Деҳоти Чашмасор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳот
Деҳоти Чашмасор
Кишвар  [[|]]
Тобеъи Ноҳияи Файзобод
Шомили 8 деҳа, 712 хоҷагӣ
Маркази маъмурӣ Чашмасор
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 28 апрели соли 1928
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 5 522 нафар нафар (2010)
Миллият тоҷикон
Мазҳаб мусулмонон: суннӣ-ҳанафӣ
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Коди телефон +992 3135
Домени интернет tj
Коди мошинҳо TJ08
Деҳоти Чашмасор дар харита

Чашмасорҷамоати деҳот дар ноҳияи Файзобод. 28 апрели соли 2005 дар заминаи ҷамоатҳои деҳоти Ҷавонон ва Қалъаидашт ташкил карда шудааст. Ба он деҳаҳои Ғуломдавлат, Эшоно, Сарисафедхок, Кӯлобиён, Чашмасор, Бунгакиён, Тахтиалиф ва деҳаи навбунёди Бунисумч дохил мешаванд. Марказаш деҳаи Чашмасор. Аз маркази ҷамоати деҳот то ноҳия 16 км. Аҳолиаш 5522 нафар (2010), тоҷикон. Аз 712 хоҷагӣ иборат аст. Дар ҳудуди ҷамоат 5 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 мактаби ибтидоӣ, хоҷагиҳои чамоавии деҳқонии «Саховат» (деҳаҳои Ғуломдавлат, Эшоно, Сарисафедхок, Кӯлобиён, ҷамъ 222 хоҷагӣ) ва «Кӯҳдоман» (деҳаҳои Чашмасор, Бунгакиён, Тахтиалиф, Бунисумч, ҷамъ 490 хоҷагӣ), 570 хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ, маркази саломатӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ (дар деҳаҳои Чашмасор на Эшоно), 2 китобхона 330 (дар деҳаҳои Бунгакиён ва Эшоно) 2 масчиди панҷвақта (дар деҳаҳои Чашмасор ва Бунгакиён), 6 чойхонаи ҷамъиятӣ, 3 ташкилоти ғайридавлатӣ (иттиҳодияҳои илмию истеҳсолӣ), 17 магоза, 2 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 4 осиёи барқӣ, 1 осиёи обӣ, 3 ошхона, 2 нуқтаи мошиншӯйӣ, 3 майдони футбол, 6 майдони волейбол фаъолият доранд. Майдони умумии заминҳо 4353 га буда, аз он 459 га замини корам, 359 га боғ ва 2153 га чарогоҳ аст. Пешаи асосии мардум кишоварзӣ, боғу токдорӣ, чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ мебошад. Дар ҷамоат дар ихтиёри аҳолӣ 1638 cap гов, 2703 cap бузу гӯсфанд, 44 cap асп, 72 оилаи занбӯри асал мавҷуд аст. Дар хоҷагиҳои ҷамоавии деҳқонӣ 168 нафар (18 нафар занон, 25 нафар ҷавонон) ва дар хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ 625 нафар (87 нафар занон ва 310 нафар ҷавонон) кор мекунанд. Дар мактабҳои ҷамоат ба 1079 нафар хонандагон 68 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медиҳанд. Дар маркази саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ ба сокинони ҷамоат 9 нафар духтурон хидмати тиббӣ мерасонанд. Аз фарзандони ҷамоат Раҷабов Сафаралӣ чор даъват ва Шодиева Гулрухон як даъват вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудаанд. Дар ҳудуди ҷамоъат 2 нафар Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 4 нафар ҷанговаронн интернатсионалист, 212 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат умр ба cap мебаранд.[1]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.