Jump to content

Сарвон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сарвон
Сардӯшии сарвон дар Нерӯи заминӣ Сардӯшии сарвон дар Нерӯи ҳавоӣ
Кӯтаҳнивишт форсӣ: سروان
Кишвар  Tajikistan
Дараҷаи болотар Саргурд
Дараҷаи пойинтар Таҳморо
Ҳамто

Сарвон (форсӣ: سروان‎) — дараҷае афсарӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз таҳморо ва пойинтар аз саргурд дорад ва баробар бо новсарвон дар нерӯи дарёӣ аст[2].

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи пойинтар:
Таҳморо

Сарвон
Дараҷаи болотар:
Саргурд

Мақоми созмонии сарвон дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан фармондеҳи вашт (гурӯҳон[3], рота[4]) аст, ки он ягони тактикиест, ки аз ду ё бештар таҳм ташкил шуда ва бахше аз гурдон ё ягоне мустақил аст.

«Сарвон» ба маънои «саркарда, сардор»[5] аз як вожа ва як пасванд сохта шудааст: сар (форсӣ: سر‎ < порсии миёна: sar- < порсии бостон: sarah-) + -вон (форсӣ: وان-‎ < порсии миёна: -vān < паҳлавӣ: pāna-нигаҳбон, посбон’ < эронии бостон: *√pā-поидан, нигаҳбонӣ кардан’ + -van[6]), ки гунае дигар аз пасванди «-бон» аст, ки ба исм афзуда мешавад ва умуман маънии «нигаҳбон»-ро мерасонад[7]. Мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (сар-) + пасванд (-вон)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст.

Сарвон ҳамчун мақоми фармондеҳӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550330 то милод) падид омадаву садабад (порсии бостон: *θata-pati-) ном дошт, ки фармондеҳи сада (порсии бостон: *θata-) буд[8]. Ҳар сада аз 10 даҳа (порсии бостон: *daθa-) ташкил мешуд ва 100 сарбозро дар бар мегирифт.

Сада дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод224 милодӣ), ки созмони радабандии даҳдаҳии сипоҳи Ҳахоманишиёнро ба кор гирифта буд[9], васт (паҳлавӣ: wast) ном гирифта ва фармондеҳи он васт-солор (паҳлавӣ: wast-sālār) хонда мешуд[10].

Дар сипоҳи Сосониён (224651 милодӣ) низ ҳамин радабандӣ ба кор мерафта, вале ин ягон вашт (порсии миёна: wašt) хонда мешудаву 500 сарбозро дар бар мегирифта ва фармондеҳаш вашт-солор (порсии миёна: wašt-sālār) номида мешудааст[11].

Дар сипоҳи аморати Бухоро фармондеҳи даста, ки 100 сарбозро дар бар мегирифт, юзбошӣ (форсӣ: یوزباشی‎ < туркӣ: jüzbaši «сардори сад лашкарӣ») номида мешуд[12]. Ин мансаб дар сипоҳи Эрон дар замони подшоҳии дудмонҳои Сафавӣ, Афшор, Занд ва Қоҷор низ вуҷуд дошт ва дар солҳои поёнии подшоҳии Қоҷориён дар паи ислоҳоти низомӣ ба рутба табдил ёфт ва султон (ар. سلطان‎) номида шуд. Ин рутба 25 майи соли 1935 бо таъйиду тасвиби Фарҳангистони забон бо дараҷаи низомии «сарвон» ҷойгузин шуд[13].

Ҳамакнун «сарвон» дар Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дараҷае баробар бо «капитан» (аз фр. capitaine < лот. capitaneus «сардор, саркарда») дар Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст[14], ки 22 сентябри соли 1935 дар Нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ ҷорӣ шуда буд.

Ному нишони сарвон дар нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои ҷаҳон

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Алиев Г. Г. канд. филол. наук. Персидско-русский и русско-персидский военный словарь / Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. — М.: Воениздат, 1972. — С. 171; 428. — 655 с. — 3 500 экз.
  2. Сипаҳбад Муҳаммад Козимӣ. Фарҳанги вожаҳои низомӣ. – Теҳрон: Чопхонаи Артиши шоҳаншоҳӣ, 1355 (чопи дувум) – 440 саҳ. — с. 198
  3. Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392.. 5 Январ 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2018.
  4. Коллектив авторов. Том 7, статья «Рота» // Военная энциклопедия / Под ред. П.В. Грачёв. — М.: Воениздат, 2003. — С. 282-283. — 735 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-001874-X.
  5. Деҳхудо, Алиакбар. Луғатномаи Деҳхудо (нусхаи диҷитол) бар асоси нусхаи физикии 15-ҷилдии интишори соли 1377. — Муассисаи Луғатномаи Деҳхудо ва Маркази байнулмилалии омӯзиши забони форсии Донишгоҳи Теҳрон, 1399.
  6. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1383. ISBN 978-600-6143-57-6. ҷ. 3, с. 1728—1729.
  7. Таботабоӣ, Алоъуддин. Фарҳанги тавсифии дастури забони форсӣ. – Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1395. – 640 с. – 116. ISBN 978-600-105-121-0.
  8. W. Hinz, Altiranisches Sprachgut der Nebenüberlieferungen, Wiesbaden, 1975, p. 87
  9. Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
  10. Farrokh, Kaveh. Sassanian Elite Cavalry AD 224-642. Oxford: Osprey, 2005. ISBN 1841767131. — с. 6—7. 5 Январ 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 сентябри 2021.
  11. Kaveh Farrokh, Gholamreza Karamian, Katarzyna Maksymiuk. A Synopsis of Sasanian Military Organization and Combat Units, Siedlce-Tehran 2018. — ISBN 978-83-62447-22-0. — c. 13
  12. Троицкая А. Л. Военное дело в Бухаре в первой половине XIX в. // Труды АН Тадж. ССР. Т. 17. с. 213
  13. Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314—1320 ҳ.ш.) // Ганҷинаи аснод. — саҳ. 38. 13 июли 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 апрели 2018.
  14. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»
  15. Defense Logistics Agency. Insignia, Rank, Lieutenant, U.S. Navy and Captain, U.S. Marine Corps. Quick Search Assist. Building 4/D, 700 Robbins Avenue, Philadelphia, PA 19111-5094: DLA Document Services (27 May 2016). 19 май 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 май 2022.