Левканд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Левканд (форсӣ: لیوکَند‎) — шаҳре бостонӣ дар сарзамини Вахш буд.

Торих[вироиш | вироиши манбаъ]

Бино бар бозёфтҳои бостоншиносӣ, Левканд дар садаҳои I – IV м. яке аз шаҳрҳои бузурги подшоҳии Кушониён[1] ва то замони густариши ислом дар Тоҷикзамин яке аз ободтарин шаҳрҳои Вахш будааст. Дар поёни садаи VII – оғози садаи VIII ин шаҳрро мусулмонон гирифтанд ва аз он пас дар торихномаҳо ва осори ҷуғрофидонони исломӣ ин шаҳр ба номи «Ловканд» (форсӣ: لاوکَند‎) ва «Левканд» (форсӣ: لیوکَند‎) ёд шудааст. Чунончӣ, Абуисҳоқ Иброҳим ибни Муҳаммади Форсии Истахрӣ дар «Масолик вал-мамолик» (навишташуда дар соли 950 м.) менависад, ки «аз Ловканд то Ҳаловард (форсӣ: هَلاوَرد‎) — як манзил ва то Пули Сангин ду манзил роҳ будааст»[2]. Қадимитарин асари ҷуғрофиёӣ ба забони порсӣ - «Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб», ки дар соли 982 м. таълиф шудааст – оварда, ки «Левканд аз Вахш аст, ҷоест ки аз вай гӯспанди вахшӣ хезад»[3]. Яке дигар аз ҷуғрофидонони машҳури садаи Х – Абуабдуллоҳ ибни Аҳмади Муқаддасӣ (945 – 1000 м.) дар китоби маъруфаш «Аҳсан ат-тақосим фӣ марифат ал-ақолим» ин шаҳрро «Ловканд» (форсӣ: لاوکَند‎) навиштааст.

Бино бар манобеъи торихӣ, Левканд дар садаҳои X – XIII яке аз ду шаҳри калони Вахш буда, вале ҳангоми ҳамлаи муғул дар соли 1221 аз дасти чингизиён нобуд шуда аст. Дар паи қатли омми левкандиён ба дасти муғулҳо номи шаҳр аз ёдҳо рафт ва ҷояш низ фаромӯш гашт. Пас аз ҳафтсад сол вайронаҳои Левкандро бостоншиноси шуравӣ Т.И. Зеймаль пайдо кард. Дар паи кофтуковҳои бостоншиносӣ ва баррасиҳои ҷуғрофӣ ошкор шуд, ки Левканд ҳамон харобаҳои Қӯрғонтеппа буда, ки калонтарин харобаест, ки аз садаҳои миёна дар бахши шимолии водии Вахш бозмондааст. Ин шаҳр дар канораи канали қадимаи Ҷӯйбор ҷой дошта ва қалъае будааст, ки аз рӯзи бунёд то оғози садаи ХХ дар таъмини амнияти Вахшонзамин нақши калидӣ доштааст[4].

Решашиносии ном[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷойномпажӯҳон «Левканд»-ро ҷойноме балхӣ донистаанд, ки аз ду бахш сохта шудааст: lēw + kand > *kanθā- ‘ободӣ, шаҳр’. Барои бахши нахусти ин ҷойном ду реша аз вожаҳои эронии бостон пешниҳод шудааст[5]:

  1. lēw > *daiu̯a- ‘Худо, эзид; дев’ (дар паи воҷгардии *d > l дар забони балхӣ);
  2. lēw > *raiu̯a- ‘доро, шукӯҳманд, яке аз сифоти эзиди Меҳр’ (дар паи воҷгардии *r > l чун дар гӯиши фарғонии забони суғдӣ);

Аз ин рӯ, эҳтимол доданд, ки *daiu̯a-kanθā- > lēwkand ба маънии “Эзидшаҳр” буда ва lēw дар он ишора ба эзиде дорад, ки дар он шаҳр парастишгоҳаш будааст. Аз дигар сӯ, яке аз эзидоне, ки ёдаш дар ҷойномҳо боз монда, Меҳр аст, ки бо сифат ё унвони *raiu̯a- ёд мешуд. Чунончи, дар “Авесто” ин вожа чун raēuua- оварда шуда: hvarəxš͎aētahe aməšahe raēuuaheХуршеди ҷовидону сарватмандро [меситоем]’. Ҷойномҳое, ки аз номи ин эзид сохта шудаанд, дар сарзамини Суғд бисёр будаанд. Аз он ҷумлаанд: Рев, Ревоҷ, Ревад, Ревдод, Ревдон, Ревартун, Ревакон, Ревгон. Аз ин рӯ, метавон пазируфт, ки *raiu̯a-kanθā- > lēwkand низ ба маънии “Эзидшаҳр” аст.

Бозгашти номи Леваканд[вироиш | вироиши манбаъ]

Номи Левканд ба гунаи «Леваканд» бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 511 аз 16.02.2018 бар шаҳри Сарбанд ниҳода шуда аст[6].

Пайнавиштҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Ставиский Б. Я. Кушанская Бактрия. Проблемы истории и культуры. — М.: Наука, 1977. – 296 с. – саҳ. 69
  2. Истахрӣ, Абӯисҳоқ Иброҳим ибни Муҳаммади Форсӣ. Масолик вал-мамолик. (Ба эҳтимоми Эраҷ Афшор). – Теҳрон: Интишороти ширкати интишоротии илмӣ ва фарҳангӣ, 1368 ш. / 1989 м. – саҳ. 217
  3. «Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 ҳиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). (Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда). – Теҳрон: Интишороти китобхонаи Таҳурӣ, 1362 ш. / 1983 м. – саҳ. 119
  4. Зеймаль Т. И. Древние и средневековые каналы Вахшской долины. Страны и народы Востока, вып. 10. Средняя и Центральная Азия. — М., 1971. – с. 37 – 67. – саҳ. 50
  5. Лурье П. Б. Историко-лингвистический анализ согдийской топонимики. Дисс. на соиск. уч. ст. канд. фил. наук. СПб. 2004.— Стр. 102
  6. Қӯрғонтеппа ба Бохтар ва Сарбанд ба Леваканд табдили ном карданд

Манобеъ[вироиш | вироиши манбаъ]

русӣ:

  • Зеймаль Т. И. Древние и средневековые каналы Вахшской долины. Страны и народы Востока, вып. 10. Средняя и Центральная Азия. — М., 1971. – с. 37 – 67.
  • Ставиский Б. Я. Кушанская Бактрия. Проблемы истории и культуры. — М.: Наука, 1977. – 296 с.

форсӣ:

  • «Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 ҳиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). (Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда). – Теҳрон: Интишороти китобхонаи Таҳурӣ, 1362 ш. / 1983 м.
  • Истахрӣ, Абуисҳоқ Иброҳим ибни Муҳаммади Форсӣ. Масолик вал-мамолик. (Ба эҳтимоми Эраҷ Афшор). – Теҳрон: Интишороти ширкати интишоротии илмӣ ва фарҳангӣ, 1368 ш. / 1989 м.

Пайванд[вироиш | вироиши манбаъ]