Деҳоти Вашгирд
Деҳот | |
Кишвар | [[|]] |
---|---|
Тобеъи | Ноҳияи Файзобод |
Шомили | 4 деҳа, 615 хоҷагӣ |
Маркази маъмурӣ | Лолагӣ |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | соли 1992 |
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 4 590 нафар нафар (2010) |
Миллият | тоҷикон |
Мазҳаб | мусулмонон: суннӣ-ҳанафӣ |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Коди телефон | +992 3135 |
Домени интернет | tj |
Коди мошинҳо | TJ08 |
Вашгирд — ҷамоати деҳот дар ноҳияи Файзобод. Соли 1992 дар заминаи ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод ва Файзобод ташкил карда шудааст. Дар ҳудуди ҷамоати деҳот 4 деҳа — Лолагӣ, Шахтакиён, Сино (Қошқарӣ) ва Баҳористон (Қалошӣ) ҷойгиранд. Ҷамоат дар қисми ҷанубии ноҳия, 38 км аз шаҳри Душанбе, дар шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ воқеъ гардидааст. Аҳолиаш — 4590 нафар (2010), тоҷикон. Аз 615 хоҷагӣ иборат мебошад. Дар ҳудуди ҷамоат 3 муасисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 мактаби ибтидоӣ, 2 маркази саломатӣ, 2 китобхона, 1 боғчаи бачагона, ҶСК «Мурғи ҳилол», ҶСК «Мурғи марҷон», 71 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби нӯшокӣ фаъолият доранд. Солҳои 1992—2000 Файзуллоев Қудратулло, 2000 - 2005 Сайфиддинова Рисолат раисони ҷамоат буданд. Аз соли 2005 вазифаи раиси ҷамоатро Сатторов Абдуҷаббор ба уҳда дорад.[1]
Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
- Табдили номи 14 деҳа дар ноҳияи Файзобод Бойгонӣ шудааст 10 августи 2015 сол.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.