Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
*
*
Шумо донишҷӯ ё омӯзгор? Дар лоиҳаи Мактабҳо ва донишгоҳҳо иштирок кунед.
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

(ДТХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров)
Соли таъсисёбӣ 1932
Навъ Давлатӣ
Ректор Усмонзода Аюб
Донишҷӯён беш аз 17 700
Омӯзгорон беш аз 720
Мавқеъ шаҳри Хуҷанд,  Тоҷикистон
Сайт hgu.tj
Маҷлис дар ДДХ
Лексияи профессор Раҳимов
Кормандони илмӣ-педагогии донишгоҳ

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (мухт. ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров) — яке аз дошишгоҳҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон мебошад.

Мақоми донишгоҳ мактаби олии бисёрҷабҳа буда, дорои иҷозатномаҳои (литсензияҳои) давлатии Вазорати маорифи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ мебошад.

Маълумоти мухтасар[вироиш | вироиши манбаъ]

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки яке аз кӯҳантарин мактабҳои олии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад аз оғози фаъоляти худ, ки он нахуст чун Донишкадаи олии омӯзгории Хуҷанд (Институти Олии Педагогии шаҳри Ленинобод) (1932) таъсис ёфта, соли 1938 номи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Кировро гирифт ва соли 1991 ба мақоми Донишгоҳ соҳиб гардид. Донишгоҳ бо номи академикҳо, олимони сатҳи ҷаҳонӣ, ситорашиноси номӣ Пӯлод Бобоҷонов, муаррихи мумтоз Нӯъмон Неъматов, табиатшиноси маъруф Юсуф Носиров, донишмандони машҳур Сайдулло Абдуллоев, Раззоқ Ғаффоров, нахустин доктори илмҳои фалсафа дар Осиёи Миёна Мунзифа Ғаффорова, муаррихи шинохта Ғафур Ҳайдаров, олим ва адиби номӣ Атахон Сайфуллоев, ходимони намоёни ҳизбию давлатӣ Абдулаҳад Қаҳҳоров, Рифъат Ҳоҷиев, Ибодат Раҳимова, генералҳо Қодир Ҳобилов, Абдураззоқ Юсупов, Темурҷон Раҳимбоев, дипломатҳо Абдулаким Қаюмов, Ислом Ёқубов, Низомиддин Зоҳидов, шоирону нависандагони варзидаи тоҷик Аминҷон Шукӯҳӣ, Ҳоҷӣ Содиқ, Муҳиддин Фарҳат, Абдумалик Баҳорӣ, Бурҳон Фаррух, Озод Аминзода, Фарзона, Баҳром Фирӯз, Ҳунармандони мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов ва Зебо Аминзода, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев, Рассоми халқии ИҶШС Зулфия Баҳриддинова ва даҳҳо дигарон ифтихор дорад, ки дар донишгоҳ парвариш ёфта, аз ҳамин даргоҳи муқаддас қадам ба қуллаҳои баланди илму эҷод ва шуҳрату эҳтиром расидаанд ва бузургу соҳибном гаштаанд.

Теъдоди умумии ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ 721 нафар мебошанд. Докторони илм, профессорон - 40 нафар аз онҳо 8 нафар занҳо, номзадҳои илм – 278 нафар аз онҳо 123 нафар занҳо, сармуаллимон – 216 нафар аз онҳо 149 нафар занҳо, муаллимон – 187 нафар аз онҳо 105 нафар занҳо мебошанд. Шумораи донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров дар донишгоҳ 17 731 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз он 9114 нафар (3669 буҷавӣ) дар шуъбаи рӯзона ва 8617 нафар дар шуъбаи ғоибона (2267 буҷавӣ) нафар таҳсил менамоянд. Донишгоҳ бо 20 мактаби олии кишварҳои хориҷии дуру наздик, аз ҷумла бо Донишгоҳи кишоварзии Пекин (Чин), Донишгоҳи омӯзгории Синтзян (Чин), Донишгоҳи давлатии иқтисодиёт, омор ва информатикаи Маскав (Русия), Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург (Русия), Донишгоҳи давлатии миллии радиоэлектронии Харков (Украина), Донишгоҳи байналмилалии Хомиатул-Мустафо (Эрон), Донишгоҳи Деҳлӣ (Ҳиндустон), Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи ал-Форобӣ, Донишгоҳи Гамбург (Олмон) ва як қатор донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ тибқи шартнома равобит ва ҳамкориҳои илмиро ба роҳ мондааст.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Донишгоҳ соли 1932 дар шаҳри Ленинобод таъсис ёфтааст. Донишкадаи педагогии Ленинобод иборат аз ду шуъба – кимиёву биология ва физикаю риёзӣ буд ва дар он 26 наф. донишҷӯён таҳсил мекарданд. Дар ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, номи донишкада маъмулан ба забони русӣ ба шакли ихтиросоршудаи ВПИ оварда мешавад ва дар таълифоти таърихӣ ду навъ ташреo шудааст: Донишкадаи олии омӯзгорӣ (Высший педагогический институт) ва Донишкадаи шабонаи омӯзгорӣ (Вечерний педагогический институт).[1] Дар даврони шуравӣ бо номи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров (ДДОЛ), ягона мактаби таҳсилоти олии вилояти Ленинобод фаъолият мекард. Бо фармони Раёсати Шӯрои Олии ИҶШС аз таърихи 9 сентябри соли 1982 ДДОЛ ба номи С.М. Киров барои саҳми арзанда дар тайёр кардани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ, илм, тарбия ба муносибати 50-солагии таъсиси он бо ордени «Нишони фахрӣ» мукофотонида шуд.[2]

Дигаргуниҳои куллӣ баъд аз эълон гардидани истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров омил ва заминаҳои асосии табдили донишкада ба донишгоҳро фароҳам овард. Фармони Президент Қаҳҳор Маҳкамов аз 13 июни соли 1991 дар бораи табдил додани Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо хушнудӣ ва қаноатмандии бузург аз ҷониби ҷомеаи устодону донишҷӯёни донишгоҳ, сокинони Хуҷанд ва тамоми мардуми вилоят пазируфта шуд. 26 апрели соли 1997 қарори Раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд гузоштани номи академик Бобоҷон Ғафуров» ба тасвиб расид. 30 апрели соли 1997 ҷашни 65-солагии ДДХ бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таҷлил гардид. Сарвари давлат дар суханронии худ, аз ҷумла чунин қайд намуд: «Як сол қабл аз ин ҳангоми мулоқоти мо бо зиёиёни вилоят, ки дар толори ҳамин донишгоҳ сурат гирифта буд, пешниҳод шуда буд, ки ба донишгоҳ номи Бобоҷон Ғафуров гузошта шавад. Хушбахтона, имрӯз ин нияти хайр ҷомаи амал пӯшид. Ба номи академик Бобоҷон Ғафуров номгузорӣ шудани Донишгоҳи давлатии Хуҷанд маънои басо рамзӣ дорад. Ин марди фозилу донишманд ва сиёсатмадори дурандеш дар роҳи ба оламиён муаррифӣ намудани тамаддун, таърих ва илму фарҳанги тоҷикон хидматҳои бузурги пурарзишро анҷом додаст… Ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд додани номи Бобоҷон Ғафуров аз як тараф, маънои гиромидошти хотираи ӯро дошта бошад, аз ҷониби дигар ба он умедест, ки дастпарварони ин даргоҳи илму маърифат давомдиҳанда ва номбардори сазовори кору зиндагии ин шахсияти барҷастаи миллатамон мешаванд ва барои пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистони воҳид ва ягонаамон содиқона хидмат мекунанд».[3] Дар соли 1998 дар ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров 14 факулта амал карда, 11 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил менамуданд. Дар 63 кафедраҳои донишгоҳ 700 нафар устодон, аз ҷумла 24 нафар докторони илм ва қариб 200 нафар номзадҳои илм бо кори таълиму тарбия ва тадқиқоти илмӣ машғул буданд. Дар донишгоҳ 33 кабинети таълимӣ, 43 озмоишгоҳ, 4 устохонаи таълимӣ, 2 толори варзишӣ, осорхонаи таърихи донишгоҳ, осорхонаи олами набототу ҳайвонот ва ғайра амал мекарданд. Дар фосилаи солҳои 1995-2000 67 нафар рисолаҳои номзадӣ ва 11 нафар рисолаҳои доктории худро ҳимоя намуданд.[4][5] Дар соли 2011 дар ДДХ аз рӯи 37 ихтисос мутахассис тайёр мекарданд. Теъдоди донишҷӯён дар шуъбаҳои рӯзонаву ғоибонаи донишгоҳ зиёда аз 12000 наф. ташкил мекард.[6]. 16 факултет, аз ҷумла 69 кафедра, аз он 9 кафедраи умумидонишгоҳӣ, Парки технологӣ, Марказҳои илмӣ, Китобхонаи марказӣ ба роҳ монда шудааст. Дар донишгоҳ аз рӯи 73 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва аз он 29 ихтисос дар шуъбаи ғоибона дар асоси нақшаҳои таълимӣ таҳсил сурат мегирад. Дар ҳамаи 16 факултетҳои донишгоҳ раванди таълим тибқи низоми кредитии таҳсил ба роҳ монда шудааст. Дар донишгоҳ 8 бинои таълимӣ, 6 хобгоҳ, 356 синфхонаҳои таълимӣ, 101 лабарторияҳои таълимӣ, 130 кабинети махсус, 76 кабинети таълимӣ, 47 синфхонаи таълимӣ, 70 кабинети лингофонӣ, 154 тахтаҳои электронӣ, 304 проекторҳо, 1200 компутерҳои фардӣ, 16 адад серверӣ ва лабараторияҳои биологӣ, химиявӣ, электротехникӣ мавҷуд буда, шабакаи ягонаи тариқи нахи оптикӣ амал мекунад, ки дар Тоҷикистон назир надорад. Китобхонаҳои марказӣ, рақамӣ ва электоронӣ бо фарогирии беш аз 500 ҳазор адабиёт фаъол аст.[7]

Факултетҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Математика

Физикаву-техника

Санъати технология ва дизайн

Биология ва химия

Филологияи тоҷик

Филологияи рус

Филологияи ӯзбеки

психология ва таҳсилоти томактабӣ

Забонҳои хориҷӣ

Забонҳои шарқ

Таърих ва ҳуқуқ

Филологияи тоҷик

Иқтисодӣ

Санъат

Геоэкология ва туризм

Тарбияи ҷисмонӣ

Телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ

Сарварони донишгоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт дар бораи донишгоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Холджураев Х., Курбанов А., Юсупов А, Худжандский государственный университет в публикациях (1932-1992г.г.).-Худжанд,1992.- 150 с.;
  • Каримов С. Н., Ҳайдаров Ғ. Ҳ. Кохи фарҳанг.-Хуҷанд,1992. 59 с.;
  • Донишгоҳи давлатии Хуҷанд. Қомус.- Хуҷанд.1992. 109 с.;
  • Абдуллаев С. А., Холджураев Х. Х. Худжандский государственный университет: история, документы и его люди. Худжанд: Госиздательство имени Рахима Джалила,1997. 467 с.;
  • Бобокалонов А., Холҷӯраев Ҳ. Ҳафтод нахли пурсамар. Хуҷанд: Нури маърифат, 2002.- 533 с;
  • Ғаффоров У. Чароғи ирфон. Хуҷанд: Нури маърифат, 2002. 497 с;
  • Энциклопедия ученых ХГУ имени академика Б. Гафурова.-Худжанд: Нури маърифат, 2002. 312 с.;
  • Хайдаров Г.Х. Альма-матер. (Мои воспоминания). Худжанд: Нури маърифат,2002. 380 с.;
  • Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров. Қомуси мухтасар.-Хуҷанд: Нури маърифат, 2007.-360 с.;
  • Латипов Ҷ. Л., Ёқубов С. Ю. Манбаи илму ҳунар. Хуҷанд: Нури маърифат, 2002. 112 с.;
  • Ҳайдар Саидов. Авроқи меҳрона. Хуҷанд: Меъроҷ, 2002. 220 с.
  • Бобокалонов А., Холҷӯраев Ҳ., Шарипов Ш. Роҳи пуршараф: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 80 сол. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2012. – 500 с.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Бобокалонов А., Холҷӯраев Ҳ. Ҳафтод нахли пурсамар. - С.44.
  2. Абдуллоев С., Холджураев Х. ХГУ: история, документи и его люди. - С.301
  3. Бобокалонов А., Холҷӯраев Ҳ. Ҳафтод нахли пурсамар. - С.195.
  4. Бобокалонов А., Холҷӯраев Ҳ. Ҳафтод нахли пурсамар. - С.208.
  5. Бобокалонов А., Холҷӯраев Ҳ., Шарипов Ш. Роҳи пуршараф: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 80 сол. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2012. – 500 с.
  6. http://www.ozodi.org/content/article/24277026.html Ихтисосҳои наву бозоргир дар донишгоҳи Хуҷанд 26.07.2011
  7. 7.0 7.1 МУАРРИФИИ РЕКТОРИ НАВИ ДДХ БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ(пайванди дастнорас)
  8. Дар бораи Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъйин намудани Ҷӯрабоев Ҷ.Ҳ.