз — Сарикӯл бо тарқиши Қараарт бошад, ҳаммарз буда, тарқиши Ванҷ — Оқбайтал дар сарҳадди ҷанубии он ҷойгир аст. Дар таркиби таҳнишастҳои карбон-пермини ин ҷо (1000 м) ҷинсҳои кӯҳии терригенӣ мавҷуданд. Сохтори тектоникии ин минтақа таносубан одӣ аст. Минтақаи Бартанг — Рангкӯл (шимоли қисмати ҷануби Бадахшон) чок-буриши стратиграфӣ дорад. Таркибҳои протерозой аз гнейсҳо сланесҳо (палмаҳо)-и шушавӣ ва кварситҳо (5000 м) иборат буда, рӯйи онҳо оҳаксангҳо кембро-ордовикӣ хобидаанд. Минтақаи Рӯшони Пшарт аз дигар манотиқи геологии Бадахшон бо тарқиши ростнишеб фарқ дорад. Сохтори ин минтақа аз таҳнишастҳои силсилаи карбонӣ, пермӣ ва триасӣ иборат аст. Минтақаи Мурғоб — Оқсуй дар шимоли Мурғоб аз соир манотиқи Бадахшон тафовут дорад. Тарқиши Аличур марзи ҷанубии ин минтақа мебошад. Дар сохтори тектоникии минтақа таркиби климот мавҷуд аст, ки ҳастаи он аз таҳнишастҳои силсилавии давра (эра)-и юраю триасӣ ва ду паҳлуи он аз ҷинсҳои кӯҳии палеозойи боло мураттаб гардидааст. Минтақаи Шохдара қисмати ҷанубу ғарбии Бадахшонро фаро гирифтааст. Асосан ин минтақа аз аҷноси кӯҳии даврони архей ва протерозой иборат мебошад.
Аз нигоҳи тектоникӣ ин минтақа аз ду блоки архейӣ таркиб ёфтааст, ки бо вартаи вулкании хеле қадимӣ аз ҳам ҷудо мешаванд ва бо ҷилди нахуст — протерозой пӯшида шудаанд. Бадахшон таърихи хеле мураккабу пурпечи рушди геологиро паси сар намудааст.
Маъданҳои зеризаминӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ҳудуди Бадахшон конҳои волфрам (икар) бештар дар таркиби қалъагӣ, мис, тило, молибден ва руҳ, қалъагии навъи скарнавӣ (Оқҷилга) ва грейзенӣ, молибден, сурма, симоб, алюминий (ин кон аз сабаби сифати паст ва захираи кам аҳаммияти иқтисодӣ-истеҳсолӣ надорад) мавҷуданд. Аз гурӯҳи маъданҳои зеризаминии ғайрифилиззӣ дар Бадахшон конҳои шпат (флюорит), слюда, талк, кварс кашф гардидаанд. Ҳамчунин дар Бадахшон захираи фаровони сангҳои ороишии қимат ва камбаҳо, аз ҷумла аметист, морион, раухтопаз, лаъл, булури кӯҳӣ, топаз, турмалин, фирӯза мавҷуд мебошанд.
Иқлим
[вироиш | вироиши манбаъ]Иқлими Бадахшон мисли тамоми Тоҷикистон ба як навъ нест. Дар қисмати шимоли он, ба истилоҳ «Помири Шарқӣ» иқлим хушк аст; тобистонаш салқин ва зимистони он камбарфи қаҳратун аст. Силсилаи кӯҳсор ба ташаккули иқлим ва равандҳои тағйири ҳаво мусоидат мекунад. Мураккаб будани релйеф ва баландиҳои аз ҳамдигар хеле тафовутдоштаи кӯҳистон иқлими хоссеро дар ин минтақа ба вуҷуд овардаанд. Ҳарорати пасттарини ҳавои солона дар баландкӯҳҳо ба мушоҳида мерасад ва бо пастравӣ аз баландиҳо афзоиши ҳарорат эҳсос мегардад. Чунончи ҳарорати ҳаво дар стансияи обуҳавосанҷии «Пиряхи Федченко», ки дар баландии 4169м ҷой гирифтааст, 6,90 аст ва ҳамзамон дар нуқтаи гармтарини Тоҷикистон — Айваҷ ин нишондиҳанда ба 17,20 мерасад. Вобаста ба баландӣ аз сатҳи баҳр (3000-3200) давраи хунукӣ бештар аз 8 моҳ идома меёбад. Пасттарин дараҷаи ҳарорат дар Булункӯл (-630) ва Ҷавшангоз (-490) мушоҳида мешавад. Муайян кардани чигунагии бориш дар баландкӯҳҳои Бадахшон баста ба авомили кӯҳшиносист. Намнокӣ бештар дар қисмати ғарбӣ ба назар мерасад. Дар пиряхи Федченко ҳисоби миёнаи бориш 1192 мм ва минтақаи ғарбӣ соле 600 мм (дар баъзе минтақаҳо — Қаракӯл, Мурғоб, Булункӯл ҳатто бориши миёнаи солона 72-86 мм мерасад). Вазиши бод дар бештари ҳудуди Бадахшон ба сабаби баланд будани кӯҳҳо ҳамчун монеа хеле суст ва аммо дар кӯталҳову дараҳо тезтар аст.
Хок
[вироиш | вироиши манбаъ]Қабати рӯпӯши хоки ВМКБ махсусиятҳои худро дорад. Дар баландиҳои 1600 то 2700 м дар теппаҳо ва доманакӯҳҳову нишебиҳои қ-кӯҳҳо хоки қаҳваранги карбонатӣ мавҷуд аст, ки маъмулан серсанг мебошад. Ранги равшану қаҳвагӣ ва дар умқи 20-25 см мавҷуд будани сатҳи карбонатӣ хусусияти фарқкунандаи чунин навъи хок мебошад. Қабати гиёҳдори хок 2-4,5 % буда, вокунишаш сусти ишқорӣ аст. Хокҳои ишқордори равшану қаҳвагӣ дар баландиҳои 2000—2900 м паҳн гардидаанд. Ранги сиёҳчатоби хокистарӣ ва равшани қаҳвагӣ доранд. Дар таги онҳо дар умқи 30-150 м ҷинсҳои асосии вайроншуда мавҷуданд.
Дарёҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳавзаи дарёи Панҷ. Панҷ дар марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи дарозӣ (921 км), майдони обҷамъшавӣ (11 4000 км2) ва аз рӯйи маҷро (32,1 км2) дарёи бузургтарин мебошад. Сарҳадди миёни Тоҷикистону Афғонистон дар тамоми дарозии он қарор дорад. Тибқи таснифоти дарёшинос В. Л. Шулс Панҷ ба навъи дарёҳои аз пиряху барф манбаъгиранда, аз рӯйи тақсимоти солонаи маҷроӣ ба намуди дарёҳои тиёншонӣ бо пуробӣ дар айёми гармо ва маҷрои устувор дар вақти сармо маҳсуб меёбад.
Шохобҳои қисмати рости д. Панҷ — Бартанг, Ғунд, Ванҷ, Язгулом, Қизилсу (ҷанубӣ) аз ҷумлаи дарёҳои калони ҳавзаи Омударё мебошанд. Маҷмуан ба д. Панҷ бештар аз 60 шохобча (дараҳое чун Биҷонддара, Нишуспдара, Морҷакдара, Пишдара) мерезанд. Шохобҳои чапи он (аз қабили Шаур, Вахондара, Хандуд, Арахт, Чавой, Каҷдара, Чосмуд ва ғ.) дар сарзамини Афғонистон ҷорӣ мебошанд.
Д.-и Ванҷ аз ҷиҳати бузургии ҳавзааш (2070 км2) ва дарозӣ (92 км) шохоби панҷуми д.-и Панҷ мебошад. Манбаи ин об низ пиряхҳо ва барф аст. Муҳлати миёнаи обхезии ин дарё 199 рӯз мебошад. Дар ҷанубу ғарбии ҳамроҳшавии д. Ванҷ ба Панҷ ҳавзаи д.-и Язгулом воқеъ гардидааст. Майдони ҳавза 1979 км ва дарозии дарё 80 км аст. Авҷи обхезӣ дар моҳҳои июл — август мушоҳида шудааст. Дарёи Бартанг тибқи масоҳати ҳавза (24 700 км2) ва дарозӣ (558 км) шохоби аз ҳама бузургтарини Панҷ мебошад. Баъди он дарёи Ғунд қарор дорад, ки дарозиаш 296 км ва масоҳаташ 13 700 км2 буда, дарёи Шохдара (бо 40 шохобаш) низ ба он мерезад. Дар болооб то ба Яшилкӯл рехтан дарё номи Аличӯрро дорад. Қисми болооб дар шарқи Бадахшон ва қисми поёнобаш дар ғарби Бадахшон воқе аст. Маҷмуан д. Ғунд низ бештар аз 35 шохоб дорад.
Кӯлҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]ВМКБ зиёда аз ҳазор адад кӯлҳои хурду бузург дорад, аксари онҳо кӯлҳои пиряхӣ ва баъзеашон дар натиҷаи фуромадани сел, тарма ва чарха (сангпар) ба вуҷуд омадаанд. Бештари кӯлҳои Бадахшони шарқӣ пиряхианд ва бузургтарини онҳо Қаракӯл аст, ки дар иртифои 3914 м аз с. б. ҷой гирифтааст. Кӯлҳои Сарез ва Яшилкӯл дар натиҷаи фуромадани сели бузург пайдо шудаанд.
Гиёҳон
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар қисмати ғарбии ВМКБ бештар аз 1142 навъи рустаниҳои дараҷаи олӣ муайян шудаанд. Барои омӯзиши рустаниҳои шифобахшу алафӣ дар ВМКБ «Стансияи биологии Помир» дар шарқи вилоят — наздикии Шоркӯл, (рустаниҳои минтақаи аз 3800 то 5000 м баландтар аз с. б.-ро мавриди омӯзиш қарор додааст) дар «Боғи ботаникии Хоруғ» (аз 2150 м то 4000 м аз с. б.) ва «Стансияи биологии Барвоз» дар Шохдара (аз 2600 то 4100 м аз с. б.) таъсис дода шудаанд. Дар водӣ ва дараҳои соҳили рости д. Панҷ дарахту буттаҳои гуногуни мевадори себ, зардолу, гелос, олуча, олуболу, термева (як навъ дӯлонаи худрӯй), муруд, нок, ангур, анор, тут, зирк, ангат, чормағз, қарақот мерӯянд.
Дар ғарби Бадахшон анвои гуногун ва хеле сершумори алафҳои худрӯй ва рустаниҳои шифобахш мавҷуданд. Дар ҳамвориҳо, боғзор ва кӯҳдоманҳо ангури сагак, хоралаф, куруш, шилха, ғумай, мастак, ширгулак, гули лола, қоқу, чармак, пуш, юған, ров, рошак, торон, вин, ҳумоҷак (ҳамон ҳаума, ки дар Авесто ёд шуда ва ҳоло бо номи эфедра маъмул аст), зарбех, зирдос, кавар, гули хайрӣ, думи рубоҳ, гандумак, мушхор, аҷириқгандум, базрулбанҷ, барги зулф, чойкаҳак, бобуна, буғма, видирм, газна (чидғимс), кирёпч, зира, зирк, испанд, райҳон, хчифхор, киравҷ, коснӣ, муғелон, ниёзбӯ, палоч, юған (варх), пудина, роштвидирм, тахач, хуч (гулхор, ẋар), вилчак, камол, мармиҷон, моралаф, пардам, сумбул, тоҷи хурӯс (целозия), тоҷгул, бангидевона, қаланфур, қорч, ҷамилак мерӯянд, ки аксари онҳо шифобахшанд ва табибон аз онҳо фаровон истифода менамоянд. Дар шарқи ВМКБ, ки иқлим ва навъи хоку релйефаш фарқ мекунад, рустаниҳое мерӯянд, ки хосси биёбонҳои баландкӯҳанд; терескен, пуш, ғеша, явшен, шутурхор ва амсоли инҳо. Аз полезиҳову сабзавотӣ дар ғарби вилоят лаблабуи сурх, бодринг, помидор, харбуза, тарбуз, картошка, редиска, пиёз, сир, офтобпараст, турб кошта мешавад. Ғалладонагиҳо гандуми баҳориву тирамоҳӣ, ҷав, ҷуворӣ, нут, боқило, мош, мушунг парвариш мешаванд.
Ҷонварон
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо вуҷуди минтақаи баландкӯҳ будан дар Бадахшон ҳайвоноту ҳашароти бисёре мавҷуданд, ки иддае аз онҳоро дар соир манотиқи Тоҷикистон ва берун аз он низ наметавон пайдо кард. Олами ҳайвоноти шарқи Бадахшон аз қисмати ғарби он комилан тафовут дорад. Дар минтақаи шарқӣ ҳайвоноте дучор меоянд, ки ба иқлими он ҷо мутобиқ шудаанд ва аз ҷумлаи ҳайвоноти нодир маҳсуб мешаванд. Чунончи хушгов (ғажгов, қутос) ва архар (мешак, гӯсфанди Марко Поло) танҳо дар ин минтақа ба шумули Таббат дучор меоянд (ҳоло қутосро дар ноҳияҳои Айнӣ, Масчо ва қисмате аз навоҳии вилояти Хатлон низ парвариш мекунанд).
Ҳайвоноту ҳашароти Помири Ғарбӣ муқоисатан анвои хеле гуногуну сершумор доранд. Ҳайвоноти дарандаи ваҳшӣ: паланг, хирс, гург, шағол, рӯбоҳ, гурбаи ваҳшӣ, сагобӣ, қашқалдоқ; хояндагон: юрмон, суғур, заргӯш, гулмуш, мири мушон, гуроз; ҳайвони ваҳшии ғайри даранда: нахчиру мешак; ҳайвоноти хонагӣ: гов, буз, гӯсфанд, хушгов (ғажгов, қутос), асп, хар, саг, гурба, харгӯш; ҳашарот: ғунда, ҳазорпо, занбӯр, каҷдум, қунғуз, қаракурт, гамбуск, парвона, кирм (анвои гуногун), парандаҳои ваҳшӣ; кафтар, харкафтар, фохта, фароштурук, досак, гунҷишк, момоҷурғотӣ, тазарвак, саъва, санҷидхор, дуҷ, дурроҷ, кабк, бум, чуғд, куку, зоғ, акка, даркӯб, заргулдор, кабки ҳилол, мурғи ҳумо, каргас, бургут, боз, боша, ғалевоз (чӯҷабарак), бедона; парандаҳои хонагӣ: мурғобӣ, ғоз, мурғ, мурғи марҷон, мурғи султонӣ; хазандаҳо: сагмор, тирмор, гурза, аломор, чипор, мори печон (афъӣ), калтаклос, сангпушт дар манотиқи гуногуни Помири Ғарбӣ дар мавсимҳои гуногуни сол дучор меоянд. Дар кӯҳсорони Помири Ғарбӣ нахчир ва суффакӯҳҳои Помири Шарқӣ архарҳо (мешак, гӯсфанди кӯҳӣ) зиндагӣ мекунанд, ки дар соир манотиқи ҷумҳурӣ ва ҷамоҳири ҳаммарз камтар ба назар мерасанд.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Саноат
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳоло (2014) дар ҳудуди вилоят 13 корхона ва 20 коргоҳ (сех)-и хурди саноатӣ фаъолият доранд. Дар тайи соли 2013 корхонаҳои саноатии ВМКБ ба маблағи 55,8 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки мутаносибан ба солҳои пешин хеле афзун аст. Иттиҳодияи матбааи вилоят, фабрикаи «Лаъл», ҶДММ «Хуҷаназар», фабрикаи дӯзандагии «Соҳибкор Баҳор», ҶДММ-и «Панҷ», Ҷамъияти саҳомии «Помирэнерҷӣ», фабрикаи дӯзандагии «Ҳаёти Нав», ҶДММ «Помир», «Ориён Гэс»-и Ширг фаъолияти пурсамар доштанд.
Кишоварзӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ (аслан рустанипарварию чорводорӣ ва парандапарварӣ) дар давоми соли 2013 486 680 ҳазор сомониро ташкил дода, мутаносибан 4,2 дарсад афзуд. То 1 декабри 2013 дар сектори ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони 15 943 га алафҳои кошташуда ва худрӯй дарав карда шуданд ва аз ин 77145 т хӯроки чорво тайёр карда шуд, ки нисбат ба солҳои пешин зиёд аст. Дар ин сол аз майдони 6114 га 140230 сентнер ғалла, аз майдони 1606 га 370000 сентнер картошка, аз 323 га 106714 сентнер сабзавот, аз 14 га 1795 сентнер зироатҳои полезӣ, аз 70 га 960 сентнер зағир, аз боғоти вилоят 112705 сентнер мева ҷамъоварӣ гардид, ки нисбат ба солҳои пешин зиёдтар аст.
Чорводорӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба 1 декабри 2013 дар ҳамаи секторҳои ҷамъиятӣ ва хусусии вилоят саршумори гов 108839 саршумори бузу гӯсфанд 342889 сар ва мурғ 147909 сарро ташкил дод. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли гӯшт 61825 сентнер, шир 147830 сентнер, тухм 1892 ҳазор дона, пашм 2115 сентнер, асал 1095 сентнерро ташкил дод, ки ин нишондиҳандаҳо низ аз равнақи кишоварзӣ дар вилоят дарак медиҳанд.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 25 марти 2011, № 700) дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ "Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» дар масоҳати 200 га таъсис дода шуд.
Тандурустӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бахши тандурустӣ аз ҷумлаи соҳаҳои афзалиятноки вилоят маҳсуб гардида равнақи он ба пешрафти умумии тамоми соҳоти зиндагӣ мусоидат менамояд. Ҳоло ВМКБ 36 беморхона (1985 кати хоб), 165 бунгоҳи тиббӣ ва бештар аз 120 муассисаи табобатӣ дорад, ки дар ин муассисот бештар аз 500 табиби маълумоти олидор ва зиёда аз 1900 нафар кормандони маълумоти миёнаи тиббӣ сокинони ниёзманди вилоятро табобат менамоянд.
Дар ВМКБ бештар аз 60 чашмаи минералии гарму сард, ки иддае аз онҳо барои табобати беморон истифода мешаванд. Таркиби ин обҳо аз гази карбон «азот» ба маъданҳои гуногуни кимиёи шифобахшида ғалат буда, аксарашон дар Помири Ғарбӣ ҷойгиранд. Маъруфтарину маъмултарини ин чашмаҳои шифобахш дар Мурғоб ду чашма, Ванҷ 5 чашма, Роштқалъа 6 чашма, Шуғнон 3 чашма (маъруфтаринаш Ҷелондӣ), Ишкошим 22 чашма (беназирашон Авҷ, Гармчашма, Бибӣ Фотимаи Заҳро, Даршай) мавриди истифодаи ҳамешагӣ қарор доранд.
Омӯзишу парвариш
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли таҳсили 1990-91 дар ВМКБ 294 мактаб (92 мактаби ибтидоӣ, 74 — асосӣ ва 128 — миёна) бо фаро гирифтани 48015 нафар толибилм фаъолият доштанд; соли 1992 нахустин мактаби олӣ — Донишгоҳи давлатии ш. Хоруғ ифтитоҳ гардид; соли 1994 Комбинати таълимӣ-истеҳсолии байнимактабӣ дар ш. Хоруғ ба фаъолият шурӯъ намуд; соли 1996 дар заминаи Хонаи пионерон, Стансияи техникони ҷавон, Стансияи туристони ҷавон, Стансияи кӯдакон ва наврасон «Маркази корҳои тарбиявӣ ва беруназмактабӣ»-и назди Идораи маорифи ВМКБ таъсис ёфт; соли 1997 Идораи маорифи ВМКБ дар ҳамкорӣ бо ИТРЕК (Анҷумани таълимоти мазҳабӣ ва тариқаи исмоилия)-и Бадахшон дар вилоят лагерҳои «Саодат»-и ноҳияи Шуғнон, «Умед»-и ш. Хоруғ, «Нур»-и ноҳияи Ишкошим ва «Маърифат»-и ноҳияи Рӯшонро бо фарогирии 100-нафарӣ дар 4 баст ташкил намуд; соли 1998 дар Заминаи мактаби № 3 Литсейи Оғохон ифтитоҳ шуд; соли 2011 хобгоҳ (ду бино) барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ш. Хоруғ сохта шуд ва моҳи сентябри ҳамон сол «Муассисаи давлатии таълимии Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғ» ба фаъолият пардохт.
Ҳоло дар ВМКБ бештар аз 350 муассисаҳои таълимӣ ва тарбиявии миёна (175), асосӣ (64), ибтидоӣ (76), кӯдакистон (20), интернатҳо (16), марказҳои рушди барвақтии кӯдак (80) фаъолият доранд, ки дар онҳо бештар аз 5400 нафар омӯзгорону мураббиён ба таълиму тарбияи зиёда аз 43 000 кӯдак машғул мебошанд.
Пажӯҳишгоҳи биологии Помир (4 доктор ва 12 номзади илм дорад), Пажӯҳишгоҳи улуми инсонӣ (4 доктор, 15 номзади илм) ва уламои Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар пешрафти илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хос доранд.
Варзиш
[вироиш | вироиши манбаъ]Бахши варзиш ва сайёҳӣ низ аз соҳаҳои афзалиятноки самти иҷтимоӣ ва маънавии вилоят ба шумор рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳокимияти маҳаллӣ ба он таваҷҷуҳи хосса доранд. Соли 2008 дар вилоят ҳамагӣ 10 мактаби варзишӣ амал мекарданд, минбаъд бо ҷалби бештари ҷавонону наврасон тамоми соҳаҳои он рӯ ба рушд ниҳоданд, минҷумла дастаҳои волейбол, баскетбол, гӯштин (анвои гуногуни он), шоҳмот, тенниси рӯйи миз, атлетикаи сабук ва вазнин, футбол, тӯби дастӣ ва амсоли инҳо. Соли 2014 дар ВМКБ 121 нафар номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 нафар мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 60 нафар устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 нафар устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ бевосита худ дар мусобиқаҳо ширкат варзида ҳамчунин ба тарбияи шогирдон машғуланд.
Ниҳодҳои фарҳангӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 191 китобхонаи ҳамагонӣ бо 1,3 млн нусха китобу маҷалла, 183 фарҳангсаро, 2 синамокада, 1 намоишсаро (театр) ва 1 осорхона дорад.
Расонаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]ВМКБ телевизион ва радиои маҳаллӣ, рӯзномаи «Бадахшон» дорад. Ба тавассути пойгоҳи «Орбита» барномаҳои телевизиони давлатии «Шабакаи якум», «Сафина» ва «Ҷаҳоннамо» пахш мешаванд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4 августи соли 1967 аз ҷониби роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ барои дастовардҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо ордени Ленин мукофотонида шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 https://web.archive.org/web/20221010195817/https://stat.tj/storage//1.01.2022.pdf
- ↑ Агенти омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АЊОЛИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 14 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
- ↑ Общая характеристика Горно-Бадахшанской автономной области
- ↑ 4.0 4.1 Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2015 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.. 27 июли 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2015.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон / Б. Раҳматов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.