Лашкарсолор: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х илова, дақиқсозӣ, сарчашмаҳо, мусавварсозӣ
ислоҳ, гурӯҳбандӣ
Сатри 64: Сатри 64:
Бо таваҷуҳ ба ин додаҳо, истилоҳоти «''лашкар''» ва «''лашкарсолор''», ки дар пайравӣ аз «''[[гундсолор]]''» аз ибораи «''солори лашкар''» сохта шудааст, барои ҷойгузин кардани вомвожаи русии «''дивизия''» (аз {{lang-pl|''dywizja''}} > {{lang-la|dīvīsiō}} «''бахш''») ва дараҷаи низомии «''генерал-лейтенант''» (аз {{lang-de|Generalleutnant}}) ба [[Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон]] пешниҳод шудаанд<ref>[http://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20181110/umed-dzhaihani-v-natsionalnoi-armii-i-terminologiya-dolzhna-bit-maksimalno-natsionalnoi ''Умед Джайхани'': В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной]</ref>.
Бо таваҷуҳ ба ин додаҳо, истилоҳоти «''лашкар''» ва «''лашкарсолор''», ки дар пайравӣ аз «''[[гундсолор]]''» аз ибораи «''солори лашкар''» сохта шудааст, барои ҷойгузин кардани вомвожаи русии «''дивизия''» (аз {{lang-pl|''dywizja''}} > {{lang-la|dīvīsiō}} «''бахш''») ва дараҷаи низомии «''генерал-лейтенант''» (аз {{lang-de|Generalleutnant}}) ба [[Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон]] пешниҳод шудаанд<ref>[http://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20181110/umed-dzhaihani-v-natsionalnoi-armii-i-terminologiya-dolzhna-bit-maksimalno-natsionalnoi ''Умед Джайхани'': В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной]</ref>.


== Манобеъ ==
{{эзоҳ}}
[[Гурӯҳ:Нерӯҳои мусаллаҳ]]
[[Гурӯҳ:Артиш]]
[[Гурӯҳ:Артиши Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дараҷаҳои низомӣ]]


== Пайвандҳо ==
== Пайвандҳо ==
Сатри 76: Сатри 70:
* [[Дараҷаҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон]]
* [[Дараҷаҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон]]
{{Дараҷаҳои низомӣ}}
{{Дараҷаҳои низомӣ}}
== Манобеъ ==
{{эзоҳ}}
[[Гурӯҳ:Нерӯҳои мусаллаҳ]]
[[Гурӯҳ:Артиш]]
[[Гурӯҳ:Дараҷаҳои низомӣ]]

Нусха 07:12, 3 августи 2019

Лашкарсолор
Дараҷаи болотар Сипаҳсолор
Дараҷаи поинтар генерал-майор
Ҳамто General of the Cavalry[d], Generalleutnant[d], divisional general[d] ва vice admiral[d]

Лашкарсолор (форсӣ: لشکرسالار‎) — дараҷае солорӣ ва симате дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз сипаҳсолор ва болотар аз гундсолор мебошад; генерал-лейтенант[1].

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи поинтар:
Гундсолор


Лашкарсолор
Дараҷаи болотар:
Сипаҳсолор

Лашкарсолор дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати муъовини вазорати дифоъ, умури дохилӣ, амният, сардори ситод ё фармондеҳии лашкарро дорад, ки ягони роҳкунишие хурдтар аз сипоҳ ва бузургтар аз гунд буда ва таҷҳизоту ҷангафзорҳои лозим барои иҷрои амалиёти размӣ дорад[2]; дивизия[3][4].

Вожашиносӣ

«Лашкарсолор» аз ду вожа сохта шудааст: лашкар (порсии миёна: laškar[5] > порсии бостон: *rakiš-нерӯ’ > порсии бостон: *ark- : *rak-диж[6]) + солор (форсӣ: سالار‎ < порсии миёна: sālār > паҳлавӣ: sarδār > эронии бостон: *sar(a)-dāra-). Мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (лашкар) + исм (солор)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст. «Солор» гунае дигар аз «сардор» аст, ки аз куҳантарин замонҳо ба маънои «раҳбар, пешво, фармондеҳ; генерал» дар номгузории симату дараҷаҳои низомӣ ба кор меравад.

Пешина

Лашкар ҳамчун ягони размӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) падид омадаву «бевара» (порсии бостон: *baivara-) номида мешуда ва онро «беварабад» (порсии бостон: *baivarapati-) фармондеҳӣ мекард[7]. Бевара аз 10 ҳазора (порсии бостон: *hazāra-) ташкил мешуд ва 10 000 сарбозро дар бар мегирифт.

Дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод224), ки созмони радабандии даҳдаҳии сипоҳи Ҳахоманишиёнро ба кор гирифта буд[8], бевара «гунд» (паҳлавӣ: «gund»лашкар; гурӯҳ, даста[9] > порсии бостон: «*gunda-» > эронии бостон: «*gau-n-: *gunda-, *gumba-»[10]) ном гирифта ва фармондеҳи он «гунд-солор» (паҳлавӣ: gund-sālār) хонда мешуд[11].

Дар сипоҳи Сосониён (224 — 651) низ ҳамин радабандӣ ва номгузорӣ ба кор мерафта, вале ҳар гунд аз 5 дирафш (порсии миёна: «drafš») ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 1 000 сарбозро дар бар мегирифт[12]. Фармондеҳи гунд дар сипоҳи Сосониён низ гундсолор (порсии миёна: gund-sālār) номида мешуд[13].

Аммо аз миёнаҳои садаи V дар канори истилоҳи «гунд» истилоҳи «лашкар» (порсии миёна: laškar) низ ба кор мерафтааст[14]. Истилоҳи «лашкар» (форсӣ: لشکر‎) дар осори адабии форсӣ, бавижа «Шоҳнома», бисёр ба кор рафтааст[15]. Чунончи, Фирдавсӣ гуфта:

Бирав бо сипоҳе ба кирдори кӯҳ,
Гузин кун зи гурдони лашкар гурӯҳ[16].

Дар сипоҳи Сомониён, Ғазнавиён ва Салҷуқиён фармондеҳи лашкарро «солори лашкар» ва «амири лашкар» мегуфтанд[17]. Чунончи, «солори лашкар» дар «Шоҳнома» борҳо ба кор рафта ва аз бофтор чунин бар меояд, ки он мансабе поинтар аз сипаҳсолор буда ва мақоми ҷонишинӣ доштааст, чуноне ки генерал-лейтенант дар артишҳои урупоӣ муъовини генерал-полковник будааст:

Чунин гуфт солори лашкар ба шоҳ,
Ки «Фармони ту бартар аз чарху моҳ,
Бад-он сон шавам, к-ам ту фармон диҳӣ,
Ту шоҳи ҷаҳондориву ман раҳӣ».[18]

Сипаҳро ба солори лашкар супурд,
Бирафту ҷаҳондидагонро бибурд[19].

Фарҳангистони Эрон бо пешниҳоди Анҷумани вожагузинии артиш дар соли 1935 «лашкар»-ро ҷойгузини истилоҳоти туркӣ-муғулии «тумон» (форсӣ: تومان‎ > муғ. түмэн) ва фаронсавии «дивизюн» (форсӣ: دیویزیون‎ > фр. division) ва «сарлашкар»-ро ҷойгузини «амири тумон» кард[20], ки ҳамакнун дар Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дараҷае баробар бо генерал-лейтенант аст.

«Лашкар» дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ»[21]) ва «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ»[22] оварда шудааст.

Бо таваҷуҳ ба ин додаҳо, истилоҳоти «лашкар» ва «лашкарсолор», ки дар пайравӣ аз «гундсолор» аз ибораи «солори лашкар» сохта шудааст, барои ҷойгузин кардани вомвожаи русии «дивизия» (аз лаҳӣ: dywizja > лот. dīvīsiō «бахш») ва дараҷаи низомии «генерал-лейтенант» (аз олмонӣ: Generalleutnant) ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[23].


Пайвандҳо

Манобеъ

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»
  2. Фарҳанги ҳазор вожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – с. 165
  3. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 1, с. 442.
  4. Коллектив авторов. Том 3, статья «Дивизия» // Военная энциклопедия / Под ред. Грачёв П. С.. — М.: Воениздат, 1995. — С. 68—76. — 543 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-00748-9.
  5. MacKenzie, D. N., A Concise Pahlavi Dictionary, London, etc.: Oxford University Press, 1971. — 236 pp. ISBN 0-19-713559-5. — p. 52
  6. Рérikhanian А.. Arm. łakiš et la racine indo-iranienne *ark-/*rak-. Studia Iranica, 17, 1988, p. 134, 137
  7. J. Marquart, Untersuchungen zur Geschichte von Eran I, Göttingen, 1896, p. 19 n. 84
  8. Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
  9. MacKenzie, D. N., A Concise Pahlavi Dictionary, London, etc.: Oxford University Press, 1971. — 236 pp. ISBN 0-19-713559-5. — p. 38
  10. Расторгуева В. С., Эдельман Д. И. Этимологический словарь иранских языков / Институт языкознания РАН. — М.: Издательская фирма «Восточная литература» РАН, 2007. — Т. 3 (f—h). — 496 с. — 1000 экз. — ISBN 5-02-018124-2, ISBN 5-02-018550-7. (в пер.). — с. 221—223
  11. Farrokh, Kaveh. Sassanian Elite Cavalry AD 224-642. Oxford: Osprey, 2005. ISBN 1841767131. — с. 6—7
  12. Kaveh Farrokh, Gholamreza Karamian, Katarzyna Maksymiuk. A Synopsis of Sasanian Military Organization and Combat Units, Siedlce-Tehran 2018. — ISBN 978-83-62447-22-0. — c. 13
  13. Daryaee, Touraj. Sasanian Persia: The Rise and Fall of an Empire. — ISBN 978 1 85043 898 4. — p. 47
  14. Tafazzoli A. Sasanian Society. I. Warriors. II. Scribes. III. Dehqāns. N.Y., 2000. — р. 7
  15. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 1, с. 718.
  16. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 5. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 15
  17. Ноҷӣ, Муҳаммадризо. Фарҳангу тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён. — Теҳрон: Амири Кабир, 1386. — С. 252. — 904 с. — ISBN 964-00-1086-3.
  18. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 5. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 17
  19. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 5. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 376
  20. Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314 — 1320 ҳ.ш.) // Фаслномаи «Ганҷинаи аснод». Зимистони 1373, №16. — с. 38
  21. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 1, с. 596.
  22. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 1, с. 718.
  23. Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной