Театри Лоҳутӣ
Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ — яке аз муассисаҳои театрии тобеи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Театр дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷойгир аст.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ яке аз театрҳои аввалини давлатӣ - касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тибқи қарори Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон, Комиссарияти Халқии Маорифи ҷумҳурӣ тобистони соли 1929 ба ташкил намудани аввалин дастаи касбӣ-театрӣ шурӯъ кард. Асоси онро маҳфили ҳаваскорони аскарони сурхи аз артиш ҷавобшуда ташкил медод.
Ҳайати театри навбунёд аз ҳафт нафар иборат буд: актёрҳо Шариф Бақоев, Гулчеҳра Бақоева, Тӯбиё Бобоева, навозандагон Пӯлод Аҳмадов, Гулмирзо Ҳусейнов, Михаил Ягудоев, коргардон Ҳомид Маҳмудов (ӯ вазифаи директорро низ ба уҳда дошт).
Нахустин коргардонҳои театрӣ, дорои маълумоти махсуси театрӣ, хатмкунандагони студияи Хонаи маърифати ӯзбекӣ дар шаҳри Маскав Ҳ. Маҳмудов, Ф.Умаров ва М.Саидов буданд.
Моҳи декабри соли 1939 мардуми Тоҷикистон 10-умин солгарди таъсиси Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистонро ҷашн гирифт, ки он ба даҳумин солгарди таъсиси театри драмавӣ рост омад. Ин ҷашнвораҳо аз ҷониби театр бо пйесаҳои С.Улуғзода «Шодмон» (ноябри соли 1939 ба саҳна гузошта шуд, коргардон М.Саидов), «Отелло» (таҳияи Мителман соли 1939), пйесаи Д.Фурманов ва С. Поливанов «Исён» (таҳияи нав) пешвоз гирифта шуд.
Соли 1939 Театри аввалини тоҷик унвони академӣ- драмавии ба номи устод А.Лоҳутиро ба худ гирифт ва фаъолияти бархе аз актёрон, аз қабили Ф Исматов, М.Қосимов, М.Саидов, Г.Бақоева, С.Тӯйбоева, А.Бурҳонов, О.Зиёев ба унвони Артисти хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон тақдир гардида Е.И.Мителман ва оҳангсоз Сергей Баласянян сазовори унвони «Ходими шоистаи санъати ҶШС Тоҷикистон» дониста шуданд.
Соли 1964 театри мазкур аз байни театрҳои Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон якумин шуда бо панҷ намоишномаи азим- «Рӯдакӣ»-и С.Улуғзода, «Ромео ва Ҷулиетта»-и В.Шекспир, «Гунаҳкорони бегуноҳ»-и А.Н.Островский, «Ҳукми Модар»-и Ф.Ансорӣ ва «Гавҳари шабчароғ»-и С. Улуғзода дар Театри Пуҳаннандории кишвари ҳамсояи Афғонистон ҳунарнамоӣ кард. Сафари ҳунарӣ бо ширкати якҷояи ҳунарварони тоҷику афғон дар намоишномаи «Гунаҳкорони бегуноҳ»-и бародарони афғон (ин асарро ҳангоми сафари хидматӣ ба Кобул Ходими шоистаи санъати ҶШС Тоҷикистон Меҳрубон Назаров ба саҳна гузошта буд). Дар нақшҳои асосӣ: Кручинина - Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Тӯҳфа Фозилова, Незнамов - Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд Воҳидов, ба поён расид. Ҳунарнамоии театри тоҷик бо музаффариятҳои калон гузашт.
Аз соли 1929 Ҳомид Маҳмудов, Фатҳулло Умаров, Миркарим Саидов, С. Саидмуродов, В.Тихонович, Я.Тоналский, аз соли 1937 то 1961 беш аз 20 сол театрро ҳунарманди мардумии ҷумҳурӣ, устоди актёрони наслҳои аввал ва дуввум Е.И.Мителман сарварӣ намуд. Баъд аз ӯ В.Я Ланге (1961-1964), Ф.И.Александрин (1964-1969), Ҳоҷиқул Раҳматуллоев (1969-1971), Хушбахт Майбалиев (1971-1977), Н.К Детсик (1977-1981), Хушбахт Майбалиев (1981-1995), Мирзоватан Миров (1995-1998), Фаррух Қосимов (1998-2000), Д. Убайдуллоев (2000-2004), Баҳодур Миралибеков (2004-2008) ва аз соли 2008 Ибодулло Машрабов сарварӣ мекарданд.
Ҳунарпешаҳои театри тоҷик — Муҳаммадҷон Қосимов, Миркарим Саидов, Абдураҳмон Саидов, София Тӯйбоева ва Аслӣ Бурҳонов, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев ва Алиназар Хоҷаев, Тӯҳфа Фозилова ва Гулчеҳра Бақоева, Тӯти Ғафорова ва Хайрӣ Назарова, Маҳмуд Воҳидов, Ато Муҳаммадҷонов ва Ҳошим Гадо, Ҳабибулло Абдураззоқов ва Майрам Исоева, Баҳодур Миралибеков, Соро Сабзалиева, Саврӣ Сабзалиева, Мавлуда Обидова, Дилбар Умарова, Шералӣ Абдулқайсов ва Ибодулло Машрабов, Аҳмадшоҳ Улфатшоев, Асалбек Назриев, Нурулло Абдуллоев, Бурҳон Раҷаб, Қиёмиддин Чақалов, Саодат Азизова ва Фирӯз Умаров, Қурбони Собир ва Лутфулло Давлатов ва дигарон бо назокату нафосати шарқиёна, бо ҳарорату зиндадилии тоҷикона, лаҳни ширини шоирона аз рӯи ақлу хирад ва фардияту ҳаётдонии хеш нақшҳои ҷовидонаро ба ҳаводорони театр тақдим намудаанд.
Имрӯз Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ метавонад бо хатмкунандагони донишкада амсоли Шералӣ Абдулқайсов, Баҳодур Миралибеков, Соро Сабзалиева, Саврӣ Сабзалиева, Мавлуда Обидова, Дилбар Умарова, Ибодулло Машрабов, Аҳмадшоҳ Улфатшоев, Асалбек Назриев, Нурулло Абдуллоев, Қиёмиддин Чақалов, Саодат Азизова, Фирӯз Умаров, Қурбони Собир, Лутфулло Давлатов Муҳаммадӣ Мирзоалиев, Нурулло Абдуллоев, Ортиқ Қодиров, Нуриддин Ҷаронӣ, Ғаюр Ашӯров, Давлат Убайдуллоев, Бобоҷон Ҳасанов, Муҳаммадҷон Шодиев, Салоҳиддин Шукуров, Латофат Барзиева, Малоҳат Абдуллоева, Майрам Турсунова, Султонмурод Бобомуродов ва чандин тани дигаре фахр мекунад.
Ҳунарпешаҳои унвондор
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]- Нурулло Абдуллоев
- Исо Абдурашидов
- Саодат Азизова
- Ибодулло Машрабов – (барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ)
- Баҳодур Миралибеков (барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ, с. 2012)
- Марям Исоева
- Шералӣ Абдулқайсов
- Қурбони Собир
- Гуландом Сафаралиева
- Мавлуда Обидова
- Соро Сабзалиева
- Саврӣ Сабзалиева
- Хайрӣ Назарова
- Асалбек Назриев
- Ортиқи Қодир
- Майрам Турсунова
- Бобоҷон Ҳасанов
- Дилбар Умарова
- Бурҳон Раҷаб,
- Аҳмадшоҳ Улфатшоев
- Фирӯз Умаров
- Носир Ҳасанов
- Қиёмиддин Чақалов
- Зулхумор Иброҳимова
- Давлат Убайдуллоев
Ҳунарпешаҳои шоистаи Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]- Маҳмадҳаким Мамадзоҳиров
- Ҷомӣ Хоҷаев
- Фотима Ғуломова
- Маҳмадӣ Мирзоалиев
- Муҳаммадҷон Шодиев
- Латофат Барзиева [1]
Ҳунарпешаҳои маъруф
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аслӣ Бурҳонов
- Зоҳир Дӯстматов
- Маҳмуд Воҳидов
- Муҳаммадҷон Қосимов
- София Тӯйбоева
- Ҳошим Гадо
- Ато Муҳаммадҷонов
- Мушаррафа Қосимова
- Фаррухи Қосим
- Ҳабибулло Абдураззоқов
- Муҳаммад Халилов
- Мирбобо Зиёев
- Мукаррама Камолова
- Шамсӣ Қиёмов
- Ҳоҷиқул Раҳматуллоев
- Равшан Тӯрабеков
- Хайрӣ Назарова
Асарҳои таҳияшуда
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз ибтидо то соли 2014 саҳнаи Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутиро инчунин асарҳои оламшумули драматургияи Ғарб зебу зиннат доданд:
- «Отелло», «Ромео ва Ҷулйетта», «Шоҳ Лир»-и Вилям Шекспир,
- «Макр ва муҳаббат», «Роҳзанҳо»-и Ф.Шиллер,
- «Эзоп»-и Г.Фигерейдо, «Хонадони Бернардо Алба»-и Гарсиа Лорка,
- «Хизматгори ду хоҷа», «Соҳибаи меҳмонхона», «Моҷаро дар Киоза»-и Карло Голдони,
- «Бемори хаёлӣ», «Дон Жуан»-и Ж.Б. Молйер,
- «Чашмаи гӯсфандон»-и Лопе де Вега,
- «Шоҳ-гавазн»-и К.Готси,
- «ШоҳЭдип»-и Софокл, «Саид»-и П.Корнел,
- «Антигона»-и Жан Ануй, «Медея»-и Эврипид
80 соли сипаришуда барномаҳои Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутиро беҳтарин асарҳои драмманависони миллӣ рангин сохтанд. «Калтакдорони сурх», «Рӯдакӣ», «Шодмон», «Гавҳари шабчироғ», «Алломаи Адҳам ва дигарон»-и Сотим Улуғзода,
- «Рустам ва Суҳроб», «Ҳуррият», «Сарбозони инқилоб»-и Ғанӣ Абдулло,
- «Дил-дили Зайнаб»-и Шамсӣ Қиёмов ва Анна Мороз,
- «Хонаи Нодир», «Дили сӯзон», «Гарнизон таслим намешавад», «Дохунда»-и Ҷалол Икромӣ,
- «Шаҳри ман», «Корвони бахт» «Қишлоқи тилоӣ»-и Мирсаид Миршакар,
- «Имтиҳон», «Ҳаёт ва ишқ», «Ҳукми модар»-и Файзулло Ансорӣ,
- «Орзу», «Дасти дӯст»-и Меҳрубон Назаров,
- «Қиссаи аҷибу ғариб» «Баҳроми Чӯбина, «Чаманзори ваҳдат»-и Тӯрахон Аҳмадхонов,
- «Лаҳзаи ҷовид», «Захми забон», «Шоҳ Исмоили Сомонӣ»-и Меҳмон Бахтӣ,
- «Беватан», «Ҳақиқати талх»-и Султон Сафаров,
- «Бо имзои Ленин»-и Абдусалом Атобоев,
- «Саодат»-и Саидсултон Саидмуродов ва Муҳаммадҷон Рабиев,
- «Рустам ва Суҳроб»-и Пирмуҳаммадзода ва В.Волкенштейн,
- «Кӯпрук»-и Фотеҳ Ниёзӣ, «Тӯй»-и Самад Ғанӣ,
- «Ибтидо»-и Ато Ҳамдам,
- «Ғуруби Аҷам», «Хоҷа сагпараст»-и Ҷумъа Қуддус,
- «Кабки қафас»-и Темур Зулфиқоров,
- «Драмаи миллат»-и Сафармуҳаммад Аюбӣ,
- «Паёми зардушт»-и Нур Табаров,
- «Искандари Зулқарнайн ва Спитамен»-и Барот Абдураҳмонов,
- «Ҷияни хира», «Тахти Султонмаҳмуд»-и Шодӣ Солеҳ,
- «Афсонаҳои мӯйсафед», «Мусофир ё «Куҷо равонаем»-и Нурулло Абдуллоев,
- «Парвози сабзабаноз»-и Маҳмадалӣ Муҳаммадиев,
- «Парвози Шоҳин»-и Ато Ҳамдам ва Расул Ҳодизода,
- «Гурги нодон»- Ғаюрбек Ашӯров,
- «Шов-шов»-и Ҷумъа Қуддус ва Низом Қосим,
- «Дод аз дастиАфандӣ»-и Ғаюрбек Ашӯров,
- «Ганҷи ранҷ»-и Турахон Аҳмадхонов ва диг.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Нурҷонов Н. Ҳоҷиқул Раҳматуллоев. — Д.: Эҷод, 2005. — 216 с.
- Роҳнамо (маълумотнома) / Маълумотномаи омории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. — Д., 2010.
- Шарифов Х. Ҷаҳони Марям. — Д.: Адиб, 2011. — 40 с.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ. 19 май 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 марти 2017.